Малоҳат Шаҳобова: Тўтии Ҳиндустон
«Ман дар оилае таваллуд ёфтаам, ки сардори он падарам, яке аз бузургони Ҳиндустон буд. Дониши падарам хеле васеъ ва ҳаматарафа буд, вай аз масъалаҳои муҳаббат, ватандўстӣ, ростӣ, инсонпарварӣ ва ғайраҳо нағз хабар дошт. Падарам ҳамеша мегуфт: «Худро танҳо ҳиндустонӣ донистан хуб нест, шумо ифтихор кунед, ки гражданҳои ҷаҳонед!»
***** ***** ****
САРОҶИНӢ НАЙДУ шоираи номии англисзабони Ҳиндустон мебошад. Дар шеърҳои ў талхию шириниҳои ҳаёти мардуми меҳнаткаши ҳинду, аз ҷумла занони бечораи он тасвир ёфтаанд. Адабиётшиноси машҳури Ҳиндустон Сринаваса Айянгар дар китоби худ «Адабиёти англисзабони Ҳинд» навиштааст, ки Найду мисли Такур, Ауробиндо фақат шоир набуд, балки ў модари бисёр фарзандони боистеъдоди Ҳиндустон буда, тамоми фаъолияти худро ба кори беҳтар намудани аҳволи онҳо равона кардааст. Аз ҳамин сабаб ҳам дере нагузашта, дар ў ҳисси ватанпарварӣ бар ҳисси шоирӣ ғолиб омад.
Бесабаб нест, ки рўзи таваллуди адабро ҳар сол дар Ҳиндустон чун иди тамоми занони Ҳинд қайд менамоянд.
Сароҷинӣ Найду сенздаҳуми феврали соли 1879 дар Ҳайдаробод таваллуд ёфтааст. Падари ӯ Агоренат Чоттоподҳайя шахси бомаърифат буд. Ў аз ҳиндуҳо якўмин шахсе буд, ки сазовори унвони доктори илм гардид. Вай дар Германия ва Англия таҳсил карда, баъди ба ватан баргаштан дар Ҳайдаробод коллеҷи Низомия ташкил намуд ва худаш ба он сарварӣ кард.
Модари Сароҷинӣ- Варада Синдари низ як зани хеле бомаърифат буд. Ў на танҳо бо меҳмоннавозии худ шўҳрат дошт, балки бо суруду таронаҳояш низ хонанда ва шунавандаро мафтун мекард. Вай ба забони банғолӣ ҳам шеър мегуфт ва ҳам онҳоро бо овози дилкаше месуруд.
Найду аз падараш ба некӣ ёд овардааст: «Ман дар оилае таваллуд ёфтаам, ки сардори он падарам, яке аз бузургони Ҳиндустон буд. Дониши падарам хеле васеъ ва ҳаматарафа буд, вай аз масъалаҳои муҳаббат, ватандўстӣ, ростӣ, инсонпарварӣ ва ғайраҳо нағз хабар дошт. Падарам ҳамеша мегуфт: «Худро танҳо ҳиндустонӣ донистан хуб нест, шумо ифтихор кунед, ки гражданҳои ҷаҳонед!»
Ҳарчанд ки Сароҷинӣ Найдуро падару модар хеле барвақт ба мактаб дода буданд, ў дар синф аз ҳама пешқадам буд ва аз ҳамаи дарсҳо баҳои хубу аъло мегирифт. Ў дере нагузашта забони англисиро хеле хуб аз худ карда, ба адабиёти Аврупо шавқи зиёд пайдо мекунад ва дар сини ёздаҳсолагӣ ба он забон шеър мегўяд.
