Маҳфили телевизионии “Фурӯғ”. “Нақши Пешвои миллат дар дастовардҳои Ваҳдати миллӣ”

Дар ҳошияи Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ барномаи телевизионии “Фурӯғ” таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар дастовардҳои Ваҳдати миллӣ” баргузор гардид. Ногуфта намонад, ки ин маҳфили телевизионӣ дар ҳамкорӣ бо Телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” ба роҳ монда шуда, моҳе як маротиба доир мегардад.

Маҳфили навбатии “Фурӯғ” бо иштироки хонандагони фаъоли шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон, довталабони Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва фарҳангшиноси шинохта, муҳаррири радиои “Фарҳанг” Акрамзода Убайдулло ба ифтихори бузургдошти 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар дастовардҳои Ваҳдати миллӣ”-ро мавриди баррасӣ қарор дод.

Ровӣ–Нозанини Шуҳрат иштирокдорони маҳфил ва тамошобинонашро бо ҷашни муқаддаси миллӣ – Рӯзи Ваҳдати миллӣ шодбош гуфта, бо мисраҳои зебои шеърӣ ба маҳфил ҳусни тозаи ифтихор аз Ватану миллат зам кард.

“Баргу сози коинот аз Ваҳдат аст,

Андар ин олам ҳаёт аз Ваҳдат аст.”

Гул ба гул бо ҳам гулистон гаштаанд,

Рӯи хандону нишот аз ваҳдат аст.

Сипас сухан аз Ватану Ваҳдати миллии халқу Ватанамон гуфта, бо суоли Ваҳдат чист? яъне маънои калимаи ваҳдат чист гӯён, иштирокдорони маҳфилро ба андешаронӣ водор кард. Суҳбат зуд қӯр мегирифту доираи мавзӯи суҳбат бомаром васеъ мегашт.

Ваҳдат аз нигоҳи кӯдакону наврасон чист? Бачагон онро чи гуна мефаҳманд? Барояшон вожаи Ваҳдат то чӣ андоза ва кадом ангезаро мебахшад? Ҳар яке Ваҳдатро ба қадри тавону фаҳмиши худ маънидод кунад ҳам, натиҷа ҳамин буд, ки Ваҳдат дӯстӣ, рафоқату пояндагии ҳамешагӣ мебошад. Барои баъзеҳо агар тозагиву озодагии кӯчаву хиёбонҳои шаҳр бозгӯи ваҳдат бошад, барои баъзеи дигар худи баргузории ҳамин гуна маҳфилу нишастҳо алакай ваҳдат аст, зеро ваҳдат аз сулҳу субот ва сулҳу оромӣ ва шукуфоии Ватан аз Ваҳдат сарчашма мегиранд.

Ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ва таҳкими сулҳу субот дар давлатдории миллӣ ва инчунин баҳри рушд ва пешрафту пояндагии Ваҳдат чӣ бояд кард барин суолҳо мавриди таҳлилу баррасӣ гардиданд.

Гуфтан ҷоиз аст, ки иштирокчиёни маҳфил бештар ба суоли баҳри рушд ва пешрафту пояндагии Ваҳдат чӣ бояд кард кунҷковона назар мекарданд. Ва ин аст, ки аз фарҳангшиноси шинохта – Убайдулло Акрамзода посух ба ин суолро интизор доштанд.

Дар посух ба ин суол муҳаррири радиои “Фарҳанг” ба иштирокдорони маҳфил оид ба  дастовардҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саъю кӯшиш ва ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дод.  Зимни суҳбат Убайдулло Акрамзода аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки Ватани азизи худ Тоҷикистони соҳибистиқлолро гиромӣ доранд, эҳтиром намоянду дӯст доранд. Чун Лоиқи бузургвор фармудааст:

Ёрон ҳама ҷо вале Ватан дар як ҷост,

Ҳар санги Ватан ба мисли ҳайкал зебост.

Олам ҳама ҷо азиз, лекин бар ман

Модар яктост, Тоҷикистон яктост.

Убайдулло Акрамзода иброз дошт, ки агар мо аз дастовардҳои фарҳангии Тоҷикистон ба мисли ҷаҳонӣ шудани Шашмақом, ҷаҳонишавии Наврӯз ва дигар дастовардҳо сухан кунем, соатҳо лозим аст. Аммо як нуқтаи бисёр муҳимро қайд намудан зарур аст, ки беҳтарину наҷибтарин иқдом дар роҳи ватансозиву якдилӣ ва арҷгузорӣ ба халқу Ватан аст. Ин ҳам бошад хоки турбати се нафар фарзанди фарзонаи миллат – Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шотемур ва Нисор Муҳаммадро ба Ватан овардани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар ин боб Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ фармудааст:

Ба ибрат зи пешиниён ёд кун,

Дил аз ёди пешиниён шод кун.

Бояд қайд намуд, маҳфил дар фазои гарму самимӣ ҷараён гирифта, ба иштирокдорон  баҳри дарки худшиносии миллӣ ва таҳкими Ваҳдати миллӣ мусоидат намуд.

Хоҳишмандон ҷараёни ин маҳфили пурмуҳтаворо метавонанд рӯзҳои наздик аз Телевизиони “Баҳористон” тамошо кунанд.

Муҳидинова Махфират,

бахши иттилоот ва робита бо ҷомеа