Маҳмуд Мушрифи Озоди Теҳронӣ
Маҳмуд Мушрифи Озод (М. Озод) дар соли 1933 дар Теҳрон ба дунё омад. Таҳсилоти ибтидоиву мутавассита ва донишгоҳиро дар ҳамон ба поён расонид ва ба унвони дабири омўзишу парваиш машғул ба кор шуд.
М. Озод аз шуарои овонигору фурмгарои Эрон аст. Ў, ки зимни таваҷҷуҳ ба адабиёти Ғарб ва адабиёти классик дар шеърҳояш навъе халлоқият ва навгароӣ дар сохтори каломӣ ва арўзӣ ба чашм мехўрад, ҳудудӣ сӣ сол аз чеҳраҳои фаъоли адабӣ ва шеърии Эрон ба шумор мерафт.
М. Озод пас аз Шомлу ва Сипеҳриву Фурўғ ва Аҳавону Оташӣ аз чеҳраҳои муваффақи шеъри муосири Эрон аст ва ў дар масири таҳаввулу тасарруф дар вазни нимоӣ ва ҳидояти он ба сўи кашиши вазнӣ ва сайёлияти савтӣ гомҳои муассире бардошт.
Дар шеъри М.Озод ба навъе илтизоми шоирона ва адабиёти мутааҳидона бо забоне тасвирӣ ва имиҷгаро бармехўрем. Ў чи дар заминаи ашъори нимоӣ ва чи дар ашъори классик устод буд ва аз он ҷо, ки забони инглисиро ҳам хуб медонист, аз осори мансуру манзуми Ғарб тўшаҳо андўхта ва худ низ яке аз мутарҷимони шеърҳои шуарои аврупоӣ буд ва дар айни ҳол нақду назарҳои зиёд перомуни шеъру шоирӣ навиштааст.
ОСОР: «Қасидаи баланди бод ва дидорҳо», «Ойинаҳо тиҳист», «Бо ман тулуъ кун», «Баҳорзоии оҳу», «Гузинаи ашъор».
ИН ШЕЪРҲО АЗ ӮСТ:
Бе ту хокистарам
Бе ту, эй ту дўст,
Бе ту танҳову хомўш.
Меҳре афсурдаро бистарам.
Бе ту дар осмон ахтаронанд
Дидагони шаррхези девон.
Бе ту нилуфарон озаронанд,
Бе ту хокистарам,
Бе ту, эй дўст!
Бе ту ин чашмасори шаб – ором,
Чашми гирандаи оҳувон аст.
Бе ту ин дашти саршор
Дўзахи ҷовидон аст.
Бе ту танҳои маҳтоби даштам,
Бе ту хуршеди сарди ғурубам,
Бе ту ному бе ту саргузаштам,
Бе ту хокистарам.
Бе ту, эй дўст!
Бе ту ин хона торику танҳост,
Бе ту, эй дўст!
Хуфта бар лаб суханҳост
Бе ту, эй дўст…
БА МАН СУКУТ БИЁМЎЗ
Маро ба оташ бисупор, эй парандаи сурх,
Ки дар кавири садоҳои дур менигарӣ
Ва дар нигоҳи ту гулҳои ёс мехушканд.
Суфоли холии моҳро бишкан,
Маро бисўзон, эй бонги равшан,
эй хуршед,
Маро ба дўзах бисупор,
бодро бигузор,
Ки дар кавири садоҳои дур бигрезад.
Маро ба оташ бисупор, эй бараҳнаи ток,
Маро ба хўшаҳои заррини бодҳои ҳаросон, ки дар
Хазони шуълавари марг
Раҳо шудаанд,
бипайванд.
Дар он ҳаёҳўи сабз
Сафоли обии гулдон ҳамеша холӣ монд.
Маро ба дарё биспор, эй ҳаёҳуи сабз,
Сафоли холии хомўшӣ аз ту мешиканад
Ва абри хастаи мурдобро,
Ки дар ҳамешагии обҳо раҳо шудааст,
Ба сахра меронад.
Аз китоби доктор Алиасғари Шеърдӯст “Шеъри муосири Эрон”, Душанбе, соли 212 таҳияи Фирӯза Раҳимова, муовини сардори шуъбаи маълумотдиҳӣ- библиографӣ.