Масал ва масалнависӣ дар адабиёти тоҷик ва ҷаҳон
Масал (ар.қисса, достон), як намуди қадимии ҷинси адабии лиро-эпикӣ. Масал асари хурдест, ки дар шакли ривояти рамзнок, ӽикояӽои воқеии ибратомўз, муколамаӽои кинояомез ва қиссаву афсонаӽои муассири рамзнок таълиф гардидааст. Масал метавонад, ки мустақил, андар дохили асарӽои дигар ва дар маҷмуаӽои хос вуҷуд дошта бошад. Қаӽрамонони масал баъзан, одамон, вале одатан ӽайвонот, парандаӽо, ӽашарот, ҷирмӽои осмонӣ, ҷисмӽои заминӣ, узвӽои бадан, узвӽои бадан, образӽои образӽои маҷозӣ, ашёи пиндорӣ (ақл, ҷон, ӽуш) ва ғайра мебошанд.
Қаӽрамонӽои масал ағлаб бо вуҷуди ғайриинсон будан такаллум мекунанд, мулоӽиза ва муӽокима меронанд. Масал ба санъати ташхис асос ёфта, дар он рамз, киноя, маҷоз, суханҳои тагдору духӯра, писханд ва фошкунию мазамати тарафи муқобил низ мақоми калон дорад. Одатан дар охир ва гохе дар аввали масал натиҷагирӣ мешавад, ки он дар хулосаи ӽикматомезе ҷамбаст гардидани ғояи масал мебошад. Дар адабиёти атиқа ин навъ натиҷагириро «мораль» мегуфтанд. Дар адабиёти форсу-тоҷик, арабизабон ва туркизабон ин қисмати масалро ӽикмати масал мегўянд. Дар бисёр масалӽо ӽикмати он махсус таъкид нагардида, аз мазмуни масал бармеояд.
Масал дар адабиёти ҷаӽон таърихи бостонӣ дорад. Дар Юнони Қадим масалӽои Эзоп (тақр.а.6 то м.) машӽур буда, ба фолклори халқхои зиёде ворид шудаанд. Масалнависи машӽури Рум Фёдор (а.1) буд.
Китоби санскритии « Панчатантра» («Панҷ китоб» асри II) аслан маҷмуаи масалӽо буда, дар асри VI аз санскритӣ ба паӽлавӣ тарҷума гардида, аз рӯи номи қаӽрамонӽои асосиаш ду шағол- Калилак ва Димнак унвони «Калила ва Димна»-ро гирифт. Он дар асрӽои VIII аз паӽлавӣ ба арабӣ ва дар асрӽои X аз арабӣ ба тоҷикӣ баргардонда шуда, минбаъд дар тамоми дунё машӽур гардид. «Калила ва Димна» -ро Рўдакӣ ва Қонеӣ (асри XIII) ба назм кашида, он чандин бор ба тоҷикӣ таӽрир шудааст. “Марзбоннома» низ манбаи асосии масал мебошад. Масал ба адабиёти форс-тоҷик ба воситаи ин ду асар ворид гардида, то имрўз роиҷ аст.
Масал дар таркиби асарӽои таълимӣ, ахлоқӣ, ирфонӣ, фалсафӣ ва бачанона бештар истифода шуда, дар дар достонӽои ӽамосӣ, ишқӣ ва нақлӣ камтар ба назар мерасад.
Масал дар эҷодиёти Носири Хусрав («Каду ва Чинор»), «Ҳамса»-и Низомӣ (хусусан «Махзан-ул-асрор»), маснавиӽои Саноиву Аттор, «Бўстон» ва «Гулистон»-и Саъдӣ, «Маснавии маънавӣ»- и Ҷаллолуддини Румӣ, «Ҳафт авранг» ва «Баӽористон»-и Ҷомӣ, «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҳозиқ, «Маӽбуб–ул-қулуб»-и Мумтоз ва ғайра мавқеи калон дошта, дар фаӽмиш, идрок ва тарғиби афкори муаллифонашон ёвари хубанд.
Тахрихи масалнависии Аврупо бо номи шоири франсавӣ Лафонтен (1621-95) вобаста аст. Дар Русия инкишофи масалнависӣ ба муӽити иҷтимоӣ, таърихӣ ва мадании асри XIX (А.П.Сумароков ва дигарон) марбут аст.
Шоири рус И.А.Крилов(1769-1844) аз масалнависони машӽури ҷаӽон аст. Манбаи бисёре аз масаалӽои адибони Ғарб ба адабиёти Шарқ, аз ҷумла ба адабиёти форс-тоҷик мерасад.
Масал дар тамоми адабиётӽои олам мавҷуд буда, баъзе масалӽо хусусият ва шўхрати ҷаӽонӣ доранд. Дар адабиёти даврни Шуравӣ Демян Бедний, А.Лоҳутӣ, С.Михалков, К. Крапива, Б. Олейник, ¯. Сухайлӣ, Боқӣ Раҳимзода ва дигарон масалӽо навишта, ба василаи онӽо айбу нуқсонӽоро фош кардаанд.
Манбаъ: А. Афсаӽзод: “Масал”. “Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик”. Душанбе, соли1989.
Таҳияи Дилафрӯз РАҲИМОВА,
мутахасиси шуъбаи адабиёт доир
ба фарӽанг ва ӽунар