«Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омили вусъатбахши дипломатияи парламентӣ. 2010-2015»
Ин китоб бо ҳамин ном дар ду ҷилд таҳия ва чоп шудааст. Он фаъолияти мақомоти намояндагӣ ва қонунгузори кишварро дар бахши муносибатҳои байнипарламонӣ фаро мегирад. Дар давраи фаъолияти даъватҳои чорум ва панҷум равобити Маҷлиси намояндагон бо парламентҳои кишварҳои хориҷи наздик ва дур, ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ вусъати тоза пайдо кард.
Қабул ва суҳбатҳои расмии роҳбарияти Маҷлиси намояндагону вакилон бо роҳбарони давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, сафирон, вакилон ва шахсиятҳои шинохтаи хориҷӣ, ҳамчунин сафарҳои расмию хидматии роҳбарият ва вакилони Парламенти касбии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ тибқи тартиби қабулшуда ва мувофиқ ба солшуморӣ дар китобҳо ҷой дода шудааст.
Вакилони даъватҳои чорум ва панҷум тавонистанд аз усули санҷидашуда – дипломатияи парламентӣ дар корашон муваффақона истифода баранд ва ба шӯҳрат ва обрӯву эътибори парламенти касбӣ аз як сӯ ва Тоҷикистони азиз дар маҷмуъ, дар арсаи байналмилалӣ, афзоянд.
Муҳаққиқони соҳаҳои гуногун, ҷомеашиносон муаррихон ва пажӯҳандагони бахши парламент аз китобҳо истифода бурда метавонанд.
Хоҳишмандон китоби дуҷилдаи «Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омили вусъатбахши дипломатияи парламентӣ 2010-2015»-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Мавзуна Салимова,
сармутахассиси Медиатекаи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.