Маҳмудҷон Воҳидов. “Ошёни меҳр”

Маҳмудҷон воҳидовБаъд аз панҷ соли хатми институт бори аввал ба самолёте нишастам, ки ба ҷониби Москва парвоз мекард. Аз мулоқоти оянда дар ҳаяҷон будам. Хаёлам ҳам дар парвоз буд. Замони донишомӯзӣ, ёди Москва, ки моро тарбия додааст, хотираи дӯстон, кӯчаю истгоҳҳои шинос, хобгоҳ, рӯзҳои серию бепулӣ ва ниҳоят ёди устодон… Ин дам панду пешгӯии омӯзгорон, таъкиду сарзанишҳои  меҳрубонона аз лавҳи хотир гузашта, беихтиёр лабро ба табассум моил мекард. То ба манзил расидан хеле вақт буд, бо  вуҷуди ин дил метапид; имтиҳонҳое дар пеш буд. Баъди соли хатми донишкада вохӯрдан бо муаллими азизи худ имтиҳони ҷиддиест…

Дар  меҳмонхона ҷо гирифта, ба назди телефон омадаму рақамҳои маълумро ёфта занг задам.

  • Бале, гӯш мекунам, – садо баровард овози шинос.
  • Ассалому алейкум муҳтарам Олга Ивановна! Бо шумо…
  • Ин кист? – бетоқатона пурсид овози шинос.
  • Шумо Маҳмудро дар хотир надоред?
  • О-о-о, худоё, Маҳмуд?!
  • Ин манам….
  • Туро кадом шамол парронд!…
  • Ба камандировка омадам. Бачаҳо саломи гарму ҷӯшон фиристоданд. Бигӯед, саломатии шумо чӣ тавр?
  • Э, ту саломатии маро ба як сӯ мону беҳтараш гӯй, ки кай ба хона меоӣ?
  • Ҳар вақте ки лозим донед.
  • Гӯш кун. Мо ҳозир ба дарс меравем, беҳтараш бегоҳи биё. Дар воқеъ, вақтро беҳуда нагузаронда ба ягон театр рав. Баъди спектакл мунтазир мешавам. Хайр азизам, то бегоҳ. Ҳа гуфтагӣ барин имшаб дар Таганка “Одами ғамхор”-ро намоиш медиҳанд. Ман телефон мекунам ба ту билет мемонанд. Албатта рафта бин, баъд фикратро мегӯӣ.

Гӯё ки аз вохӯрии мо панҷ сол не, балки панҷ соат гузашта бошад. Ман фақат тавонистам, гӯям, ки; хуб… майлаш… албатта…

Душвор аст баён кардани ҳиссиёте, ки баробари пахш кардани занги дари Олга Ивановна маро фаро гирифт. Онро кас мавриди рӯ ба рӯ шудан бо шахсони азизи худ ҳис мекунад. Вақте дасти нарму меҳрубон ва пажмурдаи муаллимаро гирифта ба рӯяш назар кардам, то тағйироте ҷӯям, дидам ки ду чашми омӯзгор чун ду чашми модар аз зери айнак мисли барқ медурахшанд ва аз чеҳраи пираш нур меборад. Даме бесухан гузашт. Сонӣ бо овози ларзон канда-канда “салом, азизам салом” гуфт. Маро ба курсӣ нишонда худ аз рӯ ба рӯям ҷой гирифт, синча карда ба рӯям нигаристу ба гап даромад.

  • Хӯш, зиндагиат чӣ тавр? Не ист. Ту аввал гӯй, ки ба спетакл рафти? Маъқул шуд?
  • Олга Ивановна, ба ин спектакл мунаққидон кайҳо баҳо додаанд….

Олга Ивановна як ба як рафиқони ҳамкурси маро мепурсид. Аз муваффақияти онҳо беҳад шод мегардид. Агар монеаи пешравии шогирдони худро фаҳмад, ба ғазаб меомад ва хомӯш мемонд.

  • Эҳ, тамоман фаромӯш кардам. Охир ту меҳмон ҳастӣ. Канӣ, ин ҷо биё – гӯён маро аз паси худ ба ошхона даровард.
  • Ин ҷо нишин. Чӣ менӯши, қаҳва ё чой?..

Матне, ки то ин ҷо хондед, ба қалами Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоидаи давлатии Тоҷкистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Маҳмудҷон Воҳидов дахл дорад, ки 58 сол пеш дар маҷаллаи адабии “Садои Шарқ” чоп шуддааст. Тавре дарк кардед, муаллиф аз мулоқоташ бо устодаш Олгаи Ивановна ва ҳамсаари ӯ, профессор Борис Бибиков баъди панҷ соли хатми донишгоҳ менависад. Идомаи ин мулоқот хеле ҷолиб аст ва агар хоҳиш доред, онро метавонед дар толори хониши матбути даврии Китобхонаи миллӣ аз шумораи  4-уми соли 1967 маҷаллаи “Садои Шарқ” мутолиа кунед.

Таҳияи Шавқинисо Носирова, мутахассиси шуъбаи матбуоти даврӣ.