Маҳзани маърифат ва хонаи умеди хонандагон
Инсон яке аз арзишҳои муҳимтарини тамаддуни ҷаҳонист. Ба ҳамагон маълум аст, ки шахсият дар давлат ва ҷомеа дороӣ ҳуқуқхои зиёд мебошад. Ҳар як одам, чун иштирокдори муносибатҳои гуногуни ҷамъиятӣ – оилавӣ, меҳнатӣ, молӣ, сиёсӣ ва ғайра ин ҳуқуқҳоро барои қонеъсозии талаботи худ, муваффақшавӣ ба ҳадафҳои муайяни ҳаётии хеш истифода мекунад. Онҳо барои он заруранд, ки моҳияти инсонии ҳар одам ҳимоя карда ва нигоҳ дошта шавад, барои ҳар инсон дар рӯи Замин зиндагонии шоистаю шарафмандона таъмин гардад.
Дар кулли ҷаҳон маъюбон ва пиронсолон дар зери ҳимояи давлат мебошанд. Ҳар як давлат кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ба ин гурўҳи ҷомеа шароитҳои хуб муҳайё намояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар бораи ғамхорӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд даъват мекунанд. Тоҷикистон таҳти сарварии ин марди хирад барои фароҳам овардани шароиту имкониятҳои таҳсилу кор ба ин қишри ҷомеа талошҳои зиёд кардааст.
Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои ифтитоҳи бино нав толори хонишеро махсус барои ин гуна афрод дар ошёнаи аввали бино ихтисос дод ва онро бо ҳама шароитҳои муҷаҳҳаз кард.
Шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд аз моҳи апрели соли 2012 фаъолияти худро оғоз намудааст, ки сафи хонандагони доимӣ он то ин давра зиёда ба 1060 нафарро ташкил медиҳад.
Инчунин ҳайати кормандони ин шуъба ҳамасола ба бештар аз 9 ҳазор нафар хонандагон хидматрасонӣ менамоянд. Фонди шуъба дорои наздик ба 7,5 ҳазор китоб буда, аз он 5572 нусха ба забони тоҷикӣ, 1262 нусха ба забони русӣ, 737 нусха китобҳо бо алифбои брайлӣ, 61 адад кинофилмҳо барои шахсони ношунаво ё камшунаво, 696 адад китобҳои гуёро ташкил медиҳад.
Бештари хонанандагони ин шуъбаро донишҷӯёни мактабҳои олӣ, хонандагони литсей-интернатҳои касбии махсуси маъюбони шаҳр, мактаб-интернати нобиноёни ноҳияи Ҳисор, ҷамъияти маъюбони шаҳр, бошандагони маркази минтақавии хидматрасонӣ ба маъюбон ва нафақахўрони хонашин ташкил медиҳанд. Дар шуъбаи мазкур маҳфилҳои ҳамешагие, бо номҳои «Равшандилон», «Хандарез», «Ганҷи сухан» ва ғайра амал мекунанд, ки фаъолтарин ширкаткунандагонаш хонандагони аз ҷумлаи афроди имконияташон маҳдуданд.
Имрўз шуъбаи мазкурро мутахассиси пуртаҷрибаи соҳа Набиева Саноат Нуриддиновна роҳбарӣ менамояд. 8 нафар мутахассисиони соҳибтаҷриба ба хонандагон хидмат мерасонанд. Барои хонандагон шароитҳои хуб фароҳам оварда шудааст.
Шуъбаи мазкур бо як қатор ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, иштирокчиёни ҷанги Афғонистон, садамаи Чернобил, Ҷамъияти маъюбони «Имконият» ва Ҷамъияти нобиноёни шаҳри Душанбе, баъзе Сафорату намояндагиҳои кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла, Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва ғайра ҳамкорӣ дорад.
Дар ҳама санаҳои ҷашнӣ ин шуъба маҳфилҳои вижа баргузор мекунад. Шахсони сармоядор ба ин маҳофил даъват мешаванд ва онҳо ба шахсони имконияташон маҳдуд аз ҷумлаи хонандагони ин шуъба дасти мадад дароз мекунанд. Бо ташкили лаҳзаҳои хотирмони маҳфилҳои шеъру тарона хотири маъюбонро шод мекунанд, онҳоро бо туҳфаҳо сарфароз мегардананд.
Валиев Ҷамил, муовини сардори
Маркази таҳислот ва инноватсияҳои
китобдории Китобхонаи миллӣ.