Маҳфили “Панҷаи ҳунар” дар мавсими таътили кӯдакон

Панҷаи ҳунарШуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон маҳфили ҳамешагии “Панҷаи ҳунар”‘-ро доир намуд, ки дар он хонандагони хурдсоли шуъба иштирок намуданд.

Ин навбат иштирокдорон бо истифода аз коғазҳои ранга “Дастагул” сохтанд, ки барояшон бисёр ҷолиб буд. Дар ҷараёни маҳфил хонандагон аввал ба “Дастагул”-и сохташудаи ташкилкунандагон нигоҳ карда, аз рӯи он гулдастаи худро сохтанд.

Бояд гуфт, маҳфили мазкур ҳафтае як маротиба баргузор мегардад. Ҳадафи он дар замири кӯдакону наврасон бедор намудани завқи зебоипарастӣ буда, бо ин роҳ ба онҳо омӯзондани ҳунари нав мебошад.

Шаҳноза Даниёрова – сардори шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон мегӯяд, ташкили чунин маҳфилҳо аъзоёни доимии шуъбаи моро зиёд карда, ҳамчунин барои бедор шудани завқи онҳо саҳми босазо мегузорад.

Шаҳноза Дониёрова ҳамчунин афзуд: ҳоло ки таътили тобистонаи хонандагон аст, онҳо бештар ба Китобхонаи меоянд ва мо мехоҳем, таътили онҳо ҷолиб ва хотирмон гардад.

Наргис Назарзода