Сароҷинӣ Найду дар қадамҳои аввали шеъргўӣ ба устодони барҷастаи каломи бадеии англис, махсусан, ба намояндагони ҷарайёни романтизми он пайравӣ менамояд ва хусусиятҳои беҳтарини эҷодиёти Байрон, Шелли, Теннисон, Браунинг барин шоирони забардастро аз бар мекунад. Аз ин ҷиҳат шеърҳои нахустини Сароҷинӣ чи аз ҷиҳати шакл ва чи ҷиҳати мазмун ба шеърҳои лирикии классикони англис шабоҳат доштанд. Дар шеърҳои ин давраи адиб ишқу муҳаббати поки инсонӣ, тасвири манзараҳои табиат, дурӣ ва ҷудоӣ аз ёр барин мавзуъҳо мавқеи асосӣ доштанд.
Сароҷинӣ зодгоҳи худ – Ҳайдарободро хеле дўст медошт ва аз зебоии манзараҳои он лаззат мебурд. Ў дар бораи Ҳайдаробод байтҳои зеринро гуфтааст:
Медурахшад осмонаш мисли парҳои кабўтар субҳдам,
Балки гаҳ чун сурб, гаҳ чун нуқра метобад ба чашм,
Солҳо бо беқарорӣ дар бараш ҷорист рўде, мавҷи он
Ҳамчунон дандонаи дарвозаҳои шаҳр метобад ба чашм
(Тарҷумаи Б. Собир)
Сароҷинӣ худ ба забони форсӣ ё урду шеър нагуфтааст, вале аз шеърҳои форсӣ ва урду ҳаловат гирифта ва лаззат бурда дар мазмун ва услуб ба онҳо пайравӣ намудааст. Ў ба шеъри Зебуниссо ва Тоҷуддавла эътиқоди тамом доштааст.
Маҷмўаи ашъори якўми Сароҷинӣ «Остонаи заррин» соли 1905 дар шаҳри Лондон чоп шуд. Бисёр рўзнома ва маҷаллаҳои Аврупо нашри ин маҷмуаро табрик карданд. Мунаққидони англис ба «Остонаи заррин»- и Сароҷинӣ Найду баҳои баланд ва арзанда дода, ашъори ўро намунаи беҳтарини назми асри XX англис шумориданд.
Маҷмўаи “Остонаи заррин” асосан аз шеърҳои лирикӣ иборат буда, дар он шоир дар бораи муҳаббати бузург, шодӣ аз висоли ёр, ширинии ҳаёт, зебоии табиат, азоби ҷудоӣ аз ёр, лаззати сўҳбат бо маҳбуб, сидқу вафо ва ғайра сухан рондааст.
Маҷмўаи дуюми Найду дар Ҳиндустон дар соли 1912 бо номи “Мурғи замон” нашр гардид. Чи тавре ки мунаққиди англис Эдмунд Госс дар сарсухани ин маҷмўа қайд намудааст, аз шеърҳои Сараҷини садои ғаму андўҳ равшан ба гўш мерасад. Ин дуруст аст, зеро дар ин солҳо Сароҷинӣ Найду ба халқ наздик шуд ва аз аҳволи он нағзтар хабардор гардида, ба ғаму кулфати халқ шарик гардид.
Дар ин вақт Сароҷинӣ чун як шоираи соҳибистедод дар тамоми Ҳиндустон машҳур гардида буд. Рўзномаҳои англисӣ “Букман ” ва “Йоркшайе Пост” ба “Мурғи замон” баҳои баланд додаанд: “Хонум Найду на танҳо забони моро боз намудааст, балки ў ба мо имконият додааст, ки рўҳ, тасаввурот, эҳсосот ва ақидаҳои Шарқро дурусттар фаҳмем ва риштаҳои алоқаи худро бо он боз ҳам мустаҳкам кунем”.
