Маркетинг ва Менеҷменти китобхона

Бо вуҷуди он ки калимаи англисии «menegment»  ҳанӯз дар асри XVII  истифода мешуд, танҳо дар асри  XX менеҷмент ҳамчун соҳаи мустақили илму дониши дорои мавзӯи омӯзиш, масъалаҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо ҳувайдо гашт. Асосҳои ин илмро маҷмӯи назарияҳо, консепсияҳо, усулҳо, воситаҳо ва системаи идоранамоӣ ташкил медиҳанд. Менеҷмент ҳамчун илм хислати меҳнати идоранамоӣ, сабабу оқибат, омилҳо ва шароитҳои муфиди самаранокии меҳнати якҷояи одамонро шарҳ медиҳад.

Менеҷмент ҳамчун  илм имконият  медиҳад, ки ҳам роҳбари ҷорӣ оҷилан иҷро карда ва ҳам равиши ояндаи зуҳуротҳо пешгӯӣ карда шуда, дар асоси он стратегия ва сиёсати муассиса муайян карда шавад. Аз ин рӯ, ба мазмуни менеҷмент қонуну қонуниятҳо, усулҳо, функсияҳо, шакл ва методҳои фаъолияти мақсадноки одамон ба раванди идоранамоӣ дохил мешавад.

           Менеҷмент ҳамчун санъати амалии идоранамоӣ,  санъати ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ тавассути ташкили оқилонаи раванди истеҳсолот, истифодаи самараноки донишу  малакаи кормандон низ шарҳ дода мешавад. Зеро ҳар як муассиса, аз ҷумла китобхона системаи мураккаби иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва технологӣ буда, ба мавҷудият ва фаъолияти он омилҳои мухталифи муҳити берунӣ ва дохилӣ таъсир мерасонанд. Идоранамоӣ санъатест, ки дар амал сайқал меёбад. Менеҷерҳо бояд дар амал малакаи идоранамоиро сайқал дода дар асоси назарияҳои илмӣ истеҳсолотро ба талаботи замона мувофиқ гардонанд.

     Вожаҳои «Идоранамоӣ» ва «Менеҷмент» аксар вақт ҳамчун  синоним фаҳмида шаванд ҳам дар ситемаи мафҳумҳои касбӣ «Идоранамоии китобхона» ва «Менеҷменти китобхона» фарқ мекунанд. Калимаи «Идоранамоӣ»  фаҳмиши васеътар дорад ва барои  муайян намудани  ҷабҳаҳои техникию технологӣ ва иқтисодию хоҷагидорӣ мквофиқат аст. Барои ифода кардани методологияи идоранамоӣ, ки усулҳои менеҷментро дар ташкили фаъолияти якҷоям одамон, барои ноил гардидан ба мақсадҳои китобхона истифода мебаранд, истифодаи мафҳуми «Менеҷменти китобхона» мувофиқ аст.

       Мафҳуми «Менеҷменти китобхона» зуҳуроти идораи навгониҳоро амиқтар ифода мекунад. Менеҷмент бештар ҷабҳаҳои амалӣ, маркетинг идоранамоиро дарбар мегирад. Дар китобхонашиносии хориҷа «Менеҷменти китобхона» ба ҷои вожаҳои «Роҳбарии маъмурӣ; «Назорат» истифода мешавад.

      Хусусияти хоси менеҷменти китобхона ҳамчун  илм ба ҳалли масъалаҳои амалӣ мутаваҷҷеҳ будани он аст. Асосҳои назариявии менеҷменти  китобхонаро маҷмӯи донишҳо, консепсияҳое ташкил медиҳанд, ки  дар китобхонашиносию иттилоотшиносӣ, назария ва амалияи менеҷмент, иқтисодиёт, психология, сотсиология, педагогика ба даст омаданд.

        Менеҷменти китобхона, ки дар асоси намунаҳои муосири идоранамоӣ ташаккул меёбад, ҷабҳаҳои вижаи худро дорост:

           – Истифодабарии самаранок омили инсонӣ, ки ғамхорӣ барои рушди қобилиятҳои одамон ба фаъолияти якҷояро дарбар мегирад;

         – Ягонагӣ бо маданияти ташкилотчигӣ, ки дар асоси поквиҷдонӣ, самимият ва боварӣ ба одамон бунёд гардидааст.

            – Хусусияти  ташаккулёбандаи система ва методҳо; такмили сохтори мавҷуда (на барҳамдиҳӣ) ва мутассил ба шароити нав мутобиқгардонии он.

            – Пешбинӣ намудани таъғиротҳо, дар асоси  ташаббус, хушбинӣ ва эҷодкорӣ, фавран қабул намудани қарорҳои мутобиқшаванда; афзалияти тамоили стратегии идоранамоӣ, ки барои ҳалли масъалаҳои  рӯз аз рӯз зиёду мураккабшаванда имконият медиҳад ва дар ҳолати якбора дигаргуншавии муҳити беруна мадоро намуда ба мақсадҳои дурнамою дарозмуддати  худ расида метавонад.

            – Ташаккули иртибот дар раванди меҳнат ва муайяннамоии саҳми ҳар як фард дар натиҷаҳои ниҳоӣ.

            Ҳамин тариқ, «Менеҷменти китобхона» аз як тараф барои муайян кардани соҳаи махсуси фаъолияти китобхона, аз тарафи дигар илмеро мефаҳмонад, ки ҳамин соҳаи фаъолиятро меомӯзад. Мақсади ин илм коркарди тавсияҳои амалӣ доир ба такмили менеҷменти  китобхона аст. Менеҷмент ба монанди фаъолияти китобхона гуногунҷабҳа аст. Мақсади кулли тамоилҳои фаъолияти китобхона таъмини фаъолият ва ташаккули китобхона барои расидан ба мақсадҳои стратегӣ аст.

            Дар фаъолияти китобхона намудҳо ва шаклҳои мухталифи менеҷмент истифода мешаванд, ки поёнтар баррасӣ мегарданд.

Маркетинг

            Маркетинг – фаъолияти идоранамоии китобхона буда, бо мақсади пурра қонеъ намудани талаботҳои муроҷиён  ва мутобиқ гардонидани китобхона ба шароити муосири иҷтимоию иқтисодӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ибтидо маркетинги китобхона ба омӯзиш ва қонеъгардонии талаботи муроҷиён, такмили маркетинг иртибот дар ҳама ҷабҳаҳои фаъолият, ташаккули идоранамоии мутобиқшаванда нигаронида мешавад. Яъне менеҷмент ва маркетинг дар ягонагӣ рушд меёбанд. Дараҷаи инкишофи менеҷмент ба ташкил, сифат ва самараи маркетинг вобаста аст. Аз ҷониби дигар менеҷмент оқилона омили асосии самаранокии маркетинг аст.

            Маркетинг фаъолияти гуногунпаҳлӯст. Олимони рус муайян намуданд, ки дар аксар китобхонаҳо корҳои зерини маркетингӣ иҷро карда мешаванд:

            – гирдоварӣ, коркард ва таҳлили иттилоот;

            – муайянсозии талаботи муроҷиён;

            – ташаккул ва қонеъгардонии талабот;

            – фарогирии равандҳои навгонӣ;

            -ташаккули имиҷ;

            -ташкили системаи иртиботи ҷамъиятӣ;

            -омодасозии чорабиниҳои рекламавӣ;

            -таҳияи хулосаҳои таҳлилӣ;

            – тарҳрезии хадамоти нав.

        Ин амалҳо маҷмӯи чорабиниҳои маркетингӣ, идоранамоӣ тавассути маркетинг ва самти фаъолияти маркетинги китобхонаро муайян месозанд.

Бознашр аз китоби “Менеҷмент ва маркетинги фаъолияти китобдорӣ”, Душанбе “Эҷод”, 2007.

Таҳияи Малика АБДУЛЛОЕВА,

 мутахассиси шуъбаи маркетинг

ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.