Маҳфили «Панҷаи ҳунар» бо иштироки хонандагони шуъбаи кӯдакон баргузор гардид

Дар шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили навбатии «Панҷаи ҳунар» таҳти унвони «Кӯдакон дар таътили тобистона» баргузор гардид, ки дар он хонандагони доимии шуъба иштирок намуданд.
Дар оғози маҳфил кормандони шуъба бо иштирокдорон оид ба аҳаммияти таътили тобистона ва роҳҳои самаранок истифода бурдани он суҳбат намуда, таъкид карданд, ки гузаронидани таътили пурсамар барои рушди маънавӣ, зеҳнӣ ва эҷодии кӯдакон заминаи мусоид фароҳам меорад. Зикр гардид, ки маҳорату малакаҳое, ки кӯдакон дар чунин маҳфилҳо аз худ мекунанд, метавонанд дар интихоби касб ва рушди қобилиятҳои эҷодии онҳо дар оянда нақши муҳим дошта бошанд.
Сипас иштирокдорон бо истифода аз коғазҳои сафед ва қаламҳои ранга лаҳзаҳои хотирмони таътили тобистонаи худро тасвир карданд. Ҳар яке бо завқу шавқи хос тасаввуроти худро рӯи коғаз инъикос намуда, маҳорати эҷодии худро нишон дод.

Дар анҷоми маҳфил иштирокдорон расмҳои худро ба намоиш гузошта, дар бораи мазмун ва ғояи онҳо маълумот пешниҳод карданд.
Ёдовар мешавем, ки маҳфили «Панҷаи ҳунар» ҳар ҳафта баргузор гардида, ҳадафи он бедор намудани завқи зебоипарастӣ, рушди қобилияти эҷодӣ ва ҷалби кӯдакон ба олами ҳунару ҳунармандӣ мебошад.
Чунонки гуфтаанд:
Ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ,
Даркушоӣ кунӣ, на дарбандӣ.
Инобат Бобоева,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.