Маърифати зеҳнии ҷавонон

Ҷавонон бояд сабақҳои истиқлолиятро ҳаматарафа омўзанд, аз сиёсати имрўз огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд.

Эмомалӣ Раҳмон

Мо сарлавҳаи андешаҳои худро аз суханони Президенти муҳтарами кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон интихоб кардем, зеро маҳз ин марди шариф, сарвари муаззами давлат ва миллати Тоҷикистон бо ташаббус ва роҳнамоии падаронаи худ ҷомеаи моро пеш мебаранд, маллати азизро роҳандозӣ мекунанд ва барои ояндаи дурахшони ватанамон шароити муносиб муҳайё месозанд.

Ҷавонон дар ҷомеа нақши махсусро мебозанд. Ҷавонон нерўи рушди зеҳнии кишвар буда, қувваи бузург ҳастанд. Ҷавонон идомадиҳандаи суннатҳои таърихиву фарҳанги қадимии миллати худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрўзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Агар ба таърихи 25-солаи Тоҷикистон назар кунем, хоҳем дид, ки ин ҳама пешравиҳо дар натиҷаи меҳнати пурсамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба ҷавонон ва дигар табақаҳои ҷомеа ба даст оварда шудааст. Ғамхории Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон рўз ба рўз зиёд гардида истодааст. Шароитҳои беҳтарин дар ҳар як донишгоҳу донишкадаҳо ва омўзишгоҳҳову колеҷҳо фароҳам оварда шудааст. Инчунин яке аз туҳфаи беҳтарин ба ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон ин сохта ба истифода додани бинои наву замонавии Китобхонаи миллии Тоҷикистон мебошад, ки ҳамарўза дарҳои худро барои ҷавонон кушодааст, онҳо имкон доранд, дар ин боргоҳ илм омўзанд, дорои донишу маҳорат ва донандаи хуби забонҳои хориҷӣ шаванд.

Дар таърихномаи ҳар миллат саҳифаҳои сабақомўз ва пурарзише ҳастанд, ки аз иқдоми нек ва хирадмандона ба нафъи халқу ватан башорат медиҳанд ва барои наслҳои оянда ҳамчун чароғи роҳнамо хизмат мекунад.

Инсон якбора ё дар фурсати кутоҳ ба камол намерасад, аз ин рў зарур аст, ки фурсатҳои синусолӣ, хоса айёми ҷавонӣ ва наврасиро бо самар истифода барад, то ин ки аз нигоҳи равоншиносӣ дар айёми пирӣ ангушти таассуф ба лаб нагузорад. Танҳо рўзгори инсон дар замони солхўрдагӣ ҳамон вақт ба гаронӣ мувоҷеҳ мешавад, агар даврони ҷавонии хешро ба абас ва беҳуда масраф карда бошад ё онро босамар ва дар омўзишу маърифат сипарӣ намуда бошад. Мутафакири бузурги тоҷик Абдулқодири Бедил ба ин маънӣ мефармояд:

Чу гул дар вақти пирӣ мекашӣ ҳамёзаи ҳасрат,

Макун, эй ғунча, сарфи хоб шабҳои ҷавониро.

Ба шарофати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон дар ҳаёти ҷавонони кишвар низ тағйиротҳои куллӣ ба амал омаданд ва имрўз дар кишвари мо баланд бардоштани маърифати сиёсии ҷавонон, кўмаки ҳамаҷониба дар ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодиашон дар қатори масъалаҳои муҳимтарини рўз гузошта шудааст. Воқеан ҳам, масъалаи тарбияи насли наврас яке аз мавзўъҳои муҳим буда, аз ҳалли дурусти он пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа вобаста аст. Дар тарбияи ҷавонон тамоми ҷомеа вазифадору масъул аст.

Ҷавонон неруи созанда, навовар ва пешбарандаи ҷомеаанд. Ҷавонони соҳибдилу ботадбир метавонанд ташаккулдиҳандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварҳои ҷаҳон бошанд. Аз ин рў, бо дарназардошти инкишофи босуръати ҷаҳони муосир ҷалби бештари ҷавонон дар идоракунии давлатӣ, ба вижа , роҳбарӣ, мувофиқи мақсад аст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷавонони кордон ва бомаърифату таҷрибадор дар вазорату идораҳои роҳбарикунанда фаъолият менамоянд. Аз ҷумла, дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонба ин қишри фаъоли ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Дар ин робита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми нахустинашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (27 апрели соли 2000) қайд намуда буданд: «Дар айни ҳол ҳузури ҷавононро дар кори парламент хотирнишон кардан бамаврид аст. Зеро ҷавонон вориси ояндаи роҳу равиши ҷомеаи демократӣ ва мақомоти олии қонунгузори мамлакат мебошанд».

Ҳамчунин, Сарвари давлат зимни суханронӣ дар Маҷлиси Кумитаи иҷроияи маркази Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 5 январи соли 2017 изҳор доштанд: «Боиси қаноатмандӣ аст, ки дар парламенти ҳозира сафи бонувону ҷавонон зиёд гардидааст».

Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонон, хусусан занону духтарон, дар вазифаҳои пурмасъулу роҳбарикунанда-вакили Маҷлиси намояндагон, мудирон, муовинони мудирони шуъбаҳо, мушовирони калони кумитаҳо ва комиссияҳо адои вазифа менавмоянд.

Ба хотири ин ҳама боварию эътимод буд, ки ҷавонони Маҷлиси намояндагон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 январи соли 2017-«Соли ҷавонон»-ро бо хушнудӣ пазируфтанд. Иқдоми мазкур ба ҷавонони мамлакат неруи тоза бахшида, эҳсоси ватандориву ифтихори миллии онҳоро бештар намуд. Ҳар кадоми онҳо имрўз омадаанд, ки дар он, дифоъ аз соҳибистиқлолии кишвар, ҳуқуқи боз ҳам шукуфоии меҳани азизамон нақши сазовор гузоранд.

Ҳар сол дар ҷумҳуриамон соли ҷавонон аст. Насли навраси мо бояд ҳамеша дар пайи омўхтани илму дониш бошанд ва кўшиш намоянд, ки дар арсаи байналмилалӣ доимо боиси парафшон додани Суруди миллии Ватани аҷдодиямон бошанд.

Бояд кўшиш намоем, ки мисли Пешвои миллат фарзандони ҳақиқии меҳан бошем, Ватани азизу маҳбуби худ- Тоҷикистонро ҳамчун миллати таъриху фарҳанги ғанидошта ва ташаббускору башардўст муаррифӣ намоем.

Ҷавонони даврони соҳибистиқлоли кишварро зарур аст, ки гузаштаи худро омўхта, сазовори боварию эътимод бошанд ва дар ҷавоб ба дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Президенти кишвар ваҳдати миллӣ ва ҳифзи якпочагии давлатро беш аз беш дарк намуда, ҳимоя намудани ин сарвати муқааддасу бебаҳои миллиро қарзи монию виҷдонии худ шуморанд. Зеро мо – ҷавонон, ҷонибдори сиёсати хирадмандонаи Пешвои ҷавонпарвари худ будем, ҳастем ва мемонем.

Шафоат    Абдусаломова,

мутахассиси шуъбаи илмӣ ва тадқиқотӣ