Маҳфили “Тоҷикшиносӣ”: Нақши сиккаҳо дар шинохти давлати Сомониён
Профессор Абдувалӣ Шарифзода аз таърихи баромади аввалин сиккаҳо ва сикказанӣ дар замони Ҳахоманишиҳо то Тоҳириёну Саффориҳо ва Сосониёну Сомониён ҳарф зада, атрофи таърихи таҳқиқи сиккаҳои сомонӣ дар ҷаҳон, аҳаммияти ҷаҳонии сиккаҳои сомонӣ, нақши сиккаҳо дар шинотихти давлати Сомониён, топографияи сиккаҳои сомонӣ инчунин ҷойгоҳи ин сиккаҳо дар таҳкими ҳувияти миллӣ ибрози назар намуд.
Имрӯз бо ташаббуси Маркази “Тоҷикшиносӣ” – и Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфил таҳти унвони “Нақши сиккаҳо дар шинохти давлати Сомониён” доир гардид, ки дар он олимон, муҳаққиқон, коршиносон ва кормандони Китобхонаи миллӣ иштирок намуданд.
Чорабиниро директори Китобхонаи миллӣ, профессор Ҷумахон Файзализода оғоз намуда, доир ба маҳфили “Тоҷикшиносӣ” ва мавзуи чорабинии имрӯза сухан ронд.
Профессор Файзализода афзуд, ки Маркази “Тоҷикшиносӣ” дар баробари китобҳое, ки аз силсилаи “Тоҷнома”: Тоҷикон дар масири тамаддун” омода мекунад, боз як иқдоми хуби дигар- ин баргузории силсиламаҳфилҳои “Тоҷикшиносӣ”-ро беш гирифтааст, ки шоистаи таҳсин аст. Ҳадаф аз баргузории ин маҳфил муаррифии манбаъҳои боэътибори илмӣ ва тарғиби шоистаи дастовардҳои назарраси замони соҳибистиқлолӣ дар самти боло бурдан дониш ва маърифати ҷомеа мебошад.
Ровии маҳфил шоири маъруф Хайрандеш дар оғоз аз нақш ва мақоми маркази “Тоҷикшиносӣ” – и Китобхонаи миллӣ ва зарурати фаъолияти ин марказ ва самти фаъолияти он ҳарф зад. Вай аз ҷумла гуфт: Мавзуҳое, ки дар доираи ин маҳфил таҳлилу баррасӣ мешаванд, дар бедории маънавии миллӣ, хештаншиносиву худогоҳии миллӣ ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, хусусан барои ҷавонон амри зарурӣ ва саривақтист.
Ҳамзамон Маркази “Тоҷикшиносӣ” аз ташкили канали “YouTube” хабар дод, ки қарор аст кулли маводи видеоии маҳфилҳои баргузоршудаву оянда доирмешуда дар он гузошта хоҳад шуд.
Абдувалӣ Шарифзода номзади илмҳои таърих, профессор дар мавзуи “Нақши сиккаҳо дар шинохти давлати Сомониён” маъруза кард. Ин донишманди тоҷик аз таърихи баромади аввалин сиккаҳо ва сикказанӣ дар замони Ҳахоманишиҳо то Тоҳириёну Саффориҳо ва Сосониёну Сомониён ҳарф зада, атрофи таърихи таҳқиқи сиккаҳои сомонӣ дар ҷаҳон, аҳаммияти ҷаҳонии сиккаҳои сомонӣ, нақши сиккаҳо дар шинотихти давлати Сомониён, топографияи сиккаҳои сомонӣ инчунин ҷойгоҳи ин сиккаҳо дар таҳкими ҳувияти миллӣ ибрози назар намуд.
Ҳамчунин зикр кард, ки аз ниёгону гузаштагони мо Дориюши Кабир буд, ки аввалин шуда дар замони салтанати худ баровардани сиккаҳоро ҷорӣ намуд. Ҷиҳати дигари маърузаи Абдувалӣ Шарифзода ин масъалаи баҳсбарангез дар шинохти сиккаҳои замони Сосонӣ буд, ки номбурда ин нуктаро низ бисёр хуб таҳлилу барассӣ намуд.
Масъалаи аз ҳама баҳсбарангез дар ин самт яъне сикказанӣ ин масъалаи вожаҳои истифодашуда аст, ки қисмати зиёди онҳо то имрӯз истифода мешаванд. Аз ҷумла дирам, динор, мех, мехҳои деворӣ ва монанди инҳо ки ин масъаларо Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” бисёр бомаҳорат бандубаст кардааст- гуфт профессор Абдувалӣ Шарифзода.
Баъди зуҳури ислом ва паҳн гардидани он дар ҳудуди мамлакатҳо дар зарробхонаҳо дар сикказанӣ тағйироти ҷиддие ворид нагардид, чун дар сиккаҳое, ки дар ҳудуди Кӯлоби имрӯза пайдо намуданд, тасвири мавҷудоти зинда дида мешуд. Аммо дар таҳқиқ олимону пажуҳишгарон сиккаҳои замони Исмоилӣ Сомониро бо як фарқияти бузург тавонистанд аз дигар сиккаҳо ҷудо намоянд. Дар замони шоҳ Исмоили Сомонӣ сиккаҳо, ки бо номи динор паҳн мешуданд асосанд бо номи Исмоили Сомонӣ ва халифаи араб бароварда мешуданд ва дар рӯи онҳо ягон расми мавҷудоти зинда тасвир намешуд.
Атрофи маърузаи Абдувалӣ Шарифзода дар анҷом баҳсу мунозираҳо миёни иштирокдорон ва меҳмони маҳфил сурат гирифта, ҳозирин ба суолҳои худ аз мутахассис посухҳои амиқ гирифтанд.
Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тадбиқи сиёсати фарҳангии давлату ҳукумат ва тарғиби ҳамаҷонибаи китобу фаъолияти Китобхонаи миллӣ дар анҷом ба яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, рӯзноманигор Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ “Сипоснома” тақдим намуд.
Маҳфил бахши фарҳангӣ низ дошт, ки дастае аз навозандагону сарояндагон бо созу сурудҳои дилнишин хотиро ҷамъовадагонро шод карданд.
Наргис НАЗАРЗОДА