Маҳфили зебои “Санъати тасвирӣ ва ҳунари рассомӣ”

Имрӯз дар Китобхонаи миллӣ маҳфили “Санъати тасвирӣ ва ҳунари рассомӣ” аз силсилаи Санъат ва ҳунар” барпо гашт. Дар меҳмонии маҳфил як гурӯҳ донишҷӯёни Муассисаи давлатии Колеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳим Олимов ва донишҷӯёни Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузур доштанд. Ногуфта намонад, ки хонандагони шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар ва кормандони Китобхонаи миллӣ низ дар маҳфил ширкат доштанд.

Толоре, ки маҳфил баргузор мегашт, аз ҷониби кормандони шуъбаи адабиёт доир ба санъат ва ҳунар бо овезаҳову намоиши китобҳои марбут ба мавзуи маҳфил оро дода шуда, меҳмонону иштирокдоронро ба оғӯши худ мехонд.

Ровии маҳфил – Чармензода Муҳаммадҳамагонро ба маҳфил хайрамақдам гуфта, маҳфилро оғоз бахшид. Ӯ дар мавзуи санъату ҳунар, бахусус санъати тасвирӣ ба ҳозирин маълумоти муфассал дода, сипас меҳмонони маҳфилро ба бошандагон муаррифӣ намуд.

Меҳмонон – донишҷӯёни Муассисаи давлатии Колеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳим Олимов – Муродова Зайнаб, Аминова Мадина ва Аҳмадова Шеруя паси миз нишаста саргарми кор буданд. Ҳар яке дар мавзуи писандидаи худ расм мекашиданд. Муродова Зайнаб тасвири худро “Деҳаи ман” ном додаву Аминова Мадина тасвираш “Се духтаракон “ унвон дошт. Аҳмадова Шеруя бо ёди ҳавлии бибиву бобояш тасвири “Хонаи бибиам”-ро манзури ҳозирин месохт.

Дар ин миён Басонат Шералиева, ки донишҷӯи Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ба аҳли маҳфил дар мавриди интихоби ранг, тарзи ороиши ин ё он тасвир ва рангҳои руҳияи қаҳрамони асари тасвирӣ ё мавзеӣ тасвиршавандаро инъикоскунанда маълумот дод.

Басонат Шералиева ҳамчун як шефтаи ҳунари рассомӣ доир ба санъати тасвирӣ андешаҳои худро иброз дошта, ҳунари муъҷизаосои чанде аз рассомони шинохтаи тоҷикро, ба монанди Сабзалӣ Шарипов, Мирзо Холов, Акмал Миршакар қайд кард.  Агар Мирзо Холовро дар тамоми ҷаҳон бо тарзи нигориш – шеваву услуби хосаш шиносанд, пас Олим  Камолзода дар тасвири миниётур дар Осиёи

Миёна ҷойи аввалро соҳиб аст. Ӯ тавонист ки миниётури тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ ба намоиш гузорад. Ин аст ки Олим Камолзода иштирокчии озмунҳои байналмилалӣ буда, борҳо сазовори ҷойҳои намоён дар Фаронсаву Эрон гаштааст. Намунаи барҷастаи корҳои ӯ асаре бо номи “Шоҳнома” мебошад. Бояд зикр кард, ки болои ин асар рассом тули даҳ сол заҳмат кашидааст.

Сабзалӣ Муродзодаи Шариф (Сабзалӣ Шарифов) яке аз бунёдгузорони санъати муосири монументалӣ-ороишии Тоҷикистон буда, узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ва узви фахрии Академияи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Боиси хушнудист, ки дар Китобхонаи миллӣ асари монументалии ин рассоми варзида  таҳти унвони “Аз давра ба давра, аз дида ба дида” ба маърази тамошо гузошта шудааст.

Ё худ Анваршо Сайфуддинов, ки дар эҷодиёти худ сабки мактаби Аврупо ва анъанаи Шарқро дар ҳам омехта, дар санъати муосири тоҷик аз намояндагони барҷастаи санъати абстраксионӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Дар фарҷоми маҳфил донишҷӯёни Колеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳим Олимов тасвирҳои рӯи қоғаз овардаи худро ба ҳозирин пешниҳод намуданд. Дар ҳақиқат ин расмҳо диққати бинандаро ба худ ҷалб месозанд. Мо бошем ба Басонату Зайнаб ва Мадинаву Шеруя дар пешаи интихобкардаашон муваффақиятҳо таманно мекунем.

Бо ҳамин маҳфили зебои “Санъат ва ҳунар” дар мавзуи “Санъати тасвирӣ ва ҳунари рассомӣ” анҷом ёфт.

 

Махфират МУҲИДИНОВА,

бахши матбуот ва робита бо ҷомеа