Маҷаллаи “Адаб”. Шумораи хос ба ёдбуди Гулназар Келдӣ
ОҒОЗ БО ДУ ҶУМЛА: Зикри як нуктаро зарур мешуморам, ки аз мутолиаи маҷалла барои худ як ҷаҳон маънӣ чист, ки сад ҷаҳон маънӣ бардоштам. Қиссаҳои хубаш хотирро шоду ҷаҳонбиниро васеъ месозанд. Дӯстон, месазад, ки “Адаб”-ро беистиҳола дастрас ва мутолиа намуд.
ВА ТАФСИЛИ ИН ДУ ҶУМЛА: Маҷаллаи илмӣ, адабӣ ва таълимию маърифатии “Адаб” маҷаллаест, ки бо кӯшишу заҳматҳои сардабири маҷалла Шодӣ Шокирзода ва мушовиронаш Саид Нуриддин Саид, Муҳаммадюсуф Имомзода, Низомиддин Зоҳидӣ, Аҳмадҷон Раҳматзод, Фарзона, Ҳабибулло Раҷабов, Шодимуҳаммад Сӯфизода ва Абдурашид Самадов дастраси ҳаводоронаш мегардад.
Шумораи севуми маҷалларо, ки ба даст дорем, метавон гуфт, нашри махсус аст. Ин шумора аз шумораҳои дигар ба кулли фарқ мекунад, зеро саропо, аз аввал то ба охир ба шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, муаллифи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон устод Гулназар Келдӣ бахшида шудааст.
Ҳар як бахши хоси он аз мақому манзалати шоири шуҳратёр Гулназар Келдӣ, аз шеър, аз муҳаббату самимияти шоир, аз ҳаёту эҷодиёт ва ифтихораш аз Тоҷикистони азиз сухан мекунад. Ин навбат бахшҳои маҷалла низ ғайрианъанавианд. Унвони ҳар бахш худ бозгӯи мазмуну мундариҷаи мақолаҳои пешниҳодшуда мебошад: “Паёми иродат”, “Дафтараш аз Ватан нишон дорад”, “Шеъри ӯ ҳам нотамом аст”, “Кошонаи муҳаббату ихлос” “Анҷуманоро”, “Шеъри тар аз бому дари Гулназар” ва “Машриқу Мағриб” .
Дар бахши ПАЁМИ ИРОДАТ Шодӣ Шокирзода бо матлаъе зери унвони “Растохези сухан кори ҳамаи мост” маълумоти муфассале аз ҳаёту эҷодиёт, таърихи эҷоди Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз самимияту хоксорӣ, одамият ва ҷавҳаршиносии устод Гулназар сухан мекунад. Бо овардани намунаҳои шеърӣ оид ба мавзуъҳои мухталифе, ки шоир ба риштаи назм кашидааст, табъи дӯстдорони шеърро болида мегардонад. Чуноне ки ба назар мерасад, дар эҷодиёти шоир мавзӯи асосиву муҳим ин мавзӯи Ватан аст.
Эй Ватани азизи мо,
Ҳастии мо фидои ту.
Азму талошу фатҳи мо
Рӯзу шабон барои ту.
Соҳиби хоки худ будан,
Бахти бузурги одамист,
Шаъну шукӯҳи миллатӣ,
Дар дили мост ҷойи ту.
Дар идомаи мақола Шодӣ Шокирзода чунин иброз медорад: “Бисёр байту чакидаҳои хомаи Гулназар саршор аз панду ҳикмат ва андешаҳои фалсафӣ буда, моро огоҳ месозанд, ки ба кадри ҳаёт ва хушиҳои он бирасем, зеро ҳаётро бо ғаму шодӣ тавъам офаридаанд. Некиву чавонмардиро пеша кунем, ҳақиқатро аз оина не, балки аз худ биҷӯем, зеро давлати дунё намонад пойдор ва ном аст, ки боқӣ хохад монд. Ин абёти хикматбори устод Гулназар шоистаи шунидану хамвора дар ёд доштан мебошанд:
Ҳақиқат чист? Шири модари мост,
Ҳақиқат чист? Меҳри кишвари мост,
Чу ҳақ чӯй,
Маҷӯ онро дигар ҷо,
Ҳақиқат дар туву дар пайкари мост.”
