Марги фоҷеабори Плиний 1945 сол пеш аз ин
24 ё 25-уми августи соли 79 дар шаҳри Стабии ҳангоми фаъол шудани оташфишони Везувий нависанда, табиатдон ва файласуфи табии Руми Бостон Гай Плиний Секунд маъруф ба Плинии Бузург заҳлолуд шуд ва аз олам гузашт. Плиний муаллифи машҳуртарин асари таърихӣ бо номи “Таърихи табиӣ” мебошад.
Марги Плиний, ки як фоҷеаи бузурги замонаш буд, ба ду далел сурат гирифтааст. Плиний, ки мутахассиси табиатдон буд, хостааст аз наздик оташфишонро бо чашмони худ бубинад ва онро мавриди мушоҳида ва таҳлилу таҳқиқи илмӣ қарор диҳад. Дуюм, вай қасд доштааст ба дӯсташ Ректино ва хонаводааш, ки имкони гурез надоштанд, кумак расонад. Аммо Плиний дӯсташро пайдо намекунад ва пас аз муддати кутоҳи иқомат дар наздикии оташфишони Визувий аз газҳои партобшуда заҳролуд мешавад ва ба ҳалокат мерасад.
Гуфтанист, ки оташфишон ё вулқони Везувий аз маъруфтарин оташфишонҳои олам буда, дар ҷануби Италия, тақрибан 15 км дуртар аз шаҳри Неапол ҷойгир мебошад. Ба системаи кӯҳҳои Апенин шомил аст ва 1281 метр баландӣ дорад. Бори охир ин оташфишон соли 1944 фаъол шуда буд ва ҳоло аз ҷумлаи вулқонҳои ғайрифаъол аст. Аммо сокинон аз “бедор” шудани он дар соли 1805 хотироти бас нохӯш доранд. Бар асари он дар Неапол ҳудудан 26 ҳазор нафар ҳалок шуда буд.
Оташфишони Везувий бештар аз он шуҳрат пайдо кардааст, ки дар давраҳои гуногун шаҳрҳои қадимии Рум Помпеи, Геркуланум, Оплонтисро тахриб кардааст. Ва чуноне ёдовар шудем, соли 79 ҳангоми фаъол шудани он нависандаи маъруфи Руми Бостон Гай Плиний Секунд маъруф ба Плинии Бузург заҳлолуд шуд ва аз олам гузашт. Дар тӯли ҳазорсолаҳо ин вулқон борҳо аз худ дарак додаву ҳазорон сокинони маҳалҳои атрофи худро куштаву захмӣ кардааст ва ҳолатҳое ҳам шуда, ки даҳҳо ҳазор нафар бехонаву дар мондаанд.
Отшафишони Везувий солҳо илҳомбахши афсонаҳо будааст, то кунун нақлу ривоёти зиёде миёни мардум ва дар адабиёти шифоҳиву хаттӣ боқӣ мондааст. Аз соли 1995 ба унвони Парки миллӣ шинохта шудааст.
Вулқони Везувий дар қаламрави вилояти маъмурии Кампанияи Италия, дар ҷануби риштакӯҳҳои Опеннин ва дар шарқи Неапол воқеъ мебошад. Везувий танҳо оташфишоне дар Аврупост, ки дар сад соли ахир ҷӯшиш доштааст. Ду оташфишони дигари Италия (Этно ва Стромболи) дар ҷазираи Сисил ҷойгир шудаанд. Фавронҳои он аз навъи плинианӣ ҳастанд. Даҳонаи азими ин оташфишон 400 метр қутр ва 300 метр умқ дорад. Ин роҳ ҳамакнун баста аст. Бо он ки ин оташфишон муддате ҳаст ҷӯшиш надорад, вале хомӯш ҳам нест, балки фаъол аст. Солона ҳудуди 700 заминларза дар ин ноҳия рух медиҳад ва газҳое аз даҳанаи он хориҷ мешаванд.
Ин оташфишон бино ба натиҷаи таҳқиқотҳои ахир тахминан 25000 ҳазор сол пеш дар натиҷаи бархӯрди ду плитаи тектоникӣ пайдо шудааст. Фаввораи оташе, ки 3800 сол пеш рух дод, тамоми минтақаро фаро гирифт. Ҳамчуноне ишора рафт, фаввораи оташи ин оташфишон дар соли 79 милодӣ шаҳрҳои азими он замонро пурра тахриб намуд.
Пурқудраттарин инфиҷорҳо дар ин оташфишон солҳои 1631, 1794, 1822, 1872 ва 1906 рух додаанд. Фаввораи оташи соли 1631 10 баробар заифтар аз фаввораи соли 79 буд. Аммо аз он ки шумори аҳолӣ афзуда буду одамон ба ҳам наздик зиндагӣ мекарданд, талафоти ҷонӣ ҳудудан 4000 нафарро ташкил дод. Ҳарчанд фаввораи оташ дар ин оташфишон дар соли 1805 хеле заъифтар буд, вале он ҳам тавонист шаҳри Неаполро хароб кунад ва наздик ба 26 ҳазор нафарро ҳалок кунад.
Таҳияи Б.Шафеъ
Теги: Бобоҷон Шафеъ