“Мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат – чароғи роҳи рушду тараққӣ”
Нависандагони ин китоб Зафар Сайидзода ва Акрам Воҳидов буда, соли ҷорӣ дар чопхонаи “Контраст” рӯи чоп омадааст. Муҳаррири масъули он муовини директори ИОМДОА АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Дониёр Сангинзода мебошад.
Муаллифон аз ҷумла навиштаанд, ки ммМактаби сиёсии Пешвои миллат усулҳо ва раҳнамоиҳои равшани ҳаракати мардуми Тоҷикистон дар масири тавсеаю тараққӣ ва пешрафтҳо дар ҳамаи арсаҳои зиндагии иҷтимоӣ, ба даст овардани иззату эҳтиром дар ҷомеаи байналмилалӣ мебошад.
Арзишҳои муҳиме, ки дар ин ганҷинаи ҳикмат аз ҷониби Пешвои миллат ҳамчун пояҳои бунёдии ҳифзи истиқлол ва таҳкими давлатдорӣ баён шудаанд, қутбнамое барои наслҳои имрӯзу оянда ба ҳисоб мераванд, ки пайравӣ аз онҳо бояд дар сарфасли фаъолиятҳои ҳамешагии афроди миллат қарор гиранд.
Ин мактаби фикрӣ саршор аз таҷаллии ақлу хирад, руҳу иродаи мағлубнопазир ва ормонҳои поку муқаддаси миллат ва барги заррине дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошад.
Пешвои миллат тавассути ин нуктаҳои ҳикматомӯз дастурамалҳои фардӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва тарбиятиро ба афроди миллат омӯзиш медиҳад. Ва бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки ба баракати пайравӣ аз ин роҳнамоиҳои роҳкушо мардуми Тоҷикистон то имрӯз ба пешрафтҳои азиме дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа даст ёфтааст.
Пешвои миллати тоҷик чунин мешуморад, ки мардуми заҳматкаш, меҳнатдӯст ва босабру таҳаммули Тоҷикистон лоиқу шоистаи зиндагии беҳтару саодатмандонатар мебошад. Ин ҳадафи олитарин ва камоли матлуби Пешвои миллати тоҷик аст.
Пешвои миллати мо, ки дар тӯли беш аз се даҳа бо роҳбарии даҳоёнаи худ дар мамлакат таҳаввули бунёдии сиёсиву иқтисодиву иҷтимоӣ ва ахлоқию маънавӣ ба вуҷуд овардааст, имрӯз рисолати худро дар он мебинад, ки кишварро дар масири расидан ба Тоҷикистони ормонӣ ҳидоят намояд.
Аз нигоҳи Президент Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони ормонӣ ин кишварест, ки дар он беҳтарин унсурҳои донишу биниши инсоният дар роҳи таъмини болотарин сатҳи зиндагӣ барои ҳамаи шаҳрвандон ба кор гирифта мешавад. Мамлакатест, ки дар он дастовардҳои навтарини фановарии ҷаҳон бо арзишҳои волои маънавӣ ва меъёрҳои пешрафтаи адолати иҷтимоӣ ба ҳам омезиш ёфтаанд. Ҷомеаест, ки бар пояи созандагӣ, башардӯстӣ, эҳтиром ба ҳамватанон бунёд шудаву дар он ҳар фарде аз афрод аз осудагии комили моддӣ, озодиҳои иҷтимоӣ ва аз ғановати саршори маънавию ахлоқӣ бархурдор аст.
Бадеҳист, ки ҳар миллату ҷомеае дар дунё ҳақ дорад дар роҳи расидан ба чунин ҳадафҳо бикӯшад. Ва Пешвои миллати тоҷик, ки бештар аз ҳар касе аз руҳияи созандагию ҳисси ибтикору навсозии мардум огоҳ мебошад, муътақид аст, ки халқи тоҷик дар роҳи ба даст овардани ин ҳадафҳои олӣ метавонад қадамҳои ҷиддӣ бардорад.
Вале барои ин ки ин роҳи пурифтихору сарнавиштсоз то расидан ба манзили ҳадафҳо паймуда шавад, лозим аст, ки ҳамаи мо – тоҷикистониён дар якҷоягӣ аз роҳи ҳамкориҳои содиқонаву самимӣ раҳнаварди ин шоҳроҳи бузург бошем. Зеро ҳамчуноне, ки меъморону муҳандисон, ҳар қадар ҳам боистеъдоду ҳунарманд бошанд, бидуни битонрезону, кафшергарону хиштчинҳо ва садҳо коргари дигар наметавонанд тарҳҳои худро дар амал татбиқ кунанд, бунёди ҷомеаи навини ормонӣ низ бе ширкати амалию фаъоли тамоми афроди кишвар – бунёдкорони асосии давлатдорӣ ва низоми сиёсӣ – имконнопазир аст. Шарти муҳими дигари ноил гаштан ба чунин пешрафте дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ доштани руҳияи неруманд, худбоварии пойдор ва донишу огоҳии комил аст.
Китоби “Мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат – чароғи роҳи рушду тараққӣ” ҳоло дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолаа аст.
Таҳияи: Мавзуна Салимова
сармутахассиси Медиатекаи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.