Дар ҷойи дигар Шодӣ Шокирзода аз хоксориву ҷавҳаршиносии устод Гулназар ҳарф мезанад. Замони фаъолият дар рӯзномаи Комсомоли Тоҷикистон дар яке аз мактабҳои ноҳияи Ҷайҳун (собиқ Қумсангир) сарояндаи ҷавони соҳибистеъдодеро дарёфт кардаву ташвиқ ба пойтахт омадан намуд. Ин сарояндаи соҳибистеъдод Мастона Эргашева буд, ки баъдан ва то кунун ҳунарпешаи номдори ҷумҳурӣ мебошад. Мақоларо ҳамчунин чанд лаҳзаи хотиротӣ аз тарафи худи муаллиф рангин месозад, ки басо дилчасп аст.
“…Устод аз ғалладони мизи кориаш китобҳои тозатаълифи худ – “Растохези сухан” ва “Лолаҳо дар ёлаҳо”-ро бароварду ба ҳар ду дастхат гузошт ва ба дастам дод. Дар китоби аввалӣ навишта буд: “Шодиҷон! Растохези сухан кори ҳамаи мост”. Дастхатти китоби дуюм ин аст: “Шодиҷони мо ҳамеша шод бод, / Хонааш мисли Ватан обод бод!” ва дар охир имзо ва таърихи рӯз: 7.12.2018. Баъди гирифтани китобҳо ба устод ташаккур гуфта, афзудам, ки онҳоро дар маҷаллан “Адаб” муаррифӣ хоҳем кард. Устод гуфт: – Ин китобҳо ба муаррифӣ ниёз надоранд. Азбаски теъдоди нашри китоби “Растохези сухан” хеле кам аст, маводи онро дар маҷалла чоп кун, то мардум аз онҳо бахраманд шаванд.
Ба ҳамин минвол муаллиф мақолаи худро ба қисмҳо ё худ бобҳо ҷудо кардаву мӯ ба мӯ аз мавзӯи эҷодиёт ва хусусиятҳои инсонии шоир ёдрас мешавад. Ҳар як боби “Растохези сухан кори ҳамаи мост” сароғоз аз унвонаш бозгӯи матлаби он аст: “Муруре бар зиндагинома ва осори устод Гулназар”, “Муаллифи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ”Бо меҳри Ватан зистан”, “Ишқ одамро бикард одамтар”, “Шоири дардҳои иҷтимоӣ”, “Ҳадиси одамият”, “Қадршиносӣ”, “Поёни роҳ: Аз диёре то мазоре”, “Гулгашт ва муҷассамаи Гулназар Келдӣ дар ноҳияи Айнӣ” ва “Сухани охир”.
Ёрон сари кӯи якдигар бояд буд,
Муштоқ ба рӯи якдигар бояд буд.
Бар мову шумо зи баъди умри гузарон
Ку раҳ, ки ба сӯи якдигар бояд буд?!
Дар бахши баъдӣ маҷалла моро боз ҳам бармегардонад ба сари Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин бахш “Дафтараш аз Ватан нишон дорад” ном гирифта, Абдуллоҳи Раҳнамо – собиқ директори маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва ҳоло сардабири “Адабиёт ва санъат” ҳар як мисраву банди Суруди миллиро аз ҷиҳати мазмун ва арзиш тафсир додааст. Пӯшида нест, ки Суруди миллӣ аз арзишҳои олии ватандӯстӣ ва давлатдории Тоҷикистон ба шумор рафта, дар қатори муқаддасоти миллии мо ҷой дорад. Чун “Суруди миллӣ як матни сиёсиву рамзист, бояд руҳияву ифтихор ва арзишҳои асосию номусии миллатро ба таври кӯтоҳ, нишонрас ва мутантан ифода намояд”.
