Маҳфили навбатии «Фурӯғ” бо ширкати Ҳафиз Раҳмон доир шуд

Ҳафиз РаҳмонДар маҳфили “Фурӯғ”-и шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ ин навбат аз низомномаи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар соли 2025 ва тағйиру иловаҳо ба он сухан гуфта, онро мавриди баррасӣ қарор доданд. Гуфта шуд ки имсол дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” номинаи эҷоди назму наср аз миён бардошта шуд, чун ба мақсаду талаботи озмун ва тарзи баргузории он мувофиқат намекард.

Дирӯз шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ маҳфили “Фурӯғ”-ро бо иштироки як гурӯҳ хонандагони фаъоли шуъба баргузор кард. Дар маҳфил Ҳафиз Раҳмон адабиётшинос, публитсист, яке аз донандагони хуби адабиёти ҷаҳон, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, яке аз фаъолтарин ҳакамои озмуни ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, андешаҳои худро дар робита ба озмуни имсола ва солҳои қаблӣ иброз дошт. Дар ифтитоҳи маҳфил адиби бачаҳо Азизи Азиз доир ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” дар соли 2025 ва чанд тағйироти иловагардида ба низомномаи он суханрони кард.

Имсол озмун аз рӯйи чор номинатсия баргузор мешавад:

адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ;

— адабиёти классикии тоҷик;

— адабиёти муосири тоҷик;

— адабиёти ҷаҳон – гуфт Азизи Азиз.

Ҳафиз Раҳмон дар идома ба иштирокдорон таъкид кард, ки адабиётро маҷбурӣ набояд хонд. Мо рӯйхатро тартиб додем ва хонанда аз он миён ҳар чизе ба завқаш мувофиқ бошад мехонад ва ба муҳтавои асар ошно мегардад. Бисёр довталабон мутолиаи адабиёти ҷаҳонро аз асарҳои реалистӣ шуруъ мекунанд ва дуруст ҳам мекунанд. Чун барои дар намондан дар дарки асарҳо бояд ҷараёни тулонии андешаро аз сар гузаронд ва ин танҳо бо роҳи мутолиаи пайваста ҳосил мегардад.

Маҳфил ба тариқи суолу ҷавобҳо идома ёфт. Меҳмони маҳфил аъзои ҳакамони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” Ҳафиз Раҳмон ба суолҳои иштирокдорон посух гуфта, хотирасон намуд, ки тибқи низомнома дар даври чоруми Озмун довталаб шарҳи ҳоли мухтасари худ, рӯйхати асарҳои хонда ва азбаркарда (номи шеъри азёдкардашуда ва номгӯйи асарҳои насрии мутолиакардаашро бо зикри номи муаллиф) ба комиссияи Озмун дар се нусха ба таври ҳатмӣ дар шакли хаттӣ ва электронӣ пешниҳод менамояд. Зикри маълумоти зиёдатӣ, аз ҷумла мазмуни мухтасари асар, қаҳрамонони он, шакли пурраи шеъру ғазалу достон шарт нест.

Дар интиҳо аз масъалаи тарғиби китобу китобхонӣ дар минтақаҳо сухан гуфта, андешаҳои гуногун баён доштанд. Ҳафиз Раҳмон ҳамчун довари озмун дар шаш соли баргузорӣ бар он назар аст, ки ташфиқ ба китобхонӣ дар маҳаллҳо махсусан қисмати ҷануби кишвар, минтақаи Рашт, баъзе навоҳии дурдасти вилоятҳои Суғду Бадахшон ва қисмати Бохтар хеле заиф аст.

Азизи Азиз, адиби бачаҳо мегӯяд, дар номинатсияи адабиёти бачаҳо довталабоне буданд, ки бо 30 асар то даври ниҳоӣ расидаанд.   Аммо баръакси ин ҳолат мо бо дафтари довталабе вохӯрдем, ки зиёда аз 400 асар хондааст ва ин ҳолат хеле хушоянд аст.

Бояд қайд кард, ки озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолӣ доир мегардад.

Китобхонаи миллӣ ҳамчун яке аз масъулони асосии  баргузории даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҳамчунин баҳри тарғиби китобу китобхонӣ ҳамеша талош мекунад. Маҳфили “Фурӯғ” ки ҳар ҳафта дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии телевизиони кӯдакону наврасон  “Баҳористон” доир мегардад, далели гуфтаҳои болост.

Хоҳишмандон метавонанд ҷараёни барномаи “Фурӯғ”-ро тариқи телевизиони Баҳористон тамошо кунанд.

Наргис Назарзода