Маросими камарбандон чӣ маросимест?
«Камарбандон», «камарбаста», «миёнбандон», маросими хосси аҳли касбу ҳунар. Аз қадим миёни мардуми Осиёи Марказӣ аз ҷумла тоҷикон, маъмул буд. Омўзиши ҳунаҳои бадеӣ дар Шарқ дар доираи низоми суннатии «устод-шогирд» сурат мегирифт. Косибиву ҳунармандӣ асосан авлодӣ аст.
Дар гузашта агар шогирд аз авлоди косибу ҳунарманд намебуд, ўро волидайн назди устоди ҳунаре мебурданд. Тарабияи ҳунарварони ҷавон, маъмулан, аз кўдакӣ шурўъ мешуд ва муҳлати муайянро дар бар мегирифт. Шогирд бояд дар ҳамин муддат тамоми асрори касби интихобкардаашро аз худ мекард. Ҳамин ки шогирди ҷавон ба камол мерасид, маросими «Камарбандон» барпо карда мешуд.
Ў зиёфат ороста, маросими «Камарбандон» баргузор мекард. Дар зиёфат, маъмулан, устодони ҳамин касб ва мулло ширкат мекарданд. Шогирд дар охири зиёфат ба устоди худ сарулибос тақдим мекард. Усто дар миёни шогирд миёнбандеро баста, барояш яке аз олатҳои ҳамон пешаро ҳадя мекард (мас., ба оҳангар – болға; дуредгар – теша; гилкор – андова; сартарош – поку ва ғ.).
Усто ва мулло барои мустақилона кор кардан ва баракати кори шогирд фотиҳа медоданд. Шогирд (ҳар кадом моҳир ҳам мебуд) танҳо баъди баргузор кардани «Камарбандон» аз мартабаи шогирдӣ ба мартабаи устоӣ мерасид. Дар навъе аз варзишҳои миллӣ, махсусан куштӣ низ «Камарбандон» роиҷ аст. Ҳоло низ дар баъзе минтақаҳо маросими «Камарбандон» ба назар мерасад.
Бозчоп аз: Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе. – 2020. – Ҷ. 9. – С. 322.
Таҳияи Манижа Раҷабова
Муаллиф: Р. Бромзод
Корманди шуъбаи библиографияи миллӣ