Матни офаридаи Гулназар Келдӣ бар оҳанги мавҷудаи Сулаймон Юдаков “содаву равон буда, аз назари мазмун ва ифодаи арзишҳо хеле боэътимод, пурифтихор ва пурмуҳтавост.” Суруди миллии мо тули умри дарози худ тавонист рисолати миллию таърихии худро ба ҷо оварад. Ва агар даст ба рӯи сина мондаву аз рӯи виҷдор иқрор кунем, он бо оҳанги ифтихор, бо мисраҳои ҳадафрасу амиқи худ омили ҳамбастагии миллӣ гашта, суруди дӯстдоштаи халқ шудааст. Бахусус мисраҳои нақаротии он: “Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!”, ки замзамаашро ҳамагон дӯст медоранд. Ба вижа кӯдакон, ки пеш аз ҳама ин мисраҳоро аз худ мекунанду месарояд, зеро банда ҳини фаъолият дар дар муассисаи томактабӣ шоҳиди ин рафтори кӯдакон будаам. Бубинед, Абдуллои Раҳнамо ин мисраҳоро чи гуна тавзеҳи зебо медиҳад: “«ЗИНДА БОШ, ЭЙ ВАТАН, ТОҶИКИСТОНИ ОЗОДИ МАН:» Дар бахши шиорӣ ё накарот, ки он хам идома ва нуктаи авҷи ниёишу таманнон неки мо дар ҳаққи Ватан аст, ибораи «ТОҶИКИСТОНИ ОЗОД» хеле мухим буда, таҷаллии давлати сохибистиклол, худкифо ва худсолори мост. Зеро маҳз Точикистони соҳибистиқлол ва озоде, ки аз касе ва аз ҷое вобаста нест, ормони миллии мо мебошад. Зеро маҳз Тоҷикистони озоде, ки сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона муайян ва татбиқ мекунад. ба манфиати миллии мост. Аз ин рӯ, дар нақароти Суруди миллӣ калима ва мафҳуми «озод» хамчун муҳимтарин сифат барои Тоҷикистони соҳибистиқлол ва худсолор садо медиҳад.”
Дар бахши дигар “Шеъри ӯ ҳам нотамом аст” мақолаҳои Абдуҷаббор Раҳмонзода – узви пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (“Аз чашмаи меҳр аст шукуфо Ватани мо”), Абдунабӣ Сатторзода – доктори илми филологӣ, профессор (“Нигаҳбони оташи шеър”) ва Аскар Ҳаким – Шоири халқии Тоҷикистон (“Навъи хурд, масъулияти бузург”) ҷой дода шудаанд. Ҳар яке аз муаллифон аз завқи болову истеъдод, аз барӯмандиву заҳматҳои ҳамарӯзаи “бе таътил”-и устод Гулназар Келдӣ ва чеҳраи намоёну шоистаи таҳсини шеъри тоҷик ибрози андеша намудаанд.
“Кошонаи муҳаббату ихлос“ дар воқеъ лабрези ихлосу, муҳаббату, самимияту, қадрдонист. Нависандаи халқии тоҷик Абдулҳамид Самад бо матлаби “Ёди Гулназар” дар бахши “Кошонаи муҳаббату ихлос“ бисёр самимиву гарм ва ботафсил бархе аз хотироташро манзури мо мегардонад. Дар оғози матлаб Абдулҳамиди Самад аз падидаи нодири солҳои шастуму ҳафтодуми қарни гузашта, зуҳури адабии Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ ва Бозор Собир ёдовар шуда, бо як ҷаҳон самимият чунин мегӯяд: “Ин насли нави шахсиятҳои адабӣ бо талошҳои пайваста мавзуъ, хаёлҳои рангин, корбасти боҳунаронаи вожа, таркиб, истифодии баҷои ғановати хазинаи забони классикӣ, шеваву гуфтори мардум, савти дилпазири гуфтор, ифодаи гарму табии эҳсос, андешаҳои нишонрас, бо диди борик тасвир кардани армону дард, нишоту сарфарозӣ инқилоби адабӣ оростанд. Ва батадриҷ он навниҳолон ба дарахтони ҳамешасабзи азиму пурбори адабиёт табдил ёфтанду соҳибмактаб шуданд. Барои ифшои ҳунар ва кашфиёти рангомезии шеър бо забону андешаҳои дилпазир роҳ кушоданд. Хидмати бузургу пойдор!”
Сухан аз ёди ин сегона батадриҷ самти Гулназар Келдиро мегираду аз ирода ва шавқу ҳаваси зиёди Гулназар, аз чакомаҳои аввалинаш, аз нашри навқаламонааш бо таҳриру тасҳеҳи омӯзгораш Қутбӣ Киром, аз донишҷӯи факултаи таъриху филология шуданаш, аз маҳфили навқаламони донишгоҳ ва донишҷӯёни шеърнавису адибшаванда ба қалам овардааст. Ҳамчунин нависанда аз даврони бо шоир Гулназар Келдӣ ҳамкору ҳамнишин шуданаш, аз ҳаводиси рӯзгору фаъолияти шоир қиссаҳо мекунад, ки хеле диққатҷалбкунанда аст.
“Дар эссеи “Достони нотамоми Масчоҳ” аз огоз то анчом дар радифи сифати дигар ёрони ҳамсафару мехмоннавози Масчоҳ номи Гулназар зиёд зикр ёфта. Лекин дар мавриде пас аз шунидани байти дилангези Юсуф Вафо:
Аз ағба гузаштаам ба рӯйи гулу хас,
Як бӯсаи додагит ҳафт пуштама бас, – ман ба Гулназар гуфтам:
– Инаш ба муроди дили шумост. Вактҳои охир чунон шоири бӯсасаро шудаед, ки беҳисоб. Мухаққиқони осоратон оянда бешубҳа ба шумо унвони “Шоири бӯсаҳо” медиҳанд.
– Ёфтед! – гуфт Гулназар қоҳ-қоҳзанон ва афзуд: Билло, ки мурдаро зинда мекунад бӯса. Беҳтарин унвон!”
Бахши навбатӣ “Анҷуманоро” унвон дошта, барои хонандагони Адаб рози ду суҳбатро бо Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ ифшо мекунад. Суҳбати устоди Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода, муҳаққиқ Абдурашид Самадов “Тарҷумаи бадеӣ таваҷҷуҳи бештар мехоҳад”, чуноне ки аз унвонаш дарк мекунем, дар боби тарҷума ҳарф мезанад. Абдурашид Самадов ҳамчун тарҷумашинос оид ба вазъи тарҷума, бахусус тарҷумаи бадеӣ, фаъолияти сохторҳои дар самти тарҷума амалкунанда ва вазъи таълими тарҷума дар мактабҳои олӣ бо шоир суҳбат намудааст. Гулназар Келдӣ дар мавриди ин масъалаҳо ва амсоли инҳо ибрози андеша намуда, қайд мекунад, ки вазъи тарҷумаву тарҷумашиносӣ нисбат ба давраҳои пешин хеле коста гаштааст. Аз ин рӯ иқдоми пайгирӣ намудани ин самт басо саривақтист. Ҳамзамон Шоири халқии Тоҷикистон дар мавриди усули тарҷума, ки шоир-мутарҷимони асри ХХ аз он истифода намудаву муваффақ ҳам шудаанд, ибрози андеша намудааст. Порчаи шеърӣ аз эҷодиёти Саъдии бузургвор “Бани одам аъзои якдигаранд” метавонад намунаи хеле зебое барои ин гуфтаҳо бошад. Ё худ ёдрас шудани фаъолияти тарҷумонии Шариф Шараф –тарҷумони хушсалиқаву сермаҳсул хеле ҷолиб аст. Лозим ба ёдоварист, ки Гулназар Келдӣ рисолаи Ф. Турсунов устоди ДДЗТ ба номи С. Улуғзода “Безэквивалентная лексика в переводе”-ро аз нахустин монографияҳои ба соҳаи тарҷумонӣ бахшидашуда меҳисобад, гарчанде он бо забони русӣ таълиф гаштааст.
Суҳбати дигаре, ки “Анҷуманоро” пешкаши мо мегардонад “Шоире, ки чашм ба роҳи Рустам” аст унвон дорад. Журналист Нурмуҳаммад Зуҳурӣ бо барандаи Ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ атрофи эҷодиёти шоир, хосатан бозёфти тозаи адабӣ арзёбӣ шудани мисраи “Дар Самангон Тахти Рустам интизори Рустам аст”, заминаи мушаххаси пайдоиши ин мисраъ ва мавзуъҳои мухталифи адабӣ-бадеӣ суҳбат оростааст.
Бахши “Шеъри тар аз бому дари Гулназар” бахшест, ки унвонаш бозгӯи мундариҷаву муҳтавояш аст. Ин бахш низ фарогири се мақола буда, доир ба эҷодиёти Шоири халқии Тоҷикистон ҳарф мезанад.
