Маркази «Тоҷикшиносӣ»

Соли 2007 дар сохтори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ маркази илмӣ-фарҳангӣ бо номи «Тоҷикшиносӣ» таъсис ёфт ва ин иқдом нахустин кӯшише буд, ки ба муассисаи илмӣ-тадқиқотӣ табдил додани Китобхонаи миллии кишвар мусоидат менамуд. Марказ, аз соли 2007 то ҳол фаъолияти пурсамар дорад ва дар ин муддати кӯтоҳ ба ҳайси як маркази фарҳангӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ дар ҳаёти фарҳангии мардуми тоҷик нақши босазо гузоштааст.

Вазифаҳои асосии марказ:

– шиносоии истифодабарандагон бо таърих ва фарҳанги оламгири тоҷикон тавассути адабиёт ва дар ин замина, мунтазам ташкил намудани семинару конфронсҳои илмӣ-оммавӣ;

– таблиғи шинохти мардуми тоҷик ва ҳувияти миллии он тавассути нишастҳои васоити ахбори умум бо ҷалби наврасон;

– тарғиби самара ва дастовардҳои замони истиқлол тавассути адабиёт;

– ташкили таҳқиқотҳои назарраси соҳавӣ ва дастрасии он ба омма;

– баргузори ҷамъомад ва ҷаласаҳо оиди ҷашну санаҳои таърихӣ ва шахсиятҳои таърихии кишвар;

– ҳамкорӣ бо марказҳои илмии дохилию хориҷӣ ва ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзӣ дар тарғиби адабиёт ва иттилоот масоили соҳа;

– такмили фонди марказ;

– ташкили сафарҳои хидматӣ ба хотири таҳқиқоти соҳавӣ ва ҷамъоварии мавод.

Фаъолияти дохилии Марказ:

Бо тасмими роҳбарияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон, аз моҳи майи соли 2012, самти асосии фаъолияти Маркази «Тоҷикшиносӣ» васеъ шуда, ба тарҷума, таҳия, тадвин ва чопи китобҳои арзишманди мероси хаттии ниёконамон таҳти унвони «Тоҷнома» (Тоҷикон дар масири тамаддун») дар 50 ҷилд ба нақша гирифта шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки силсилакитоби «Тоҷнома» (Тоҷикон дар масири тамаддун), бо ҳидоят ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳияву чоп мегардад. Қобили зикр аст, ки дар ин давра, 15 ҷилди силсилаи мазкур нашр гардидааст. Ҳадаф аз нашри ин силсила, эҳё, густариш, муаррифӣ ва баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дар замири ҳамватанонамон ва бахусус ҷавонони саодатманди тоҷик аст.

 

Реҷаи кории Марказ:                                                                        аз соати  800 то 1700                      Рӯзҳои корӣ:                                                                                         душанбе-ҷумъа: 

Сардори Маркази “Тоҷикшиносӣ”:                                               Убайдуллоева Манижа

Телефон:                                                                                              221-04-97