Соли 1917 маҷмўаи сейўм ва охирини Найду “Боли шикаста” дастраси хонандагон мегардад. Найду боз 32 соли дигар зиндагӣ карда бошад ҳам, дигар ба шеърнависӣ ҷуръат накардааст. Дар “Боли шикаста” адиб аз аввал то ба охир дар бораи бебақоии ишқ, бадбахтии маҳбуба, айёми хазон ва мурғи болшикаста сухан меронад. Табъи хирагаштаи адибро дигар на хуршеди тобон равшан карда метавонаду на суруди мурғони хушнаво ва на бўстони пурсафо. Ў акнун ба маҳбуби худ танҳо дили садпораи худро пешкаш менамояд. Дили озурдаи ў аз нопойдории ишқ менолад. Сароҷинӣ бо илтиҷою нолаҳои дилхароши худ ба Отеллои Шекспир шабоҳат дорад. Ў зор-зор нолаҳо карда ба ҷои шавқи муҳаббат марги худро орзу менамояд. Шеърҳои ў ҳама ҳаяҷонангез ва андўҳомезанд. Мурғи дили шоир мурдааст ва ўро қуввате нест, ки шеъргўӣ кунад. Баъзеҳо чунин мешуморанд, ки Сароҷинӣ дигар ба забони англисӣ майли шеър гуфтан надошт, вале ба забони модарӣ шеър гуфта наметавонист, аз ҳамин сабаб шеъргўиро тарк кард. Дигарон мегўянд, ки азбаски дар аввалҳои асри XX аллакай дар назми Аврупо чи аз ҷиҳати шакл ва чи аз ҷиҳати мазмун хусусиятҳои нав падидор шуд, барои Сароҷинӣ, ки пайрави ҷараёни романтизми англис буд, дар шеъргўӣ мушкилиҳо ва нофаҳмиҳо пеш омад. Ниҳоят гурўҳӣ сейўми адабиётшиносон чунин ақида доранд, ки азбаски Сароҷин ба корҳои озодихоҳии милли мамлакат фаъолона иштирок мекард, барои шеъргўӣ фурсат надошт.
Сринаваса Айянгар дар китоби худ “Адабиёти англисзабони ҳинд” ҳамаи ин ақидаҳоро рад намуда, чунин ақидаро пеш меронд. “Он чизе, ки ба шоир илҳом мебахшид, аз байн рафт. Баногоҳ завқи шоирӣ дар дили ў пир шуд, болу параш шикаст ва ў дигар ба шоирӣ ва шеър гуфтан ҳеҷ майл накард. Акнун Сароҷинӣ чун зан, модар, ватанпарвар ба майдон мебарояд ва шоирии ў танҳо дар хотираҳо боқӣ мемонад”. Хидмати Сароҷинӣ Найду барои Ҳиндустон хеле бузург аст, зеро чунон ки гуфтем, ў на танҳо чун шоираи барҷастаи Ҳинд машҳур гардидааст, балки ў машҳуртарин арбоб ва сарвари сиёсӣ ва яке аз ходимони номии ҳаёти ҷамъиятӣ ба шумор меравад. Хусусан, ў барои озод намудани занони ҳинд аз олами зулмат хидмати барҷаста кардааст.
Сароҷинӣ аз солҳои 1903 сар карда дар бисёр ҷамомадҳою митингҳо ва конгрессҳои озодихоҳони мамлакат фаъолона иштирок мекунад. Дар яке аз маҷлисҳои ҷамъияти муаррихони университети Мадрас Найду донишҷўёни ҳиндуро даъват мекунад, ки ба мубориза бархезанд ва нажодпарастӣ, маҳаллачигӣ ва кастапарастӣ барин ҳодисаҳои андўҳоварро аз байн бардоранд. Ў ба онҳо ба мамлакатҳо ва шарҳои дигар рафтанро тавсия мекунад. Ҳамин тавр Сароҷинӣ насиҳатҳои падарашро ба ёд оварда, ақидаҳои интернасионалии худро тарғиб намуда мегўяд: “Ман гумон мекунам, ки шуморо на аз Мадрас будан, на бараҳман будан, на ҳинду будан боиси ифтихор ва сарфарозист, балки аз он бояд фахр кунед, ки фарзанди Ҳиндустон ҳастед”.
Худи Найду бисёр сафар кардааст. Ў ба Каткатта, Бомбай, Мадрас барин шаҳрҳои калони Ҳиндустон рафта, баромадҳо мекард.
Моҳи декабри соли 1904 дар Бомбай ў дар кори конфренсияи миллии Ҳиндустон, ки ба масъалаҳои озодии занон бахшида шуда буд, фаъолона ширкат намуд ва аз минбари он “Ҳиндустон” ном шеъри озодихоҳонаи худро хонд ва мардумро ба мубориза ташвиқ кард.
Найду бо арбоби бузурги давлатии Ҳиндустон Махатма Ганди соли 1914 дар Лондон вомехўрад. Ганди ин вақт аллакай чун роҳбари миллии озодихоҳӣ шўҳрат пайдо карда ва диққати бисёр ватандўстони дар хориҷа бударо ба худ кашида буд. Алалхусус Найду орзуи дидани ўро дар дил мепарварид.
Соли 1916 дар маҷлиси конгресси миллии Ҳиндустон дар Лакҳнав Ганди ва Найду бо Ҷавоҳирлол Неҳру шинос мешаванд. Найду бо баромадҳои пурҷушў хурўши инқилобии худ Ҷавоҳирлоли ҷавонро мафтун мегардонад. Ана худи Неҳру дар бораи баромадҳои Сароҷинӣ чӣ менависад: “Ҳамон рўзҳо баромадҳои пурмазмуну одилонаи Сароҷинӣ Найду ба ман таъсири бузург бахшиданд, зеро нутқҳои ў миллатдўстона ва ватанпарварона буданд ва фикрҳои норавшани маро дар бораи сотсиализм равшан гардониданд”.
Солҳои 1920 Найдуи ҷасур ва диловар яке аз роҳбарони конгресс интихоб мешавад ва соли 1925 ташкили сессияи ҷилусеюми конгресси миллиро дар Канпур комилан ба зиммаи худ гирифта, дар он раисӣ мекунад.
Соли 1922 баъди ҳабси Ганди Найду барои ташвиқоти ақидаҳои Ганди ба Сейлон ва Африқои Ҷанубӣ сафар менамояд. Солҳои 1928-1929 ба сифати сафир ва пайрави Ганди ба Амрико ва Канада меравад. Ў дар ин мамлакатҳо дар бораи ҳаракатҳои миллӣ баромадҳо карда, нутқҳои пурмазмун эрод мекунад ва ҳиндуҳои дар он мамлакатҳо сокин шударо ба ҳаракат медарорад.
Рўзномаҳои англисӣ он вақт ба баромадҳои Найду баҳои баланд дода, ўро яке аз занони барҷастаи Ҳинд номиданд (журнал “Азия и Африка сегодня”. 1968, №3, стр.57-58).
Ниҳоят соли 1947 Ҳиндустон баъд аз муборизаи дуру дарози миллӣ аз дасти истилогарони хориҷӣ озод гардид. Сароҷинӣ губернатори бузургтанрин штати Ҳиндустон Уттар – Прадеш таъин гардид. Ў дар ин вазифа ҳамагӣ ду сол кор карда бошад ҳам, вале дар ин муддати кўтоҳ барои беҳбудии мамлакат корҳои шоиста кард. Соли 1949 Сароҷинӣ аз дунё чашм пўшид.
Солҳои охир равобити дўстии Иттифоқи Советӣ бо Ҳиндустон то рафт вусъат меёбад. Омўхтан, тарҷима кардан ва дастраси хонандагони сершумор гардонидани осори адибони бузурги ҳинд, аз ҷумла Сароҷинӣ Найду, ки дар осори онҳо мавзўи дўстӣ ва бародарии халқҳо мақоми хосе дорад, ба аҳамияти калон молик аст.
Манбаъ: “Садои Шарқ”, соли 1969,№9.
Таҳияи Фараҳнози Тоҳирхон,
мутахасси шуъбаи матбуоти даврӣ.