Маҳмуди  Давлатободӣ кист ва дар Китобхонаи миллӣ аз ӯ чӣ метавон хонд?

Давлатободӣ Маҳмуд 1 августи соли 1940 дар деҳкадаи Давлатободи Сабзвори Эрон дар хонаводаи кишоварз ба дунё омадааст. Нависандаи эронӣ. Дар 20-солагӣ ба Теҳрон омада, корманди матбаа шуд. Баъдтар дар курсҳои омўзиши театри «Аноҳита» ширкат карда, дар бозигарию намоишнависию  коргардонӣ мумтоз гардид ва дар намоишҳои зиёде нақш бозид: («Шабҳои сафед»- и В. Достоевский,  «Қуръа барои марг»- и В.Хачатурян, «Нигоҳе аз пул»- и А. Миллер, «Қиссаи тилисму ҳариру моҳигир»- и Алии Ҳотамӣ ва ғайра).

Соли 1975 ба сабаби бозӣ дар намоиши «Дар қаър»- и М. Горкий боздошт  ва се сол зиндонӣ шуд. Баъдан боз ба олами театру синамо баргашта, дар филмҳои «Гавазнҳо» ва «Гов» нақш офарид. Аммо  шуҳрату маъруфияташ нисбат ба театр дар адабиёт афзунтар шуд.

Нахустин ҳикоёташ аз соли 1962 дар маҷаллоти адабии кишвараш (ҳикояи «Таҳи шаб», маҷаллаи «Аноҳита») ва нахустин маҷмуааш  бо номи «Лояҳои биёбонӣ» соли 1969 мунташир шуд. Аз осораш дар солҳои пеш аз Инқилоби исломии Эрон метавон «Афсонаи Бобосубҳон» (1971), «Сафар» (1973), «Мард» ва «Бошу бирав» (1974), «Ақили ақил» (1975) ва «Хами чанбар»- ро (1978) ном бурд.

Давлатободӣ дар солҳои пас аз инқилоб бо интишори романи 10-ҷилдии «Килидар» (1979-1985) ва романи «Ҷои холи Сулуҷ» (1980) ба қуллаи офариниши адабии худ расид, Ин романҳо ба забонҳои гуногуни дунё тарҷума шудаанд, Дар романи «Ҷои холи Сулуҷ» Давлатободӣ ҳиҷрату танҳоии инсониро ба беҳтарин наҳв тасвир мекунад.

Ў аз адибони ҳақиқатнигорест, ки аз хусуси ғами ҳиҷрат, танҳоӣ, мушкилоти иқтисодию иҷтимоии мардум табақаи заифи Эрон навиштааст (ҳамон чизҳоест, ки худ таҷриба карда буд). Осори  Давлатободӣ нидои инсони умедворе дар айни афтодагию парешонӣ аст. Ў ин умедвории  омехта ба сабру каноатро дар баробари талхиҳои зиндагӣ аз тарбияти рустоӣ мерос  гирифта буд. «Ҳиҷрати Сулаймон ва  мард» (маҷмуаи ҳикояҳо), «Тангно», «Бошу бирав», «Қақнус» (ҳар се намоишнома), «Мавқеияти куллии ҳунару адабиёти кунунӣ» (маҷмўаи мақолаҳо), «Дидори балуч» (Сафарнома) аз зумраи осори муҳими Давлатободӣ  мебошанд.

Муаллиф: О. Хоҷамуродов

Бозчоп аз Энсиклопедияи милии тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.5. – С. 185.

Дар Китобхонаи миллӣ аз Маҳмуди Давлатободӣ ва дар бораи ӯ ин матолибро ҳам метавонед бихонед:

Маҳмуди Давлатободӣ.  Солҳои хаста: Қисса // Садои Шарқ. – 1991. – № 7. – С. 67.

Моҳи тамоми нимрўз: Гуфтугў бо Маҳмуди Давлатободӣ // Фарҳанг. – 1991. – №10. – С. 69.

Хамида Мохузи. Шахсият дар достонҳои Маҳмуди Давлатободӣ. – Душанбе : Бебок, 2011. – 80 с.

Тоҳирзода Сурайёхони Тоҳирӣ. Эҷодиёти Маҳмуди Давлатободӣ: бар мабнои маҷмуаи Корномаи Сипанч. –  Душанбе, 2013. – 148 с.

Тохирзода  Сураёхони Тохири. Творчество Махмуда Доулятабади.

–  Душанбе, 2013. – 22 с.

Таҳияи Манижа Раҷабова
Корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ.