Маъноҳои луғавию грамматикии вожаи «боз» аз нигоҳи устод Камолиддинов
Китоби донишманди маъруф доктори илмҳои филологӣ, профессор Бахриддин Камолиддинов “Сухан аз баҳри дигарон гӯянд” соли 2015 дар нашриёти «Дунёи дониш» чоп шудааст, ва дар он нуқсонҳои забони матбуоти тоҷик инъикос гардидааст. Устод Камолиддинов солҳои зиёд пайваста дар илми сабкшиносӣ тадқиқоти зиёде анҷом дода, чанде аз ин меваҳои илмии хешро пешниҳоди ҳаводорони сабку услуби забон гардонидааст. Ин навь тадқиқот аввалин кўшишест дар илми забоншиносии тоҷик.
Як бахши ин таҳқиқот ҷойгузин ва истифодаи дурусти вожаи «боз» дар забони адабии тоҷик аст, ки онро пурра меорем.
МАЪНОҲОИ ЛУҒАВИЮ ГРАММАТИКИИ ВОЖАИ «БОЗ»
Калимаи “боз” мисли калимаҳои дигари якҳиҷойии забони тоҷикӣ басо сермаъно ва серистеъмол аст. Забоншинос С. Шербоев ба унвони «Функсияи семантикӣ-грамматикии калимаи боз» мақолае навишта, ба вазифаи исм, феъл, зарф, ҳиссача, калимаи модалӣ, пасоянд ва пешванди калимасоз омадани калимаи «боз»-ро бо далелҳо нишон дода буд.
Кунад ҳамҷинс бо ҳамҷинс парвоз,
Кабутар бо кабутар, боз бо боз (Низомӣ);
Дар ин бўстонсаройи пурназора
Намонда боз ҷуз чашми ситора (Шоҳин);
Барояд зи хоку шавад боз хок,
Ҳама ҷойи тарс асту тимору бок. (Фирдавсӣ).
Муаллифи «Ғиёсуллуғот» 13 маънои калимаи «боз»-ро, аз ҷумла, такрор ва муовадати (бозгашт) коре, кушода, сиғаи амр (бохтан, бозидан) зикр намуда, афзудааст: «Ва муаллиф гўяд, ҳарчанд ки лафзи боз ба маънии вақт ва ҳангом дар кутуби луғат наёмада, магар дар кутуби дарсии форсӣ, мисли Зуҳурӣ ва Абуфазл ва ғайра». Дар «Бурҳони қотеъ» ба вазифаи пешванди калимасоз (бозмондан) ва пасвандгуна (қиморбоз) омадани боз зикр шудааст. Аён аст, ки ба ҷуз маъноҳои амр ва замон маъною вазифаҳои дигари грамматикии он, алалхусус вазифаи пасояндии боз, шарҳ наёфтааст. Дар фарҳангҳои осори Фирдавсӣ, Рўдакӣ ва Ҷомӣ низ ба вазифаи грамматикии калимаи боз ишорае нашудааст.
Сабаби дар фарҳангҳо зикр нашудани вазифаи пасояндии боз шояд ин аст, ки дар осори назму насри суннатии мо истифодаи он маъмул набудааст. Ҳол он ки дар фарҳангҳо доир ба маъноҳои грамматикии пасоянди – ро ва муштараквазифа гардидани он бо бандаки изофӣ зикр ёфтааст. Чунончи, дар «Ғиёс-ул-луғот» мехонем: «Ро ҳарфи аломати мафъул аст ва гоҳе ба маънои барои ояд, чунонки: Худоро, яъне барои Худо; Ва гоҳе бадали изофат ояд, чунонки мисраъ: Касонро нашуд новак андар ҳарир…Яъне новаки он касон; Ва гоҳе ифодаи маънии аз сабаби кунад, чунон ки: қазоро, яъне ба сабаби қазо».
С.Шербоев дар мақолаи зикршуда навиштааст: «Дар вақти пасоянд шуда омадани боз таркибҳои пасояндии ин ҷониб, ин тараф ва дар вақти зарф шудани омаданаш калима ва таркибҳои ҳоло, баъд, бори дигар, аз сари нав, дуюмбора ба вай ҳамвазифа ё худ муродиф шуда меоянд».
Воқеан, дар забони гуфтугў чунин тарзи ифода бисёр мушоҳида мешвад: Шаб боз (дирӯз боз) борон меборад. Дар ин ҷумла пасоянди боз бо исми шаб ва зарфи замони дирўз омада, ба ду маънои грамматикӣ: ибтидо ё оғози амал ва идома ёфтани он то айни замони гуфтор далолат мекунад. Баъзан барои таъкиди ибтидои замон пешоянди аз ва пасоянди боз ба тариқи мувозӣ кор фармуда мешавад: Аз шаб (дирўз) боз борон меборад. Шаклҳои давомдори феъл (меборад, борида истодааст, боридан дорад ва хабари номии дар боридан аст) низ ба давомнокии маънои боз мусоидат мекунад. Дар ҷумлаи «Аз рўзи омадани шумо боз кор равнақи тоза пайдо намуд» ибтидои саршавии амал бо ёрии пешоянди аз, вале давомнокии амал ба воситаи пасоянди боз ифода мешавад.
Дар забони гуфтугўйи имрўза зарфҳои замони баъд ва пас низ мисли калимаи боз ба тарзи пешоянду пасоянд кор фармуда мешаванд: Баъд аз тамом шудани дарс…- Баъди тамом шудани дарс…- Дарс тамом шудан баъд ба хона омадем; Пас аз тамом шудани дарс…- Дарс тамом шудан пас ба хона омадем. Пасоянди боз танҳо бо пешоянди таркибии изофӣ муштаракмаъно шуда метавонад: аз сафар баргаштан боз // аз бози аз сафар баргаштан // аз бози баргаштан аз сафар. Аммо калимаи барор ҳам бо пешоянди таркибии изофӣ ва ҳам пешоянди номии изофӣ (мисли баъди, вақти, ҳангоми, замони) хусусияти муродифӣ зоҳир мекунад: Дами корд ба рўяш (харбуза) расидан баробар ҷаррас мекафид (А. Самадов) // …бо (дар) баробари расидани корд… // баробари расидани дами корд…; Вай саҳар, офтоб чени як найза баромадан баробар, ҳангоме ки деҳа аз нағмаи қумриҳо пур буд,… ҷониби хонаи Фазилат равон шуд (А. Самадов) // …баробари чени як найза баромадани офтоб…
Аз таҳлили маводи забони тоҷикӣ маълум мешавад, ки на ҳама гуна пешояндҳои номии изофӣ ва пешояндҳои таркибии номии изофӣ чунин хусусият зоҳир мекунанд: Охир бобои Алӣ омадан замон таъкид кард, ки вай бояд ҳини хўроки пешин харбузаҳоро ба шипанг расонад, то одамон даҳон ширин кунанд; Бегоҳ, маҳали омадани пода бибияш аз ў хоҳиш кард… (А. Самадов). Аён аст, ки калимаи замон ба вазифаи пешоянд омада тавонад ҳам, маънои пасоянди «замон»-ро саҳеҳ ва возеҳ ифода намекунад. Пешоянди номии изофии ҳини ва маҳали ба вазифаи пасоянд кор фармуда намешавад.
Ҷолиби таваҷҷуҳ аст, ки ҳамин маънӣ ба тарзи дигаре низ ифода меёбад: калимаи боз бо пешоянди аз як таркибро ташкил намуда, ба оғозу идома ёфтани амал далолат мекунад: Аз бози омадани шумо кор равнақи тоза пайдо намуд. Пешоянди аз бози бо пешояндҳои таркибии аз вақти, аз ҳангоми, аз замони, аз ҳини вазифаи муштаракро адо мекунад. Ба назари мо, ҳамин тарзи ифода барои забони тоҷикӣ табиӣ ва созгортар аст. Шояд қолаби ифодаи «Аз рўзи омадани шумо боз (ин ҷониб, ин тараф, баробар)…» бо таъсири забонҳои бегона дар гуфтори мардум пайдо шуда, ба забони адабӣ ҳам роҳ ёфта бошад.
Аз китоби Баҳриддин Камолиддинов: “Сухан аз баҳри дигарон гӯянд”. Душанбе, 2015.
Таҳияи Фарзона Рахмонова,
мутахассиси Маркази “Забони
тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ”