Маҳфили навбатии “Дар суҳбати адиб” бо Равшани Махсумзод
Маҳфили навбатии “Дар суҳбати адиб”-и шуъбаи адабиёти кўдакон ва наврасони Китобхона ва телевизиони кўдакону наврасон «Баҳористон» бо иштироки нависанда, дорандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, муовини Раиси Иттифқи нависандагони Тоҷикистон Равшани Махсумзод доир шуд.
Ҷалолуддин Нурзода – муовини директори Китобхонаи миллӣ дар сухани ифтитоҳии худ меҳмони маҳфил Равшани Махсумзодро ба ҳозирин шинос кард ва аз тарҷумаи ҳолу китобҳои ӯ нақл намуд. Муовини директори Китобхонаи миллӣ иброз дошт, ки вақте асарҳои ин нависандаи барҷастаро мутолиа менамоед, соҳиби маърифти боло мешавед. Равшани Махсумзод аз рӯзноманигорӣ то нависандагӣ як роҳи пурпечутоби эҷодиро тай карда ва имрӯз ба сатҳи як нависандаи комил ва пурхонанда расидааст.
Ҷалолуддин Нурзода насли наврас ва навқаламонро даъват намуд, то машваратҳои ин адиби хушномро барои такмилу таҳрир ва пешрафти эҷодашон мавриди корбурд қарор бидиҳанд
Баъдан адиби шинохта доир ба паҳлуҳои рўзгору эҷодаш ба наврасону кормандони Китобхонаи миллӣ қисса кард.
Сипас, дар маҳфил ҳикояи нави нависанда «Кафшергар» таҳлил гардида, хонандагон паҳлуҳои норушани ин ҳикояро мавриди баррасӣ қарор доданд. Миёни нависанда ва хонандагони осораш табодули афкор сурат гирифт. Хонандагон бештар дар бораи лаҳзаҳои хотирмони адиб, аввалин ҳикояи ӯ, устодаш дар рӯзноманигорӣ ва дар нависандагӣ ва ғайра пурсиданд.
Дар навбати худ нависанда аз хотироти айёми мактабхонӣ ба ҳаводорони хурдсолаш қиссаҳо намуд. Вай аз ҷумла гуфт:
– Вақти бозӣ агар муаллимамонро медидем, кўшиш мекардем аз бозӣ бозистем ё аз устод пинҳон мешудем. Ва ё боадабона роҳро боз мекардем, ки устод гузарад. Зеро муаллим он давраҳо шахсият буд. Яке аз шахсиятҳои асосие, ки дар деҳа эҳтироми баланд дошт, муаллим буд. Пешвои миллат, Президенти кишварамон дар Паёми худ ба парлумон ва мардуми кишвар ба масъалаи мактаб ва мақоми илм бисёр суханҳо гуфтанд. Умуман дар ҳар Паёмашон масъалаи мактабу маорифро дар мадди аввал мегузоранд.
Равшани Махсумзод иброз дошт, ки дар ин макони илму фан на танҳо китоб мехонанду китоб мегиранд, ҳамзамон нишасту маҳфилҳои зиёде баргузор мегарданд ва хуб аст, ки мо дар иҳотаи китобу кохи муқаддас имрўз суҳбат дорем.
Ба андешаи Равшани Махсумзод ин суҳбат барояш бисёр муҳим аст, зеро барои адиб ҷолиб аст, ки хонандагон ба асаре, ки ў менависад, чӣ гуна баҳо медиҳад. Аз мунаққид дида, бештар хонанда воқеӣ баҳои сазовор медиҳад, яъне беҳтарин хонанда беҳтарин мунаққид аст. Мехоҳам суҳбати мо суҳбати дутарафа бошад, яъне ба саволи шумо ҷавоб медиҳам ҳамчунин дар бораи асарҳое, ки шумо хондед, фикрҳоятонро баён созед, гуфт ў. Ба хонандагони асарҳои ин нависанда қиссаву ҳикоёташ бо номҳои «Арзи дил», «Қалами шинос», «Духтари кўҳистон», «Сояи ишқ», «Кафан киса надорад», «Дили модар» «Ишқи зистан» ошноянд. «Кафшергарон» китоби тозаи адиб аст, ки соли 2023 рўи нашр омадааст.
Равшани Махсумзод соли 1963 дар ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё ба дунё омада, соли 1990 факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинградро хатм намудааст. Заҳматҳояш бо Ифтихорномаи «Шўрои Олиии СССР», Нишони «Сухан», ордени «Шараф ва мардонагӣ», Медали «Шуҷоат» ва ғайра қадрдонӣ гардидаанд.
Раҳима Аъзам,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа