Маркази «Тоҷикшиносӣ»- гоме барои худшиносии миллӣ
Маркази «Тоҷикшиносӣ» 13-уми июли соли 2007 дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардидааст. Маркази “Тоҷикшиносӣ” барои баланд бардоштани руҳияи миллӣ ва ифтихори ватандорӣ ва инчунин як қатор вазифаҳои муҳими таърихӣ, аз ҷумла ҷамъоварӣ, коркард, таҳияву тадвин ва нигоҳдории осори чопӣ ва шакли электронии онҳо,таъмини хидматрасонии библиогафӣ ба аҳолӣ,баргузории конфронсу семинарҳои илмӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ ҷиҳати таблиғу ташвиқ ва ривоҷу равнақи фарҳанги китобхониву аҳамияти мутолиа дар ҳаёти инсонӣ, ҷалби бештари аҳолӣ ба китобхонӣ ва рушди маърифати ҷомеаро иҷро мекунад.
Директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Файзализода Ҷумахон Хол дар таърихи 22-июни соли 2021 дар Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ- назариявӣ иброз дошт: “Аз моҳи майи соли 2012 сар карда то ба имрӯз бо тасмими роҳбарияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон самти асосии фаъолияти Маркази “Тоҷикшиносӣ” ба тарҷума, таҳия, тадвин ва чопи китобҳои арзишманди мероси хатии ниёконамон таҳти унвони “Тоҷнома” (Тоҷикон дар масири тамаддун) нигаронида шудааст.
Силсилакитоби “Тоҷнома” (Тоҷикон дар масири тамаддун), бо ҳидоят ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва чоп мегардад.
Мақсади ба нашр расонидани ин силсилакитоб мувофиқи лоиҳа дар аввал зиёда аз 50-ҷилд асарро дар бар мегирад, ки дар шакли нисбатан мукаммал ва услуби илмӣ-оммавӣ барои хонандагон ва донишҷӯёну муҳаққиқони соҳаҳои гуногун пешниҳод намудани муҳимтарин мероси хаттии тоҷикон аз аҳди бостон то даврони истиқлол ва таҳқиқоти дар мавриди таърихи тоҷикон анҷомёфта мебошад.
Мавриди зикр аст, ки бо азму талоши роҳбарияти муассиса кормандони Маркази “Тоҷикшиносӣ” ва дар ҳамкорӣ бо мутахассисони сатҳи олӣ ва донишмандони номовари ҷумҳурӣ Бобоназари Ғаффор, Мӯҳтарам Ҳотам, Фарангис Шарифова, Ҷонибеки Асрориён, Сайфулло Муллоҷонов, Ислом Юсуфӣ ва дигарон то ба имрӯз 15 ҷилди силсилаи “Тоҷнома” (Тоҷикон дар масири тамаддун) ба нашр расидааст. Аввалин адабиётҳои ба нашр расида ин китоби “Авасто”, “Динкард”, “ Бохтар”(иборат аз 2-ҷилдд), “ Мероси хатии бостон(иборат аз 2-ҷилд), “Ғурар-ус-сияр”(Шоҳномаи Саолибӣ), “Ҳудуд-ул-олам”, “Таърихи Систон”, “Зайн-ул-ахбор”, “Таърихи Байҳақӣ”, “Аҷоибнома”, “Тоҷикон”-и Шишов, “Таърихи адабиёти тоҷик”- и Бертелс ва “Курушнома”-и Ксенофонт мебошанд.
Хушбахтона, бо талошҳои зиёди роҳбари Китобхонаи миллӣ профессор Файзализода Ҷумахон Хол нақшаи панҷсолаи силсилаи “Тоҷнома” таҳия гардида, рӯйхати асарҳои минбаъдаи ин силсила паи ҳам ба нашр расида, таҳлилу таҳқиқҳо дар ин самт идома дорад.
Таманно САЛИМОВА, муовини сардори
Маркази “Тоҷикшиносӣ”