Масири камолот. Бахшида ба 85-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Урун Кӯҳзод

Омӯзиш ва нақду баррасии эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Ӯрун Кӯҳзод собит месозад, ки воқеан, насри тоҷикии садаи ХХ баъди солҳои шастум ба таҳаввулоти ҷиддии ҳам мазмунӣ ва ҳам шаклию сабкӣ дучор гардидааст. Ҷустуҷўҳо ва кашфиётҳои адабии П. Толис ва махсусан, Ф. Муҳаммадиев ба тамоилҳои асосии насри тоҷикии он солҳо таъсири амиқ гузошта, барои зуҳури падидаҳои тозае дар наср, мисли насри равонковӣ, насри андеша ва насри иҷтимоӣ роҳ кушод. Устод Кўҳзод, ки аз ҷумлаи шогирдон ва дастпарварони бевоситаи мактаби адабии Ф. Муҳаммадиев мебошад, аз ибтидо, дар рушду такомули ин тамоили тозаи адабӣ то имрўз саҳми шоистаи худро мегузорад. Маҳз тавассути эҷодиёти адиб тамоили тозае дар насри психологии тоҷикӣ ба миён омад, ки онро аксари муҳаққиқон ва мунаққидони адабиёти муосири тоҷикӣ бо номи «насри андеша» ёд мекунанд. Ин падида дар эҷодиёти нависанда, дар ҳикояҳо ва махсусан қиссаҳои «Кини Хумор», «Як рўзи дароз, рўзи бисёр дароз», «Тақвими роҳгум» ва романи «Бандии озод» такмил ёфта, то ба дараҷаи хусусияти асосии сабки бадеӣ ва фардии нависанда расидааст.

 Бояд гуфт, ки марҳалаҳои асосии камолоти адабӣ ва эҷодии Кўҳзод ба давраҳое рост меояд, ки дигаргуниҳои муҳиму назаррас ба амал меомаданд. Нависанда соли 1937 дар деҳаи Ғазаи ноҳияи Панҷакент ба дунё омада, давраи кўдакӣ ва наврасии худро дар муҳити деҳа, дар байни одамони ба истилоҳ «деҳотӣ», ки завқу салиқа ва ахлоқу русуми хоссеро доранд, мегузаронад. Баъдан, ў барои таҳсил озими шаҳрҳои Панҷакенту Душанбе мегардад ва дар давраҳои таҳсил дар Омўзишгоҳи педагогии шаҳри Панҷакент ва Донишкадаи омўзгории шаҳри Душанбе (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) ба муҳити рўзгори шаҳрӣ ва устодони воқеии адабиёт меафтад, ки он аз муҳити деҳа ба куллӣ фарқ дошт. Ҳамаи инҳо ба фароҳам омадани ҷаҳони маънавӣ ва такмили ҷаҳонфаҳмию ҷаҳоншиносии нависанда нақши худро мегузоштанд.

Дар як мусоҳибаи рўзномаӣ нависанда дар бораи давраи наврасӣ ва ҷавонии худ ишора карда, таъкид менамояд: «Воқеаҳои хурду калони рўзгор дар ин дунёи васеъ баъзан, дар хотири кас, вобаста ба табиат ва муҳит ва ҳолати даврони кўдакӣ, сурат мегирад». Дар идомаи ин суҳбат устод Кўҳзод ҳангоми ҷавоб гуфтан ба суолҳои рўзноманигор аз ишқу алоқаи худ  аз даврони таҳсил дар мактаби деҳа ба китобхонӣ ёдовар шуда, иброз медорад, ки мо дар он солҳо достонҳои «Шоҳнома»- и Фирдавсӣ, «Муш ва гурба»-и Убайди Зоконӣ ва «Чор дарвеш»-ро бо ҳавас ва ишқу алоқаи хос метолиа мекардем. «Дар он давра, — таъкид мекунад адиб, — «ҳаваси хондан буд, ҳаваси навиштан набуд». Ин шавқу ҳавас дар Кўҳзод баъдтар, шояд дар замони дар омўзишгоҳи педагогӣ таҳсил намуданаш пайдо шуда бошад. Тибқи иттилои худи нависанда, воқеан, ин омўзишгоҳ омўзгорони «комилсавод ва масъулиятшинос дошт», ки онҳо «бағоят ҳалол дарс медоданд». Табиист, ки ҳамаи ин омўзишҳо, бардоштҳо ва муроқибаю мушоҳидаҳои овони ҷавонӣ дар эҷодиёти нависанда ва махсусан, дар қиссаю ҳикояҳои аввалини ў нақши худро гузоштанд.

Тасвири манзараҳо ва саҳнаҳои ҷолибе, ки дар ҳикояҳои маҷмўаҳои «Сареву савдое» ва «Як сару сад хаёл» мебинем, маҳз натиҷаи бардоштҳои муаллиф аз он даврон мебошад. Дар ҳикояҳои «Тўи нав», «Модар ва Азроил», «Шаби чаҳордаҳ», «Ҳосили умр», «Баррача», «Каси якка дар кўҳ» ва қиссаҳои «Роҳи ағба» ва «Писанддара» эҳсосот ва бардоштҳои давраи ҷавонии нависанда бо як завқу муҳаббати хос ба қалам дода мешавад. Хонанда ҳангоми мутолиаи ин қабил асарҳои заминаҳои устувори тарҷимаиҳолидошта, иштироку ҳаракат ва нақши бадеии образи муаллифро ба равшанӣ эҳсос менамояд.

Марҳалаи дигар ва муҳимми рўзгори фардӣ ва эҷодии нависанда аз замонҳои дар Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рўдакӣ (1960-1961), маҷаллаи «Хорпуштак» (1964-1968), рўзномаи «Маориф ва маданият» (1968-1979) ва идораҳои дигар коркардани ў оғоз меёбад. Дар ин давраҳо нависанда, ки ба муҳити илмию адабии ҷумҳурӣ ворид гардида буд, дар масири эҷодӣ низ гомҳои устувор мегузорад. Махсусан, ҳамкории ў бо Ф. Муҳаммадиев маҳз аз ҳамин давра, яъне аз замони дар маҷаллаи «Хорпуштак» кор карданаш оғоз мегардад. Ў. Кўҳзод, ки аз ибтидо дар навиштаҳояш оҳанги ҳаҷвӣ эҳсос мегардид, таваҷҷуҳи устод Ф. Муҳаммадиевро ба худ ҷалб намуда буд. Маҳз ба хотири сабки хосси ҳаҷвнигорияш Кўҳзодро ба маҷаллаи «Хорпуштак», ки нашрияи ҳаҷвию танқидии замон буд, сардабири ҳамонвақтаи он Ф. Муҳаммадиев ба кор даъват менамояд. Кўҳзод дар ҳамон мусоҳибае, ки болотар зикр гардид, аз нақшу мақоми Ф. Муҳам- мадиев дар рўзгори эҷодии хеш ёдовар мешавад. Ў таъкид менамояд, ки «ба нахустин ҳикояи ман муаллим Фазлиддин Муҳаммадиев қалам заданд. Ин ҳикоя «Мунаққид ва матбахӣ» ном дошт, он кас бо номи «Мунаққид ва ошпаз» дар маҷаллаи «Хорпуштак» чоп карданд». Ин шояд дарси аввалини мактаби нависандагӣ буд, ки Кўҳзод аз устоди худ гирифта буд. Тақризи Ф. Муҳаммадиев «Тири адиб набояд хок хўрад»-ро ки ба як ҳикояи Б. Ғанӣ ва як ҳикояи Кўҳзод иртибот дорад, метавон дарси дуюми устод ба шогирдаш ҳисобид. Зеро дар ин тақриз ҳикояи «Роҳ»-и Кўҳзодро Ф. Муҳаммадиев ба таври ҷиддӣ ҳаматарафа нақду баррасӣ намуда, камбудиҳои онро нишон додааст. Устод Ф. Муҳаммадиев таъкид менамояд, ки «ба таълифоти онҳо (яъне, Б. Ғанӣ ва Кўҳзод) эрод гирифтан барои ман баро- бари худтанқидкунист». Аз ин маълум мегардад, ки Ф. Муҳаммадиев масъалаи тарбияю роҳнамоии ин ду адиби он солҳо хеле ҷавонро бо камоли масъулият бар дўш гирифта будааст ва инро худи Кўҳзод ҳам борҳо таъкид карда, аз нақши устод Ф. Муҳаммадиев дар камолоти эҷодии худ ёдовар шудааст.

Маҳсули эҷодии ин давраи нависанда бештар ҳикояҳои хурди ҳаҷвӣ буда, бо номҳои «Ришханд», «Малофаҳо», «Хомпазҳо», «Ҳикоёт аз таърихи адабиёт», «Гардам аз одамҳот» ва ғайра ба дасти хонандагон расидааст. Дар маҷмўъ, аз соли 1960 то соли 1972, яъне бештар аз даҳ соли аввали фаъолияти меҳнатию ҷустуҷўҳои нависандаро метавон давраи омўзиш ва камолот дар роҳи эҷодӣ номид. Соли 1972 маҷмуаи аввалини ҳикояҳои Кўҳзод бо номи «Сареву савдое» аз чоп мебарояд, ки он воқеан, дар ҳаёти адабию эҷодии ў ҳодисаи ҷолиб буд. Баъдан, худи ҳамон сол қиссаи «Роҳи ағба» низ ба нашр мерасад, ки ин қадами ҷиддитари нависандаи ҷавон ба арсаи адабиёт маҳсуб мегардад. Мунаққид Ҷ. Бақозода дар тақризи худ ба қиссаи «Писанддара»-и нависандаи дар он солҳо ҷавон таваҷҷуҳ намуда, ҳусну қубҳи онро дар тақризи муфассали худ нишон дода, аз ҷумла чунин таъкид кардааст: «Ман боварӣ дорам, ки асар («Писанддара») хонандаро дар бораи қисмати инсон, имрўзу фардои он, мавқеи ҷамъиятии он ба фикр кардан водор менамояд».

 

Шакли комили мақолаи Шамсиддин Солеҳро ин ҷо метавонед мутолиа кард: МАСИРИ КАМОЛОТ