Маҷаллаи “Шарқи сурх” дар Китобхонаи миллӣ
Маҷаллаи “Садои шарқ”, ки аз соли 1964 то имрӯз пайваста мунташир мешавад, пештар “Шарқи сурх” ном дошт. Он аз соли 1934 то шумораи панҷуми соли 1964 бо ҳамин ном пайваста нашр мешуд. Дар маҷаллаи мазкур дар солҳои зикршуда беҳтарин асарҳои шоирон ва нависандагони советии тоҷик, тарҷумаи беҳтарин асарҳои нависандагони рус ва халқҳои бародарӣ, нависандагони мамлакатҳои сотсиалистӣ ва ҷаҳон, танқиду тақризи китобҳои нави адабӣ-бадеӣ, мақолаҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ, мақолаҳои назарявӣ оид ба адабиёт ва санъат дарҷ карда мешуданд.
Аз шумораҳои чопшудаи ин маҷалла дар соли 1938 танҳо 5 шумора дар бойгонии Шуъбаи матбуоти даврии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд аст. Муҳаррири “Шарқи Сурх” дар соли 1938 Шарипов ва ҳайати таҳририя Абдусалом Деҳотӣ, Ҳилол Карим, Т. Самадӣ, Мирзо Турсунзода буданд.
Аз соли 1940, 7 шумораи “Шарқи Сурх” маҳфуз аст ва муҳаррири маҷалла дар ин сол У. Раҳматзода буда, Сотим Улуғзода (муовини муҳаррир), Мирзо Турсунзода (котиби масъул), С. Ҳусейн, А. Мирзоев узви ҳайати таҳририя буданд. Дар ин солҳо маҷалла бо ҳуруфи лотинӣ чоп мешуд.
Чопи “Шарқи Сурх” аз соли 1941 бо хати крилӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳайати таҳририяи он дар ин солҳо Абдусалом Деҳотӣ,(ҷонишини муҳаррири масъул) Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Абдулғанӣ Мирзоев, Мирсаид Миршакар буданд.
Маҷалла ба иллати оғозу идомаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1942, 1943, 1944, 1945 чоп нашуд.
Аз соли 1946 танҳо 7 шумора дар шуъба нигоҳдорӣ мешавад. Ҳайати таҳририяи маҷалла дар ин сол Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзода, Т. Пулотов, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Абдулғанӣ Мирзоев ва муҳаррири масъул Ҳ. Неъматуллоев буданд.
Аз соли 1947 бошад 12 шумора пурра мавҷуд аст ва гуфта шудааст, ки муҳаррири масъули он Н. Почоҷонов ва ҳайати таҳририя Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзода, Т. Пулотов, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Абдулғанӣ Мирзоев, Ҳ. Неъматуллоев, будаанд.
Аз соли 1948 низ 12 шумора пурра маҳфуз аст ва дар ин сол муҳаррир ва ҳайати таҳририя иваз нашудааст.
Шумораҳои соли 1949 пурра вуҷуд доранд, аммо ҳайати таҳририя каме иваз шудааст. Дар ин сол Мирзо Турсунзода (муҳаррири масъул), М. Нурматов (ҷониши муҳаррир), Мирсаид Миршакар, Н. Почоҷонов. Муҳаммадҷон Раҳмиӣ, Соҳиб Табаров, Сотим Улуғзода узви ҳайати таҳририя будаанд. Соли 1950 №1-12, соли 1951 №1-12, пурра ҳаст ва дар ҳайати таҳририя тағйирот нест.
Аз соли 1952 то соли 1960 12 шуморагӣ пурра мавҷуд аст. Масъулияти муҳарририро дар ин солҳо Фотеҳ Ниёзӣ ба ӯҳда доштааст ва Абдусалом Деҳотӣ, Ҷалол Икромӣ, Мирсаид Миршакар, М. Нурматов, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Мирзо Турсунзода, Соҳиб Табаров узви ҳайати таҳририя буданд.
Аз соли 1961 то 1964 низ шумораҳо аз 1 то 12 пурра мавҷуданд. Аз соли 1964 бошад муҳаррири маҷалла А. Раҳмонов ва Камол Айнӣ, Ҳабиб Аҳрорӣ, Абдсалом Деҳотӣ, Ҷалол Икромӣ, Боқӣ Раҳимзода, Низом Нурҷонов, Муҳаммадҷон Шукуров, Аминҷон Шукуҳӣ шомили ҳайати таҳририя шудаанд.
Аз шумораи 5-уми соли 1964 ин маҷалла аз “Шарқи сурх” ба “Садои шарқ” табдили ном кард ва муҳарририи маҷалларо Убайд Раҷаб ба уҳда гирифтааст. Ба ҳайати таҳририя номҳои Расул Ҳодизода, Фазлиддин Муҳаммадиев, Муъмин Қаноат илова шудааст.
Шавқинисо Носирова,
мутахассиси шуъбаи
матбуоти даврӣ