Маҳфили «Панҷ истеъдод» – муаррифгари лаёқат ва истеъдоди наврасон

Ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ,
Даркушоӣ кунӣ, на дарбандӣ
.

6 – уми августи соли 2026 дар шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили навбатии «Панҷ истеъдод» бо мақсади дарёфт, муаррифӣ ва рушди қобилияту истеъдодҳои наврасон баргузор гардид.

Маҳфилро хонандаи фаъоли китобхона ва иштирокчии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Нурбону Шамсиддинова оғоз намуда, пас аз хайрамақдам суханро ба мудири шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон Фароғат Давлатзода вогузор кард.

Фароғат Давлатзода зимни суханронии худ иброз дошт, ки баргузории маҳфили мазкур дар доираи силсилачорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, ҳадафи асосии он дарёфт, дастгирӣ ва рушди истеъдодҳои наврас, инчунин ҷалби бештари онҳо ба мутолиаи китоб ва фаъолияти фарҳангӣ мебошад.

Дар маҳфил хонандагони фаъоли шуъба, кормандони Китобхонаи миллӣ ва меҳмони вижа – адиби кӯдакон ва тарҷумони адабиёти кӯдакона аз Ҷумҳурии Башқирдистони Федератсияи Русия Сафаралӣ Раҷабов иштирок намуданд.

Дар ҷараёни маҳфил иштирокчиён ба ҳайати ду даста – «Ваҳдат» ва «Истиқлол» ҷудо шуда, аз рӯйи панҷ номинатсия: «Расмкашӣ», «Ровигӣ», «Навозандагӣ», «Тақлидкорӣ» ва «Ҳунарҳои озод» бо ҳам рақобат карданд.

Маҳорати иштирокчиён аз ҷониби тамошобинон, ки аз ҳисоби кормандон ва хонандагони наврас иборат буданд, баъди анҷоми ҳар як шарт тавассути овоздиҳӣ баҳогузорӣ гардид. Дар натиҷа, дастаи «Истиқлол» дар бахшҳои «Ровигӣ» ва «Расмкашӣ» пирӯз шуда, дастаи «Ваҳдат» дар бахшҳои «Навозандагӣ», «Тақлидкорӣ» ва «Ҳунарҳои озод» бартарӣ нишон дод. Бо ҳисоби умумии 3:2 дастаи «Ваҳдат» ғолиби маҳфили навбатии «Панҷ истеъдод» дониста шуд.

Дар анҷоми маҳфил ҳамаи иштирокчиёни фаъол бо туҳфаҳои хотиравии Китобхонаи миллӣ қадрдонӣ гардиданд.

Дар қисмати фарҳангии маҳфил меҳмони чорабинӣ Сафаралӣ Раҷабов аз ашъори худ намунаҳо қироат намуда, инчунин чанд нусха аз китобҳои тозанашри худро ба фонди шуъба тақдим кард.

Маҳфили «Панҷ истеъдод» ҳамчун як минбари созандаи дарёфт, муаррифӣ ва парвариши истеъдодҳои наврасон аҳаммияти хос дошта, барои рушди қобилиятҳои эҷодӣ, таҳкими ҷаҳонбинӣ ва ҷалби насли наврас ба мутолиа ва фаъолиятҳои фарҳангӣ мусоидат мекунад. Шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон минбаъд низ баргузории чунин маҳфилҳоро идома дода, аз ҳамаи наврасони соҳибистеъдод даъват ба амал меорад, ки бо иштирок дар ин чорабиниҳо қобилияту маҳорати худро муаррифӣ намоянд.

Инобат Бобоева

мутахассиси бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.