Муаррифӣ: Шуъбаи коркарди адабиёт

Шуъбаи-коркарди-адабиёШуъбаи кокарди адабиёт соли 1933 ташкил шуда, соли 1936 феҳристи хизматӣ (генералӣ) ба фаъолият шуруъ намудааст.

Феҳрист тавсироти дастхатҳо, тафсироти китобҳои чопӣ ва маводи матбуоти даврӣ аст. Феҳристҳо аз рӯи вазифаи худ мазмуни ҳар асар, ҷилдҳои давомдор ва маводи матбуоти давриро  соҳа ба соҳа мураттаб месозанд. Дар феҳристҳо тарзу усулҳои таълифот на ба мисли таълифи асарҳои бадеӣ мебошанд ва дар онхо персонажҳо дида намешаванд. Феҳристҳо  тарзу коидаҳои чудогонаи ба худ хос доранд. Онхо маълумоти мухтасари ҳар китоб, маводи матбуоти давриро инъикос менамоянд.

Мақсади  ниҳоии шуъба коркарди тамоми ҳуҷҷатҳои ба фондҳои Китобхона воридшуда мебошад. Самтҳои асосии фаъолияти кории шуъба қабул намудани китобҳо аз шуъбаи мукаммалгардонии китобҳост. Ракамгузорӣ  намудани адабиётҳои тозанашр  аз рӯи ҷадвали таснифоти даҳгонаи универсалӣ. Тартиби воридсозии китобҳои тозанашр  дар барномаи ALEPH. Ба китобҳои тозанашри дар барномаи ALEPH воридшуда чоп намудани баргаҳо. Дар баргаҳои феҳристи хидматӣ кайд кардани рақамхои китобҳое, ки ба такрор нашр мешаванд. Дар феҳристи хидматиӣ (генералӣ) аз рӯи алифбо ҷобаҷогузории  баргаҳои китобҳои тозанашр.

Шуъбаи коркарди адабиётРақамгузории китобҳои тозанашре, ки аз тарафи муаллифон барои ба нашр расонидан омода мегардад, (мутобики муроҷиати муаллифон) тибқи ҷадвалҳои таснифоти даҳгонаи универсалӣ (ТДУ) ва  таснифоти китобхонавӣ-библиографӣ (ТКБ) ҷобаҷо карда мешавад.

Мутобиқнамоии феҳристи генералии хидматӣ бо феҳристҳои хизматрасони Китобхона. Хориҷ намудани маводҳои санадшуда аз феҳристи алифбоӣ аз тарафи шуъбаҳое, ки дорои фонд мебошанд. Интиқол намудани китобҳои коркард шуда ба шуъбаҳои дахлдори Китобхона.