Масъулияти баланди Китобхонаи миллӣ…
Озмун гузашт, аммо фаромӯш накунем, ки дар куҷо гузашт ва бо гирудори киҳо гузашт…
Боре навишта будам, ки ҳама навъи тадбирҳои фарҳангӣ бояд дар китобхонаҳо баргузор шавад. Ин кор бояд дар ҳар шаҳру ноҳия ба ҳукми одат дарояд… Чаро? Чунки аввалан, мардум бо баҳонае ба китобхона меоянд ва дувум, дар зеҳнашон ҷо мегирад, ки нахустсабаби шуҳрати ин ё он шахсият ё омили пешоафт маҳз китоб будааст…
Дар пойтахт, азбаски Китобхонаи миллӣ шароити бисёр хуби баргузории чунин тадбирҳоро дорад, асосан дар ҳамин ҷо бузургтарин озмуну сабқат ва ҷаласаву маҳфилҳо барпо мешаванд.
Озмуни нави “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат”, ки аз 24-ум то 28-уми ҳамин моҳ идома кард, дар толорҳои барҳавои ошёнаи дувуми Китобхонаи миллӣ гузаронида шуд.
Озмун бо шукӯҳу шаҳомати хос гузашт, мисли озмуни “Фурӯғ”… Ҳар се гурӯҳи доварон аз саҳар то бегоҳ бо кор таъмин буданд, кормандони китобхона омадурафти довталабонро назорат мекарданд, ҳар китоб ё маводе, ки барои доварон зарур буд, филфавр меоварданд, хулоса, масъалаҳои ташкилии озмун дар сатҳи баланд ҳал мешуд….
Ғайр аз инҳо, толори алоҳидаеро барои ташкили ғизо ва чою қаҳва ҷудо карда буданд, покизаву озода… Ҳар замоне, ки барои доварон лозим мешуд, чою қаҳваро кормандони китобхона ба мизи доварон ҳам меоварданд… Давоми рӯз, аз саҳар то бегоҳ, чунин амалро пайиҳам иҷро кардан осон набуд, албатта…
Масалан, банда дар чунин кори башиддати фикрӣ бидуни қаҳва ҳатто як соат зиста наметавонам, ҳадди ақал баъди ҳар соат бояд қаҳва бинӯшам… Махсусан қаҳваи сиёҳ ва ширин, ки мисли Алекси нозанинам, нӯшиданаш он тараф истад, ҳатто дидану бӯйиданаш табъамро гуворо мекунад…
Ин дар омади гап буд, ҳоло сухан аз саҳми кормандони Китобхонаи миллӣ дар хуб гузаштани озмун меравад…
Аз рӯзи оғоз то анҷоми озмун аз раиси Китобхонаи миллӣ доктор Файзализода сар карда, то масъулини медиатека ва шуъбаҳои гуногуни ин маъхази бузурги китоб ҳамагӣ, ба қавле, ба як по рост буданд. Ҳар касе вазифаи худро дошт: яке китоб меовард, дигаре рӯйхат мекард, севумӣ тартибро нигаҳ медошт ва ғайра…
Кормандони сомонаи Китобхона аз оғоз ба гирдоварии мавод сар карданд, мусоҳибаҳо бо довталабон, инъикоси бардошт ва таассуроти онҳо аз озмун, таъмини ҳамсуҳбатон барои телевизионҳо, ки барои сабт ва рӯзномаҳои телевизионӣ меомаданд… Махсусан саҳми устод Бобоҷони Шафеъ, бонувони фаъол Раҳимаи Аъзам ва Мавзуна Орумбековаро алоҳида зикр бояд кард… Масъули ҳамин китобхона Абдуғаюр Саломовро низ алоҳида бояд зикр кард, ҳамчунин Муҳаммадиқбол Атоевро…
Барои ҳамин ҳам, вақте дар рӯзи ҷамъбасти озмун баъди суханронии раиси кулли озмун доктор Масрур Абдуллозода, навбати суханро ба банда доданд, аз номи ҳама доварони озмун дар як сархат сипосамро баён кардам:
“Тарзи ташкили озмун, толорҳои барҳаво, сари вақт таъмин кардани ширкати довталабон ба озмун, муҳайё кардани шароити мусоиди кор ва фароҳам овардани обу қаҳваю ғизо барои доварон ва дигар масъалаҳои ташкилӣ дар сатҳи бисёр хуб буд. Аз ин ҷиҳат ба раиси Китобхонаи миллӣ доктор Файзализода ва ҷумла кормандоне, ки ба ин озмун вобаста шуданд, самимона изҳори сипос бояд кард”.
