Марказе бо фаъолиятҳои мухталиф

Марказе бо фаъолиятҳои мухталифМаркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдории Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»- Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки пештар Маркази такмили ихтисос номида мешуд, тибқи иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.10. соли 2012 таҳти № АУ- 00011 ва дар асоси  «Оиннома», «Низом­­нома», «Дастурамал»-и Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ кор ва фаъолият мекунад. Барои гузаронидани курсҳои такмили ихтисос ва бозомўзии китобдорон  Марказ  дорои иҷозатномаи Вазорати  маориф  ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдорӣ фаъолияташро аз 1-уми апрели соли 2012  оғоз намуд. Мутобиқи фармоиши Раёсати Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 4 банди 22 сархати 2 ва банди 24 Оинномаи Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» аз 31 декабри соли 2022 таҳти №99/3 «Дар бораи тағйирот ворид намудан ба шуъбаҳо, бахшҳо ва марказҳо», Марказ «Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдорӣ» номгузорӣ шуд. Марказ яке аз сохторҳои асосии Китобхонаи миллӣ буда, мақсади ниҳоии он такмили дониши кормандони Китобхонаи миллӣ ва ҳамаи китобдорони китобхонаҳои ҷумҳурӣ, тавассути курсҳо, таълим дар ҷойи кор ва семинару конфронсҳои   ватанию  хориҷӣ мебошад.

Марказ дар самтҳои зерин фаъолияти худро амалӣ менамояд:

  • курсҳои такмили ихтисоси китобдорӣ;
  • курсҳои сайёри такмили ихтисос;
  • ташкили семинарҳо, маърўзаҳо,  симпозиумҳои  ватанию  хориҷӣ;
  • омўзиш ва тарғиби донишҳои китобдорӣ, таҷрибаи пешқадами
  • соҳаи китобдории ватанию хориҷӣ ба воситаи васоити ахбори умум;
  • ташкили маркази таълимию тренингӣ оиди азхудкунии технологияи
  • навтарини соҳаи китобдорӣ барои китобдорони ҷумҳурӣ;
  • тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи китобдорӣ ва такмили сатҳи
  • дониши касбии онҳо;
  • расонидани ёрии амалию методӣ ба китобхонаҳои ҷумҳурӣ ва шуъбаҳои Китобхона;

Тибқи тартиби муқарраргардида Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдорӣ бо сафоратхонаҳо, созмонҳо, ширкатҳои байналмиллалӣ, барномаҳои ЮНЕСКО ва ғайра оид ба рушди фаъолияти китобдорӣ (тайёр ва бозомўзӣ, такмили ихтисоси кормандони соҳаи китобдорӣ) ҳамкорӣ мекунад.

Кормандони Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдорӣ  барои  расонидани ёрии амалию  методӣ ба китобхонаҳои ВМБК, Хатлон, Суғд, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ба сафари хидматӣ сафарбар гардиданд. Барои пешрафти кори китобхонаҳои дар боло  зикргардида, дастурҳои методӣ ва зиёда аз 2200 – нусха китобҳои электронӣ,1745- нусха адабиёт  аз захираи  Китобхонаи  миллӣ ройгон ба китобхонаҳои  ноҳияҳои мазкур  тўҳфа  карда шуд.

Инчунин баргузори курсҳои кутоҳмуддати сайёр дар фаъолияти омоданамоии мутахассисони соҳибтаҷриба нақши бениҳоят калонро иҷро менамояд. Ҳайати кормандони Марказ чандин курсҳои сайёрро дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуданд, ки ин як раванди нави беҳбудии фаъолияти соҳа ба ҳисоб рафта, дар омода намудани мутахассисони соҳаи китобдорӣ такони ҷиддӣ аст. Аз рўзи фаъолияти Марказ то имрӯз зиёда аз 1500 нафар аз курсҳои кутоҳмуддати соҳаи китобдорӣ ва библиографияшиносӣ гузашта, дорои сертификат гардидаанд. Инчунин 2200 – нафар таҷрибаомўзони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ-техникӣ мувофиқи барномаҳои  таълимиашон дар  шуъбаю марказҳои  Китобхонаи миллӣ ҷалб гардиданд.

Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдорӣ бо китобхонаҳо ва донишкадаҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва хориҷи кишвар  ҳамкории якҷоя оид  ба бозомўзӣ ва такмили ихтисоси кормандонро барқарор намудаст, ки аз тарафи онҳо ба нишонаи Марказ маводҳои методиву таълимӣ ворид шудаанд.

Ҷамил ВАЛИЕВ,
муовини сардори Маркази таҳсилот
ва инноватсияҳои китобдорӣ.