Нуралӣ Нурзод. Тамоюлҳои эҷодии Гулназар дар қаламрави адабиёт ва нақди адабии муосири тоҷик. “Агар ба тамоюлҳои эҷодии устод Гулназар таваҷҷуҳ намоем, дар адабиёти муосири тоҷик камтар шоиреро метавон пайдо кард, ки маҳорати ҳунарии хешро дар иншои тамоми навъҳои суннатӣ ва нави шеър, намунаҳои назму насри адабиёти атфол, нақди адабӣ, драматургия, филмноманависӣ, публитсистика ва рӯзноманигорӣ, тарҷумаи намунаҳои адабиёти ҷаҳон озмудааст.”
Ҳафиз Раҳмон. Эҳсос ва андешаи неруманди шоир. “Ҳар қадар эҳсоси шоир неруманд бошад, андеша ҳам қавӣ мешавад ва баръакс… Шеъри устод Гулназар ҳамин гуна шеъри андеша аст, аммо моломоли эҳсосоти қавии гӯяндааш.”
Равшани Ҳамроҳ. Ҷойгоҳи шеъри озод ва сафед дар эҷодиёти Гулназар. Муаллиф ин ҷо шеърҳои нави Гулназар Келдиро, ки дар эҷодиёти шоир мақоми хос доранд, ба ду гурӯҳ: шеърҳои озод ва сафед бастабандӣ намуда, таҳлил ва баррасӣ менамояд. Чуноне ки медонем, Нимо Юшичро падари шеъри нави форсӣ мехонанд, аммо шеъри озоду сафед ба адабиёти мо ба воситаи шеъри Нодири Нодирпур ворид шудааст, зеро сабки Нимо Юшич, Аҳмади Шомлу ва Ахавони Солис ба завқи шоирони тоҷик, ки ба шеъри суннатӣ камилан одат карда буданд, бегона буд ва ба зеҳну табъи шоирони мо зуд созиш накард. Нодири Нодирпур, ки назар ба дигар пешоҳангони шеъри нав эҳтиёткортар буд, тавонист сабки чадидро бо сабки суннатӣ тавъам орад. Агар шеъри навро Лоиқ аз Нодири Нодирпур омӯхта бошад, Гулназар Келдӣ аз Лоиқ омӯхтааст. Гулназар Келдӣ дар сафи аввали шоирони шеъри нави тоҷик қарор гирифта, шеъри сафеду озодро бевосита аз эҷодиёти худи Нимову Шомлу, Солису Фурӯғ ва Сӯҳроби Сипеҳрӣ ва аз адабони рус: Маяковский ва Есенин омӯхтаанд. Ба ҳамин минвол дар ин матлаб, муаллиф асосан сухан аз шеърҳои озоди Гулназар карда, таъкид менамояд, ки моҳияти шеъри озодро ба пуррагӣ пай бурдааст. “Шоир дарк кардааст, ки шеъри озод на танҳо бо дарозу кӯтоҳ кардани аркони арузӣ асос меёбад, балки ин шеър фазои озод ва судҷуӣ аз ангораҳои наҳвиро низ тақозо менамояд.” Ҳамзамон, Равшани Ҳамроҳ, қайд мекунад, ки Гулназар Келдӣ дар шеър пургӯӣ намекунад ва ҳамин ки матлабашро баён намуд, шеърро анҷом мебахшад. Ин ҷо муаллиф барои исботи матлабаш намунаҳо аз ашъори Гулназар меорад, ки хонданашон як ҷаҳон ҳаловат мебахшад.
Дар поёни маҷалла дар бахши Машриқу Мағриб бо унвони “Муруре ба як китоби тарҷумаи нашрнашудаи устод Гулназар” мақолаи Шодӣ Шокирзода ҷой гирифтааст. Муаллиф хонандагонро бо китоби “Қиссаи гиряи борон”-и адиби лаҳистонӣ Марек К.Зигадло дар тарҷумаи Гулназар Келдӣ ошно месозад. Ногуфта намонад, ки ин китоб дастраси доираи васеи хонандагон нест, зеро дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва дар Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон нусхае аз ин китогб мавҷуд нест. Танҳо дар бахши “Зиндагиномаи мухтасари Гулназар”-и китоби “Гулназарнома”-и адабиётшинос А.Самадов дар қатори дигар асарҳои тарҷумакардаи шоир номи шоири лаҳистонӣ Марек К.Зигадло омадааст, ки ба гуфтаи А.Самадов онро худи Гулназар Келдӣ замони дар ҳаёт буданаш дар қатори номгӯи асарҳои тарҷумакардаи худ ба А. Самадов бозгӯ кардааст. Дар идомаи мақола Шодӣ Шокирзода хонандагони маҷалларо мухтасар бо китоби мазкур шинос кардааст. “Китоби “Киссан гиряи борон” дорои муқоваи сахт буда, рӯйи ҷилди сабзгуни он акси рангае, ки ифодагари унвони китоб аст, номи муаллиф, унвони китоб ва исми пойтахти кишварамон -Душанбе дарҷ шудааст. Гумон меравад, ки он намунан охирини осори тарчумавии устод Гулназар буда, пеш аз хурӯҷи бемории хамагири Ковид-19 ба масдари иҷро расида, барои саҳифабандӣ ва омода намудани нусхаи пешазчоп ба нашриёте супурда шудааст. Нашриёт (номаш хам маълум нест) ин нусхаро замоне чоп мекунад, ки қадами нопоку наҳси ин беморӣ ба Тоҷикистон хам расид ва имкону, рафтуомаду, муоширати мардум маҳдуд гардид. Мутаассифона, бар асари хамин беморӣ устод Гулназар хам олами фониро тарк гуфта, ба олами абадият пайваст. Чун каси дигар аз пайи суроғу интишори ин китоб намешавад, нашриёт ҳам нусхан тайёркардаашро дар катори дигар китобҳои нолозим ба дӯкони китобфурӯшӣ таъвил медиҳад.”
Ҳамин тавр муаллиф аз саҳифабандиву ҷобаҷогузории “Қиссаи гиряи борон” ҳарф мезанад ва таърихи чи гуна ба тарҷумаи “осори ҳамқалами лаҳистони”-и худ даст задани Гулназар Келдиро рӯи қоғаз меоварад. Аз некиву бадӣ, аз парешониву парокандагӣ, азҳам гусаста шудани риштаҳои пайванди дӯстиву бародарии халқҳо, шикоят аз ҷудоиҳоро дар ашъори Марек К.Зигадло эҳсос мекунад ва барои тақвияти фикраш аз ин адиб мисолҳо меорад. Ҳамчунин мутарҷим ба хонандагон ба боби шахсият ва вежагиҳои шеъри шоири лаҳистонӣ Зигадло рушанӣ меандозад. Гулназар Келдӣ шеъри Марек К.Зигадлоро бо забони фасеҳу оммафаҳм тарҷума кардааст, ки ин ҳам бозгӯи шоири тавонову пурҳунар ва заргари маъниҳо будани ӯст.
Ту устоди хешӣ,
Ту худро бикун эҳтиёт,
Биёмӯз панд аз хатоҳои умрат,
Макун боз такрорашон.
Бидеҳ хешро дасти фарру хирад
Ва дар бар кунӣ ҷомаи зиндагӣ дар абад. (Марек К.Зигадло)
Дар фаровард – муқоваи маҷалла таҳти шиори “Тоҷик ҳама ҷову Тоҷикистон яктост” шеърҳои машҳуру шинохтаи Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, муаллифи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ аз қабили: “Суруди анҷумани тоҷикони ҷаҳон”, “Бо забони нозҳо”, “Шаҳре, ки бо ман ҷон ба ҷон аст…”, “Эй ошиқон”, “Дилам бар Рӯдакӣ сӯзад…”, “Ин Ватан ҳайкали мо хоҳад буд!” ва “Аз қисмати хеш сарбаландам” оварда шудаанд.
З-оне, ки ба ёди дигаронам,
Ҳамсӯз ба қалби модаронам.
З-оне, ки ҷафокаши ҷаҳонам,
Дарди ҳама дарди хеш донам,
Аз қисмати хеш сарбаландам,
Андар сари худ накард бандам!
Зикри як нуктаро зарур мешуморам, ки аз мутолиаи маҷалла барои худ як ҷаҳон маънӣ чист, ки сад ҷаҳон маънӣ бардоштам. Қиссаҳои хубаш хотирро шоду ҷаҳонбиниро васеъ месозанд. Дӯстон, месазад, ки “Адаб”-ро беистиҳола дастрас ва мутолиа намуд.
Махфират МУҲИДДИНОВА,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.