Акнун мехоҳам ба таври мушаххас ба онҳое изҳори сипос кунам, ки дар ин панҷ рӯзи озмун масъулияти бидуни нақсу иллат гузаштани озмунро ба шона доштанд.
Аз доктор Файзализода чизе намегӯям, чун дар боло исмашон зикр шуд: аз саҳар то бегоҳ корашон ҳамин буд, ки ҳамроҳи масъулин ва доварон буданд ва низ мураттаб кардани асноду маводи озмун… Зеро имсол, дар соли аввали баргузории озмуни нав, масъулияти пурраи ин тадбири муҳимми фарҳангӣ ба уҳдаи Китобхонаи миллӣ буд.
Сайфиддин Камолзода, ҳамчун котиби масъули озмун, дар ин рӯзҳо давутоз ва гирудори аз ҳама бештар дошт: соатдармиён пайдо мешуду аз масъалаҳои озмун, камбуду норасоиҳо мепурсид… Рӯзи севуму чаҳорум чанд аризаро овард, яъне ба таври илова қабул кардани довталабоне, ки бино ба сабабҳое аз рӯйхат ҳазф шуда буданд…
Дар маҷмуъ, ҷаноби Камолзода коре кард, ки озмун дар сатҳи хуб гузашт ва аз нигоҳи ташкил ва таъмини довталабон ҷурме эҳсос нашуд…
Дигар муовинони раиси Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода, Ҷалолуддин Нурзода, Зафар Саидзода, то шуъбаи кадрҳо ва дигар сохторҳо ҳамагӣ ба ҳалли масъалаҳои гуногуни озмун банд буданд…
Абубакри Маннонзода, сардори медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон будааст ва таъмини толорҳо бо китобҳоро ба уҳда дошт. Нилуфар Иқболова, мутахассиси пешбари шуъбаи тадбирҳои фарҳангӣ, Шаҳобуддин Назаров, сардори шуъбаи таҳрир ва интишорот, Бунафша Раҳмонова, сурмутахассиси медиатекаи ҳамин китобхона, Маҳмадвалӣ Зиёев аз Маркази тоҷикшиносӣ, Неъматулло Шамсов аз шуъбаи хидматрасонӣ, Меҳроҷ Комилов, сардори шуъбаи рисолаҳои илмӣ, Гулрӯ Исмоилова аз шуъбаи илмиву таҳқиқотӣ, Муқаддас Ҳалимова аз шуъбаи хидматрасонӣ, Зебуннисо Давлатова аз медиатека, Шафқат Аминзода, сардори шуъбаи матбуоти даврӣ, Алиҷон Холмуродов, сардори раёсати хоҷагидорӣ, Муҳаммад, суратгири китобхона ҳамарӯза изофа ба кори худашон сарбории озмунро доштанд ва ин масъулиятро хеле хуб анҷом ҳам доданд…
Сипоси алоҳида ба Ёқуби Бобохон (ростӣ, намедонам дар чӣ вазифа аст), аммо барои банда ва чанд довари дигар маводи электронии чандин китобҳоро таъмин кард ва мо аз ташвиши дастрас кардани китобҳои коғазӣ, ки вақти зиёдро мегирифт, тавассути ҳамин хидмати бебаҳои Ёқубҷони азиз озод шудем…
Кормандони телевизиони “Баҳористон” низ дар ин панҷ рӯз хеле пурташвиш буданд, банда, ки тӯли беш аз чаҳор сол дар телевизион фаъолият кардаам, ин “муаммоҳо”-ро хуб медонам…
Дар ин рӯзҳо саркоргардони ин телевизион Аслам Ёдгорзода, наворбардорон Аюби Бовар, Некрӯз Бобоев, Абдулмаҷид Самадов, Дилшод Саидмуродов фаъолияти хуб доштанд, ки мо, доварон, аз хадамоти онҳо арзи сипос мекунем…
Дар урфият мегӯянд, ки “ёр аҳл бошад, кор саҳл аст”… Ёрон, ки ҳамагӣ аҳл буданду масъулиятшинос, озмун ҳам хуб гузашт.
…Гоҳе аҷаб рафтор мекунем: ҳамин ки тадбире ба анҷом расид, дигар фаромӯш мекунем, ки киҳо саҳми бештар ё камтар доштанду киҳо барои хуб гузаштанаш ташаббусу ибтикороте анҷом доданд…
Агар масъулияти баланди хурду бузург, роҳбарият ва кормандони Китобхонаи миллӣ намебуд, гумон буд, ки мо ин сатрҳоро аз меҳру муҳаббат менавиштем…
Ҳафиз РАҲМОН,