Маҳфили “Панҷаи ҳунар” бо хурдакакони шуъбаи кӯдакон
Шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”–и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон маҳфили ҳамешагии “Панҷаи ҳунар”‘–ро бахшида ба ҷашни Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир намуд, ки дар он хонандагони хурдсоли шуъба иштирок намуданд.
Кормандони шуъбаи мазкур ба иштирокдорони маҳфил аввал дар бораи Парчам ҳамчун муқаддастони миллӣ маълумот дода, онҳоро бо рангҳои Парчами давлатӣ шинос намуданд.
Ба онҳо фаҳмонданд, ки ҳар як ранги Парчам сурх, сафед ва сабз рамзҳои худро дошта, он ҳамчун матоъи муқаддас ва соҳибэҳтиром дар назди биноҳои давлатӣ ва коргоҳу корхонаҳо ҳамчун нишони соҳибдавлатӣ гузошта мешавад.
Сипас, хонандагон бо истифода аз коғазҳои ранга ба сохтани Парчам шурӯъ намуданд. Онҳо ҳар яке бо шавқу завқ рангҳои парчамро омода карда, ҳамчунин шеърҳо низ қироат намуданд.
Дар идома онҳо ҳар яке парчами давлатии Тоҷикистони азизро сохта, ҳунари худро нишон доданд.
Бояд гуфт, ки маҳфили мазкур ҳафтае як мартиба баргузор гардида, ҳадаф аз он бедор намудани завқи зебоипарастии кӯдакон ва роҳнамоии онҳо ба олами зебои ҳунару ҳунармандӣ мебошад.
Абдуғаюр Саломов,
шуъбаи тарғиб ва
барномаҳои фарҳангӣ