Ман бе ту намезиям, чу ой рӯзе…
“Асари Восифӣ «Бадоеъ-ул-вақоеъ дар нишон додани аҳволи илмӣ, адабӣ савияи маданӣ ва зиддиятҳои онзамонии Хуросону Мавароуннаҳр, Туркистон ва як қисми Эрон на танҳо ойина, балки як лавҳаи тасвириест, ки он аҳволи таърихиро ба назари хонанда пайдарҳам ҷилва мекунонад….»
Зайниддин Маҳмуди Восифӣ соли 1485 дар шаҳри Ҳирот таваллуд ёфтааст.
Ў аз овони хурдсолӣ ба омўхтани илмҳои замонааш пардохта, яке аз муншиёни машҳури даври худ мегардад. Аз синни 12-13 солагӣ шеър менавишт.
Восифӣ пас аз истилои шаҳри Ҳирот аз тарафи Шоҳ Исмоили Сафавӣ (соли 1510) ба таъқиби мазҳабӣ гирифтор шуда, ба Мавароуннаҳр меояд ва дар Бухоро, Самарқанд, Тошканд, Шаҳрисабз, Туркистон ва ғайра зиста, бештар дар дарбори Келдимуҳаммад (1517-1539) вазифаи мударрисиро адо менамояд.
Ашъори Восифӣ аз ҷиҳати мавзўъ ва жанр гуногун ва аз назари санъати шеърӣ бисёр баланд. Махсусан, қасидаи ў дар мавзўъи қаҳтии Самарқанд(1512), ғазалу қасидаҳои бо радифи «гул», «наргис», «лола», ки дар ҷавоби ашъори Котибӣ, Камолуддин Исмоили Исфаҳонӣ ва дигарон навиштааст, инчунин ғазалҳояш аз қудрати баланди шоирии ў дарак медиҳад. Дар эҷодиёташ ғояҳои шоҳпарастона ва гуфтори маддоҳона низ дучор меоянд.
Восифӣ дар таърихи адабиёти тоҷик ҳамчун устоди мусаллами насри бадеӣ шўҳрат дорад. Ин шўҳрат ба туфайли таснифи «Бадоеъ-ул-вақоеъ» (солҳои 1517-1533) насиби Восифӣ гардидааст. «Бадоеъ-ул-вақоеъ» нафақат шоҳасари насри бадеӣ, инчунин сарчашмаи муҳими таърихист. Чунон, ки устод Айнӣ навиштааст: “Асари Восифӣ «Бадоеъ-ул-вақоеъ дар нишон додани аҳволи илмӣ, адабӣ савияи маданӣ ва зиддиятҳои онзамонии Хуросону Мавароуннаҳр, Туркистон ва як қисми Эрон на танҳо ойина, балки як лавҳаи тасвириест, ки он аҳволи таърихиро ба назари хонанда пайдарҳам ҷилва мекунонад….» Ў дар асарҳои худ асосан манфиати фақирону бенавоён ва заҳматкашонро ҳимоя карда, ғояҳои пешқадами замонро тарғиб намудааст.
Зайниддин Маҳмуди Восифӣ тақрибан дар байни солҳои 1551-1566 вафот кардааст. Маҳалли вафоташ маълум нест.
Рафтӣ, ки дилам зи бори ғам ранҷа кунӣ!
Ё хотирам аз хори ситам ранҷа кунӣ!
Ман бе ту намезиям, чу ой рӯзе —
Зинҳор ба хоки ман қадам ранҷа кунӣ.
Аз осори Восифӣ асари мансуре ба номи «Бадоеъ-ул-вақоеъ» боқӣ мондааст, ки ашъори зиёди ўро низ фаро мегирад.
Аз Зайниддин Маҳмуди Восифӣ ва дар бораи ӯ шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ ин китобҳо ва мақолаҳоро фармоиш ва мутолиа намоед:
Восифӣ. З.М. Бадоеъ-ул-вақоеъ. – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2014. – 743 с.
Восифӣ // Х. Мирзозода. Материалҳо аз таърихи адабиёти тоҷик. – Сталинобод, 1950. – С. 23-29.
Мухторов, А. «Бадоеъ-ул-вақоеъ» ва катибаҳои болооби Зарафшон: Дар бораи асари Зайниддин Маҳмуди Восифӣ // Садои Шарқ. – 1966. – №7. – С.110-116.
Восифӣ: Мухтасар дар бораи тарҷумаи ҳолаш // Гулшани адаб . –Душанбе: Ирфон, 1977. – Ҷ. Iv. – С.101-115.
Айнӣ, К. Бадоеъ-ул-вақоеъ // ЭСТ. – 1978. – Ҷ. I. – С. 348.
Турсунов, Н. Гуфторҳо: Восифӣ доир ба бозии чавгон // Н. Турсунов. Чавгонбозӣ. – Душанбе, 1982. – С. 83-84.
Абдуллоев, Қ. Адиби ҳақгў: Ба муносибати 500-солагии Зайниддин Восифӣ // Ҳақиқати Ленинобод. – 1986. – 15 май.
Восифӣ Зайниддин Маҳмуд ва «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-ў: Доир ба эҷодиёти адабии Восифӣ // Паёми Суғд. – 2016. – С. 21-22.
Бо истифода аз маводҳои
энсиклопедӣ Шуъбаи библиографияи миллӣ.