Маҳина Камолова: Ҳадафам аз ширкат дар озмун ба Донишгоҳи тиббӣ роҳхат гирифтан аст

Маҳина КамоловаМаҳина Камолова, донишҷўи соли сеюми коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат аст. Соли дуюм дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» қувваозмоӣ мекунад. Имсол дар бахши адабиёти муосир истеъдодашро месанҷад. Аз адабиёти классикӣ, муосир ва ҷаҳон ҳудуди 350 китоб мутолиа намудааст.

Китобҳои «Маснавии маънавӣ» иборат аз 6 дафтар, осори Садриддин Айнӣ ва Сотим Улўғзодаро бештар меписандад ва ба одамон мутолиаи онҳоро тавсия медиҳад. «Одина», «Ятим», «Ёддоштҳо», «Марги судхур» ва қариб тамоми асарҳои устод Садриддин Айниро мутолиа кардааст. Имсол онҳоро дубора хондааст. Дар мактаби миёна ҳам китобҳои номбурдаро хондааст ва шавқаш ба китоб аз ҳамон вақт бедор шудааст. Бо чанд суол ба Маҳина муроҷиат намудем:

-Аз китобҳои хондаат кадом лаҳзаҳо ё суханон дар хотират нақш бастааст?

– Аз «Ёддоштҳо»-и устод Садриддин Айнӣ қисми 1.Қурбонниёз ба падари устод Айнӣ мегўяд:

-Ман ҳам мехоҳам мисли шумо боғайрат ва коркун шавам.

Ҳама кор дар хостан ва хоҳиши худро ба кор даровардан аст. Агар шумо хоҳед аз ман ҳам боғайраттар ва коркунтар мешавед. Агар мардум медонистанд, ки дар сояи бекорӣ хобидан беҳ аз кор кардан ва худро боқувваттар кардан беҳтар аст, ҳеч гоҳ дар сояи бекорӣ намехобиданд».

Ин суханон дар хондани ман ба озмун кўмак кард. Яъне ҳама кор дар хоҳиш ва талош кардан аст.

-Агар аз озмун сазовори ҷойҳои намоён нагардӣ?

Не (механдад) ман дар озмун ҷойи сазоворро соҳиб мегардам! Аз мағлубият намеандешам. Барои ин манфиатдор ҳам нестам ва фурсати манфӣ андешидан надорам.  

Ҳадафам аз ширкат дар озмун ба Донишгоҳи тиббӣ роҳхат гирифтан аст, мехоҳам таҳсиламро дар зинаи баландтари касбам идома бидиҳам. Зеро ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шуда натавонистам. Дидам, ки ин озмун як фурсат аст, имкон аст, мехоҳам барои расидан ба мақсадам-таҳсил дар Донишгоҳи тиббӣ ин фурсатро истифода бубарам. 

Сипос ба устоди забону адабиётамон  Фирўз Розиқов, ки маро ташвиқу кўмак кард барои омўзишу мутолиа ва роҳнамоӣ.

Раҳима АЪЗАМ, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа