Маҳфили “Панҷ истеъдод”- дарёфти истеъдодҳои тоза

Дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фароғати кудакону наврасон лоиҳаи ҷадиде ба фаъолият оғоз кард. Ин маҳфил “Панҷ истеъдод” унвон дошта, дар он кӯдакону наврасон аз шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон иштирок намуданд.
Сардори шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон Фароғат Толибова бо сухани ифтитоҳӣ баромад карда иштирокчиён ва тамошобинони маҳфилро хайрамақдам гуфт.

Сипас ровии маҳфил – иштирокчии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст…” Шамсиддинова Нурбону бачагонро бо шартҳои маҳфил ошно сохт. Баҳри шавқовар ва ҳавасмандгардонии бачагон иштирокдорон ба ду тим ҷудо шуданд. Тими аввал САПЕДА ва тими дигар ПАДИДА.

Таъсисдиҳандагони ин маҳфил тасмим гирифтаанд, ки аз байни хонандагон истеъдодҳои навро дарёбанд. ин панҷ истеъдод
1) истеъдоди расмкашӣ 2) истеъдоди ровигӣ 3) истеъдоди навозандагӣ 4) истеъдоди тақлидкорӣ 5) озод- рақсидан, кадбонугӣ, дӯзандагӣ ва ғайра дошта бошанд.
Аз рӯйи шарти якум “Расмкашӣ”намояндагони ҳарду тим ҳам нақши кабутари сулҳро хеле зебо тасвир карда бошанд ҳам, аз рӯйи натиҷаи овоздиҳӣ Зӯҳро аз тими САПЕДА дастболо гашт.
Шарти дуюми маҳфил ҳунари ровӣ буданро талаб мекард ва дар ин намуд Руъё аз тими ПАДИДА бо саломномаи пур аз меҳр дили шунавандагонро об сохт.

Дар сабқати шарти сеюм ҳунару истеъдоди навозиши ин ё он асбоби мусиқӣ дар назар буда, дар он Ёсин аз дастаи САПЕДА бо навозиш ва сароидани суруд ҳозиринро тасхир намуд.
Дар шарти чорум Муҳаммад аз дастаи ПАДИДА бо қироати порчае аз “Достони Ғалабаи Таня“-и Абулқосим Лоҳутӣ дастболо гашт.
Ниҳоят дар шарти охир, ки намоиши дилхоҳ истеъдод буд, гулдухтаракон бо рақсҳои мафтункунандаи худ ба маҳфил шукӯҳу таровати хосае бахшиданд. дар ин ҳолат интихоби ғолиб осон набуд, аммо ҳисоби овозҳо ба фоидаи Асмоа аз тими САПЕДА буд.

Дар тули рақсидани иштирокдорони маҳфили Панҷ истеъдод боз як иштирокчие падид омад, ки ба хурдакак буданаш нигоҳ накарда, ба ҳозирин ҳунари кадбону буданашро нишон дод. Хурдакак дар як муддати хеле кӯтоҳ як тақсимча хуриши болаззат омода намуда, пешкаши ҳамагон сохт. Ӯ маҳсулоти барои хуриш лозимаро обҷӯш намуда, бо худ ба маҳфил оварда буду оромакак менишаст. Дар охир ҷуръат пайдо карда, аз корманди шуъба иҷозати иштирок дар маҳфил намуд, ки шоистаи таҳсин аст. Аҳсан ба ин кадбонуи шуҷоъ!

Дар фарҷом ғолибону иштирокдорон бо туҳфаҳои рамзӣ ва хотиравӣ қадрдонӣ гаштанд. Ҳадаф аз баргузории чунин маҳфилҳо дарёфти истеъдодҳои нави бачагон буда, дар рушди маҳорати суханварӣ, баланд бардоштани шавқу завқи хонандагон ба мутолиа ва эҷодкорӣ равона карда шудааст.
Махфират МУҲИДИНОВА,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа