“Масъалаҳои таҷдиди хадамоти библиографӣ дар фаъолияти китобхонаҳои ҷумҳурӣ”. Мизи гирд дар Китобхонаи миллӣ
Дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи маълумотдиҳии библиогрфӣ ҳамоиши илмӣ таҳти унвони “Масъалаҳои таҷдиди хадамоти библиографӣ дар фаъолияти китобхонаҳои ҷумҳурӣ”- доир гардид. Дар ин ҳамоиш намояндагон аз Хонаи Китоби Тоҷикистон, Китобхонаи марказии илмии АМИТ, Китобхонаи давлатии патентию –техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявӣ ба номи Мирсаид Миршакар ва кормандони Китохонаи миллӣ иштирок намуданд.
Салима Раҷабзода муовини аввали директори Китобхонаи миллӣ чорабиниро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла гуфт, ки ба мову шумо маълум аст Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус азму талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи китобу китобдории тоҷик такони бузург бахшидааст.
Дар ҷомеаи имрўза бо пешрафти илму техника ва технологияи иттилоотӣ ҳар як соҳа дар ҳоли рушд қарор дорад, ки фаъолияти библиографӣ дар китобхонаҳо низ аз ин раванд бетараф нест. Библиографони касбии ватанӣ имрўзҳо баҳри рушду пешрафти ин соҳа ва мутобиқ гардонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти библиографии китобхонаҳо талош ба харҷ медиҳад. Махсусан дар Муассисаи мо дар соҳаи библиография дар самти таҳияи дастурҳои библиографӣ як такони ҷиддӣ дида мешавад.
Ба мақсади беҳтар намудани ташаккули фонд, бо нашрҳои пуразиш, пурра намудани онҳо, ки ба соҳаҳои пурранамоии китобхонаҳо ва инчунин, шавқу эҳтиёҷоти хонандагон мувофиқат мекунад, дастурҳои тавсиявӣ-библиографӣ истифода бурда мешавад. Салима Раҷабзода дар идомаи суханонаш афзуд: Имрўз баланд бардоштани маҳсулнокии фаъолияти библиографӣ яке аз ҳадафҳои асосии библиографишиносони тоҷик ба ҳисоб меравад. Дар бобати дурнамои бозсозии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ибрози назар намуда, бояд пеш аз ҳама қайд кунем, ки имрўз вазифаи асосии библиографишиносӣ аз пайдо намудани роҳу воситаҳо барои баланд бардоштани маҳсулнокии фаъолияти библиографӣ иборат мебошад, зеро танҳо ин роҳ метавонад таъсири иҷтимоӣ ва сифатнокии библиогрфияро баланд бардорад.
Суханронии Сайзароб Нодирзода – директори Хонаи Китоби Тоҷикистон дар мавзўи “Заминаҳои эҳёи хадамоти библиографӣ дар Тоҷикистон” бахши дигари барарсиҳ дар мизи гирд буд.
Сайзароб Нодирзода аз таърихи хадамоти библиографӣ ва душвориҳои кор дар ин соҳа ҳарф зад. Вай аз ҷумла гуфт, “хадамоти библиографӣ солҳои охир ҳамчун ҷузъи асосии фаъолияти китобхонаҳо маҳсуб ёфта, он давра ба давра инкишоф меёбад. Аз сарчашмаҳо ба ҳамаи мо маълум аст, ки нахустин китобдорон шаклӣ шифоҳии библиографияро истифода менамуданд. Баъдҳо хадамоти библиографӣ мақоми махсусро соҳиб гардид, ки баъдҳо барои роҳнамоии хонандагон , дарёфти сарчашма, тартиби рӯйхати адабиёт ва хулосаҳои библиографӣ истифода мегардад”.
Ёдгор Бердизода-мудири шуъбаи библиографияи миллии Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии АМИТ дар робита ба фаъолияти босамари библиографии солҳои охир суханрони намуда, таъкид намуд, ки АМИТ пайваста Солномаи нашри Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро нашр мекунад, ки муҳақиқону пажӯҳишгарон метавонанд, аз он ба таври васеъ истифода намоянд. Бояд гуфт, ки хадамоти библиографӣ аз солҳои 60-уми асри гузашта ба кор оғоз намуда, буд ва муддате бо сабабҳои набудани имконотҳои дастраси ба маводҳои зарурӣ фаъолияташро қатъ намуд. Соли 2017 бо дастгирии бевоситаи ҳукумати кишвар дубора эҳё гардид ва то имрӯз нашр карда мешавад ва яке аз самтҳои асосии фаъолияти Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии АМИТ ба шумор меравад мешавад.
Сардори шуъбаи автоматикунонии Китобхонаи давлатии патентию-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гадоев Х. дар идома баромад намуда, аз бахши фаъолияти библиографии китобхона ва махсусиятҳои кори хадамоти библиографии ин муассиса сухан гуфт. Вай иброз дошт, ки Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази милии патенту иттилооти»- и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз он китобхонаҳои соҳавие дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад, ки бо хазинаи гаронбаҳояш дар рушду нумӯи илми муосир, коркардҳои илмию техникӣ, татбиқи лоиҳаҳои технологӣ ва обьектҳои моликияти саноатӣ мусоидат менамояд. Нақши китобхона ҷиҳати рушди соҳаи китобдорӣ назаррас буда, пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар равияи кори худ ба дигар китобхонаҳои ҷумҳурӣ низ кӯмаки методӣ ва амалӣ расонад.
Суханронии Гулнора Азизова – мудири шуъбаи пурракунӣ ва коркарди адабиёти Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар дар мавзўи “Фаъолияти библиографии КДБҶ ба номи М. Миршакар дар даврони соҳибистиқлолӣ” низ бахши бисёр муҳими ҳамоишро ташкил медод. Бино ба гуфтаи ӯ Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар дар давоми фаъолияти худ зиёда аз 100 дастурҳои гуногуни библиографӣ таҳияву нашр намудааст. Дар ин радиф бахшида ба “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон” дастури библиографӣ таҳия мешавад, ки аз оғози ҳамоиш то ҷараёни баргузории он ва тавсияву пешниҳод барои истифодабарандагонро дар бар мегирад.
Дар баромадҳои намояндагон аз Хонаи Китоби Тоҷикистон, Китобхонаи марказии илмии АМИТ, Китобхонаи давлатии патентию –техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявӣ роҷеъ ба масоили вазъи кунунии хидматрасонӣ бо дарназардошти воридшавии технологияи нави иттилоотӣ дар фаъолияти китобхонаҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуда, андешаҳои ҷолиб перомуни беҳтар намудани фаъолиятҳои шуъбаҳои библиографии китобхонаҳо дар самти созмондиҳии дастгоҳҳои маълумотӣ-библиографии анъанавӣ ва электронӣ, таҳияи силсилаи дастурҳои библиографӣ доир ба мавзуҳои мубрами давр, ҷоннок намудани фаъолияти китобхонаҳои электронӣ ба тақозои даврони истиқлол ва махсусиятҳои ҷомеаи иттилоотӣ дар самти таҷдиди хадамоти библиографӣ дар кори китобхонаҳои Тоҷикистон мавриди зикр қарор гирифт.
Дар анҷом Шариф Комилзода – номзади илмҳои педагогӣ, дотсент як зумра камбудиҳои дар фаъолияти библиографии китобхонаҳои ҷумҳурӣ ошкоршударо ном бурда, ҷиҳати рафъи ин камбудиҳо ва беҳтар гардидани вазъи истифодаи дастурҳои библиографӣ, таҳияи онҳо ва тарғиби донишҳои библиографӣ пешниҳодҳо намуд.
Дар фаъолияти Китохонаи миллӣ библиографияи тавсиявӣ яке аз самтҳои муҳими он ба ҳисоб меравад. Аз оғози фаъолияти Китобхона то ба имрўз диққати асосӣ ба библиографияи тавсиявӣ, махсусан дар омода ва таҳия намудани дастурҳои библиографии тавсиявӣ, хидматрасонии тавсиявӣ-библиографӣ ба хонандагон дар тарбияи худшиносии миллӣ, баланд бардоштани савияи дониш, худомўзӣ ва ғайраҳо дода мешавад. Китобхонаи миллӣ ҳамчун маркази библиографияи тавсиявӣ барои тамоми китобхонаҳои ҷумҳурӣ дастурҳои методию тавсиявӣ, дастурамалҳо ва ғайраҳо омода ва таҳия менамояд.
Роҳбари муассисаи нашриявии “Ирфон” Қурбоналӣ Ғуломзода дар охири мизи мудаввар аз чопи дастурҳои библиографии нашриёти “Ирфон” давоми чанд соли охир ҳарф, зада аз камтаваҷҷуҳии бисёре аз Китобхонаиҳои ҷумҳурӣ нисбат ба дастурҳои библиографӣ изҳори нигаронӣ намуд.
Вай гуфт, ки муассисаи нашриявии “Ирфон” ҳамасола даҳҳо дастурҳои библиографиро таҳия намуда, ба истифодабарандагон пешниҳод менамояд, аммо чанд вақти охир харидории дастурҳо хеле кам ба назар мерасад. “Мо дар чанде, аз намоишҳои китоб дастурҳоро ба китобхонаҳо шинос намуда, ҳатто чанд нусхаӣ тақдим намудем, ки барои пешбурди фаъолияти библиографӣ бо мо ҳамкорӣ намоянд, аммо ин вазъият то ҳол нигаронкунандааст. Китобхонаи миллӣ ва дигар китобхонаҳои ҷумҳуриро барои ҳамкориҳои судманд дар самти таҷдиди хадамоти библиографӣ ба ҳамкорӣ даъват мекунам ва умед аст дар якҷоягӣ ба дастовардҳои назаррас ноим мегардем”, гуфт ӯ.
Дар ҷамъбаст иштирокдорон назару андешаҳои худро дар робита ба таҷдид фаъолияти библиографӣ пешниҳод намуданд. Мо набояд фаромўш намоем, ки яке аз роҳҳои асосии баланд бардоштани самаранокӣ ва такомули равандҳои библиографинамоӣ ва хидматрасонии библиографӣ ин бо техникаи замонавӣ муҷаҳҳаз намудани онҳо мебошад.
Наргис НАЗАРЗОДА, бахши
матбуот ва робита бо ҷомеа.