Маҳфили “Тоҷикшиносӣ”  зери унвони “Куруши  Кабир – Зулқарнайн”

ТоҷикшиносӣМаркази“Тоҷикшиносӣ”-и Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили “Куруши Бузург – Зулқарнайн” баргузор намуд. Дар ҳамоиш адабиётшиносон, устодон, кормандони Китобхонаи миллӣ ва донишҷӯён иштирок намуда, доир ба корнамоӣ, тамаддумофарӣ ва давлатдорию  дигар хислатҳои ҳамидаи Куруши Бузург андешаронӣ карданд.

Маҳфилро Шоири халқии Тоҷикистон Хайрандеш ҳусни оғоз бахшида меҳмононро хушомадед, гуфт.

Сипас, Салима Раҷабзода-муовини аввали директори Китобхонаи миллӣ  ба сухан баромада, қайд намуд, ки Куруши Кабир дар миёни шоҳаншоҳони аҳди қадим яке аз оқилтарин, боинсофтарин, одилтарин ва дурандештарин шоҳаншоҳ буд, ки тамаддунсозию давлатдорӣ ва хислатҳои ҳамидааш нуфузи оламгир ёфт. Куруши Кабир сиёсати оқилонаи давлатдориро пеш гирифта, эътиқоду ақоид ва дини миллатҳои ғайрро эҳтиром мегузошт. Ӯ ба ҳар кишваре, ки мерафт, худоёни мазҳабҳои мухталифро ба расмият мешинохт, худро ҷонишини қонунии подшоҳони бумӣ эълон медошт ва аз рӯйи расму русуми онҳо подшоҳиро мепазируфт.

Дар идомаи маҳфил директори нашриёти «Адиб» Раҳмоналӣ Мирализода дар мавзуи «Куруши Бузург — Зулқарнайн» суханронӣ карда, қайд намуд, ки Мавлоно Абулкаломи Озод тамоми сарчашмаҳои динӣ, таърихӣ ва адабиётро омӯхта, бо истифода аз маълумоти ҷамъовардааш ба хулосае омад, ки Куруши Кабир ҳамон ҳазрати Зулқарнайн аст, ки дар китоби муқаддаси мусалмонон — Қуръон оварда шудааст ва ин ҳамаро дар асари худ «Куруши Бузург — Зулқарнайн» ба тафсил навишааст.

«Куруши Кабир – Зулқарнайн» нахустин асари тадқиқотӣ-тафсириест, ки бар асоси иттилооти қуръонӣ, таърихӣ-бостоншиносӣ ва манҳаҷи илмии мантиқу қиёс шахсияти таърихӣ ва сираи маънавии Зулқарнайни мазкур дар Қуръони каримро ҳамаҷониба тафсир ва таҳлилу баррасӣ намуда, бо далелу бурҳонҳои қотеъ Зулқарнайни аслиро ба хонанда муаррифӣ менамояд. Китоб дарбаргирандаи пажӯҳишҳои илмии мутарҷими он Бостонии Поризӣ ва бахши тафсири сураи «Каҳф» аз тафсири Мавлоно Абулкаломи Озод бар Қуръони маҷид аст.

Маврид ба ёдоварист, ки китоби Абдулкаломи Озод “Куруши Кабир-Зулқарнайн” бо талоши донишманди тоҷик Раҳмоналӣ Мирализода аз форсӣ ба крилӣ баргардон ва то кунун ду маротиба рӯи чоп дидааст.

Зимни суханронии худ доктори илмҳои фалсафа Рамазон Назариев доир ба “Курушномаи”-и Ксенофонт изҳори назар кард ва иброз дошт, ки “Курушнома”-и Ксенофонт асарест, ки рўзгори сарлашкар ва шоҳаншоҳи Форсро тасвир мекунад. Ин асари шарҳиҳолӣ ва дастурномаи идорӣ ва роҳбарӣ таъбир мешавад ва дар бораи шахсияти Куруши Бузург маълумот медиҳад. Дар таърихи давлатдории мо тоҷикон хонадонҳои давлатсоз ва ҷавонмард, ки дар ҳимоя ва андешаи марзу бум буданд, арзи вуҷуд дошт ва ин анъана то кунун идома дорад. Бархе аз донишмандону таърихнигорон бар онанд, ки баъзе подшоҳоне паёмбар ҳам буданд. Аз ҷумла: назири Одам, Юсуф, Довуд, Сулаймон, Зулқарнайн (манзур аз Зулқарнайн Куруши Бузург аст) ва Муҳаммад (с).

Ҳамчунин, дар маҳфили «Тоҷикшиносӣ» сурудҳо аз ҷониби овозхонҳо дар васфи Ватан, Тоҷикистон иҷро гардид. Дар охир миёни иштирокчиён суолу ҷавобҳо сурат гирифт.

Ёдовар мешавем, ки Маркази «Тоҷикшиносӣ» баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ ва рушди фарҳанги миллӣ то имрӯз маротибаи ҳафтум аст, ки маҳфил мегузаронад ва дар он мавзуҳои гуногун оид ба таърих ва худшиносии миллӣ баррасӣ мегарданд. «Забони миллат – ҳастии миллат», «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва марҳилаҳои худшиносии тоҷикон», «Нақши сиккаҳо дар шинохти давлати Сомониён», «Ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва васоити электронии ахбор дар шароити ҷаҳонишавӣ», «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ ва таҳкими андешаи миллӣ»,  «Санъати ҳонасозии марудм ориёӣ – аз варҷамкати Ҷамшед то хонаҳои анъанавии тоҷикони Бадахшон» ва «Чакан – мероси шигарфи фарҳанг»- аз ҷумлаи мавзуъҳое, мебошанд, ки дар маҳфили “Тоҷикшиносӣ”  бо иштироки муҳақиқону коршиносон мавриди бараси қарор гирифтаанд.

Наргис НАЗАРЗОДА,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа.