Ман чӣ мехонам ва чаро мехонам?

“Ман чеҳраеро дидаам, ки ҳазор рӯ дошт ва чеҳрае, ки як рӯ бештар надошт…” Ин суханон аз китоби “Девона”- и Ҷуброн Халил Ҷуброн, нависандаи номдори ҷаҳон аст, ки хушам омад ва дар дафтари ёддоштам нигоштам. Ман вақти китобхонӣ ҳамеша ин корро мекунам. Дафтару қалам мегирам ва ҳар калимаеро, ки нафаҳмидам менависам ва аз луғат мебинам. Ҳамчунин ҷумлаҳлеро, ки хушам меоянд, менависам.

 

Ӯ дар мавриди чеҳраҳои одамон чӣ зебову воқеӣ гуфта. Воқеан чеҳраҳоеро дидаем, ки якруву дуруву садру ҳастанд. Ибораи ” дуруя” ва “дуруягӣ” аз ҳамин ҷост, “дупагона” низ шунидаам дар байни мардум.

Ман, ки ба адабиёти ҷаҳон таваҷҷӯҳ дорам, рӯйхати китобҳоеро барои худам тартиб додам, ки дар ҳамин сол онҳоро мутолиа кунам. Аз адабиёти Эрону Афғонистон шурӯъ кардам, чун адибони ин кишварҳоро дӯст медорам. Бо намунаи осорашон дар замони донишҷӯӣ ошно шудам, ки барои ин аз устоди адабиёти ҷаҳон дар донишкада Раҳматов сипосгузорам.

Аз нависандаи афғон Раҳнаварди Зарёб, китоби “Гулнор ва ойина“-ро пайдо карда хондам. Аз адабиёти Эрон “Буфи кӯр“- и Содиқ Ҳидоятро, ки айёми донишҷӯйӣ хонда будам, ҷустуҷӯ кардам, ки дубора хонам. Аз адабиёти араб Ҷуброн Халил Ҷуброн китоби “Пайғамбар” (номи китоб ҷойи дигар “Паёмбар” омадааст) – ро мекофтам, пайдо накардам, аммо аз китобхона китоби “Девона”- ашро ёфтам ва фавран ба мутолиааш пардохтам.

Вақте бо зиндагиномааш ошно шудам, ҳайратзада шудам, чи гуна имкон дорад аз падари майзадаву қиморбоз ва зиндони инчунин писар ба дунё биёяд? Чизи дигаре аз рӯзгори ӯ диққатамро ҷалб кард, ки ӯ то поёни умр зиндагии муҷаррадонаро пеш гирифт. Рӯзгораш омузанда аст. “Даҳсола буд бо бачаҳои ҳамсинну ҳамсолаш ба доманакӯҳҳои атрофи деҳааш ба тамошо рафт, тасодуфан аз болои ҷарӣ афтида, шонаи чапаш шикаст, ки аз дарди он то поёни ҳаёташ азият мекашид”.

Нависанда ин лаҳзаи зиндагиашро дар китобаш “Девона” тасвир кардааст. Ва дар шеъри “Маслуб” низ.

Чанд ҷумлаи зебо аз ” Девона”:

Ман чеҳраҳоро мешиносам зеро аз пушти тавсире, ки чашмони худам мебофад, мебинам ва ба Ҳақиқати зерин мерасам“.

Ман дар миёни як қавми комил зиндагӣ мекунам ва ҳеч баҳрае аз камол надорам“.

Ин китобро Умриддин Юсуфӣ – номзади илмҳои филологӣ аз форсӣ таҳия намудааст ва нашриёти “Дониш” соли 2012 интишор додааст.

Ин китобро метавонед аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон пайдо ва мутолиа кунед.

 Раҳима Азам,

шӯъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.