Муаррифӣ. Тулӯи Ҳақиқат
Ин китоб соли 2019 зери назари собиқ Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ дар таҳия ва виростории Саидумрон Саидов дар нашриёти “Ношир”-и шаҳри Хуҷанд нашр шудааст.
Дар ин китоб сухан аз осори илмиву таърихӣ, адабиву фарҳангии Сарвари давлат меравад, ки дар солҳои гуногун ба табъ расиданд. Олимону донишмандони маъруф дар бораи арзиши баланди ин китобҳо изҳори назари хешро баён карданд, ки барои аҳли ҷомеа ва доираи васеи хонандагон муфид мебошад.
Чанде аз сифатҳои касбӣ ва инсонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
- манфиати давлату миллатро аз ҳама чиз боло мегузорад;
- мушкилнописанд аст, аз ҳеҷ гуна душворӣ намеҳаросад ва ғайрати беандоза ба кор дорад;
- дар мавриди риоияи қонуният бисёр ҷиддӣ ва бо қатъият рафтор мекунад ва ҳамзамон дар баробари инсонҳо раҳим ва меҳрубон аст;
- дар қавлу амали худ устувор аст;
- ватани худ ва халқи худро сидқан дӯст медорад ва инро на танҳо бо сухан, балки дар ҳаёт ва фаъолияти ҳаррӯзаи худ амалан нишон медиҳад;
- дар ҳаёт ва фаъолияти ҳаррӯза ба ҳамватанони худ, махсусан ба насли ҷавон намунаи олии матонат, ҷасорат ва фидокорӣ нишон медиҳад.
- аз замони наврасию ҷавонӣ тарзи ҳаёти солимро пеша карда, имрӯз ин хислати наҷибро ба ҷавонони имрӯза низ талқин менамояд;
- дар пайи иҷрои ҳар як нақшаву амал қабл аз ҳама ба халқи худ, махсусан ба табақаи пешрави он – зиёиёни кишвар такя ва бо онҳо маслиҳату машварат менамояд;
- бисёр меомӯзад ва маърифати баланд дорад, сари масъалаҳои касбӣ ва вижагиҳои ҳунар ва эҷод бо адибону олимон, рӯзноманигорону ҳунармандон бо иштиёқ суҳбат мекунад;
- сабру таҳаммулро меписандад, шукргузор ва қаноатпеша аст ва аҳли ҷомеаи кишварашро ба ин роҳ ҳидоят менамояд;
- ба забони тоҷикӣ ва дигар муқаддасоти давлат ва миллат бо эҳтироми беандоза арҷ мегузорад ва аз дигарон низ инро талаб менамояд;
- ба ояндаи неку дурахшони Ватан ва ҳалқи худ итминони комил дорад;
- бар он аст, ҳеҷ гоҳ як мушкили олам ҳалнашаванда нест ва баҳри ҳалли он танҳо завқ ва ҷаҳду талоши инсонҳо лозим аст;
- дар ҳама ҷой ва дар ҳама кор низому тартиботро дӯст медорад;
- на танҳо дар бораи Тоҷикистон, балки сари мушкилоти умдаи олам, аз қабили авзои Афғонистон, норасоии оби ошомиданӣ, қочоқӣ маводи мухаддир, терроризм ва ифратгароӣ бисёр андеша мекунад ва дар ин бора чорабиниҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла аз минбари СММ низ борҳо сухан гуфтааст;
- тамоми суннатҳо, расму анъанаҳо ва одобу урфияти мардум ва кишвари худро хуб медонаду дӯст медорад ва барои ҳифзи ривоҷи онҳо ҳама чораҳоро меандешад;
- таърихи миллати худро хуб медонад ва дар ин самт асарҳои мондагор эҷод кардааст;
- донандаи хуби осори мардумӣ ва ҳунарҳои халқӣ буда, ба онҳо арҷ мегузорад;
- аз тамоми вижагиҳои ҳунару санъати касбӣ чун як мутахассис огоҳ аст ва метавонад маҳорати ҳунарпешагону санъаткоронро арзёбӣ ва раҳнамоӣ кунад;
- бисёр касбу ҳунарҳоро омӯхтаву аз худ намудааст ва метавонад, масалан, дар сари фармони булдозер ё эксватор нишинад ва бо камоли кордонӣ онҳоро идора кунад;
- маълумоти хубе аз хоҷагии қишлоқ, агрономӣ, заминдорӣ, боғу токпарварӣ, шоликорӣ, асалпарварӣ, зироаткорӣ ва сойири касбу кори кишоварзӣ дорад ва аз ин маълумот дар сарварии худ истифода мекунад;
- огоҳии хубе аз бинокорӣ, роҳсозӣ ва коммуникатсия дорад ва ин ҳама дар бунёдкориҳои кишвар раҳнамои ӯянд;
- хотираи аҷиб дорад, тамоми шахсиятҳо, беҳтарин мутахассисони соҳаҳои гуногун, ҳунармандону соҳибкорони номдор, роҳбарону мутахассисони варзидаро ном ба ном медонаду мешиносад ва пайваста бо онҳо алоқа доштаву аз касбу корашон огоҳ аст, ки ин боиси дилгармии онҳост;
- ӯро падари миллат меноманд ва ин танҳо барои он нест, ки ӯ Сарвари кишвар аст, балки воқеан ӯ падари тамоми бепадарону ятимону маъюбон ва камбизоатон аст, аз ҳоли онҳо огаҳ буда, дасти кӯмаку навозишаш бар сари онҳо мерасад ва тамоми ятимон мегӯянд: мо ятим нестем, зеро падар дорем ва падари мо Эмомалӣ Раҳмон аст;
- мардест, ки бо хоксорию фурӯтанӣ раҳ бо водии қалбҳо гирифааст.
Таҳияи Меҳрангез Муҳаббатова,
сармутахассиси Медиатекаи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон