“Масъулияти падару модар дар назди ҷомеа”-мизи гирд дар Китобхонаи миллӣ

Масъулияти падару модар дар назди ҷомеаБо ташаббуси Шӯрои бонувони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мизи гирд зери унвони “Масъулияти падару модар дар назди ҷомеа” баргузор гардид.

Чорабиниро муовини аввали директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода оғоз намуда, қайд намуд, ки мақсад аз баргузории ҳамоиши имрӯза бори дигар андеша кардан сари танзими расму оинаҳо ва тадбиқи амалии Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” мебошад. Мо дар зиндагии ҳамарӯзаи худ бояд ҳамеша сарфаю сариштакор бошем ва дар таълиму тарбияи фарзандони хеш масъулиятнок буда, дар чомеа саҳми худро гузорем. Ҳар як боби ин қонунҳоро дар зиндагии ҳамарӯзаи истифода бурда, низоми давлатдориро дар якҷоягӣ роҳандозӣ намоем, чунки ин қонунҳо ба хотири ҳифзи арзишҳои миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иҷтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

Имрӯз Шӯрои бонувони Муассиса  тасмим гирифтанд, ки мизи мудавварро  доир ба қонунҳои мазкур баргузор намоянд.

Дар ҳамоиши  имрӯза меҳмонон  аз  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкаш варзиданд.

Ҳайдарзода Мурод – намоянда аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуҳои вобаста ба масъулияти падару модар нисбат ба таълиму тарбияи фарзандон ва ҳамкории онҳо бо ниҳодҳои дигар аз ҷумла мактабу маориф  суханронӣ намуда, таъкид кард, ки оила, мактаб, ҷомеа ин ниҳодҳои асосии давлат дар алоҳидагӣ наметавонанд, корҳои назаррас ва натиҷаҳои дилхоҳро ба даст биёранд.

Зарурати қабули қонунҳои зикршуда тақозои давру замон аст, ки пас аз ҳазорсолаҳо тавонистем, дар давлати худ ин меъёрро ҷори кунед. Масъулияти асосии волидайн пеш за ҳама гузоштани номи нек ба фарзанд аст, аммо ин аввали роҳ аст барои ба роҳи дуруст роҳнамоии фарзандон мо ҳаматарафа бояд то синни муайянкардаи қонун (14-17) дар баъзе ҳолатҳо то 20 солагии масъул ҳастем.  Мо бояд якҷоя кор кунем. То роҳи ба ҷиноятҳо даст задани ноболиғон, шомилшавии онҳо ба гурӯҳҳои ҷиноӣ ва хатари терористидошта, гирифта шавад. Бояд ба фарзанд аз хурдӣ тамошои филмҳои хусусияти шаҳвонӣ, зуроварӣ ва ҷиноидоштаро манъ намоем, чунки ба асаби кӯдак аз замони тифлӣ зарбаҳои нодуруст ворид мешавад ва ин хатари дар оянда шомилшавии ӯро ба гурӯҳҳои хусусияти ҷиноидошта зиёд мекунад.

Сардори Раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯз Султонзода  дар робита ба фаъолияти комисияҳои ҷамъиятӣ, ки дар тамоми муассисаҳои таълимии кишвар фаъолият мебаранд, ҳарф зада, иброз дошт, ки таъсис ва роҳандозии фаъолияти комиссияҳо дар ҳудуди натанҳо пойтахт, балки тамоми муассисаҳои ҷумҳурӣ вазъро беҳбуд мебахшад ва бо далелҳои оморӣ, ки аз ҷониби Вазорати корҳои дохиллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омдаанд, метавон ин андешаҳоро асоснок намуд. Яке аз чунин нишондиҳандаҳо сатҳи ба ҷиноят даст задани ноболиғон дар 3- соли охир мебошад, ки 0,032% ро ташкил медиҳад ва ин дар қиёс ба тамоми кишварҳои ҳудуди Осиёи Марказӣ нишондоди камтарин мебошад.

Вобаста ба гузаронидлани маъракаҳои бодабдабае ба монанди “ҳоҷиталбон”, “ҳоҷибинон”, “гусел”, “пешвоз” ва монанди инҳо, намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон Гулсара Ёрова баромад, намуд. Вай гуфт, ки Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  пайваста вохӯриҳо ва чорабиниҳоро дар робита ба масъулияти волидон ва ҳамкории онҳо бо ниҳодҳои дахлдор мегузаронад, ки барои пешрафти шароити зиндагии мардум метавонад мусоидат намояд.

Дар қисмати дигари мизи гирд иштирокдорон назару пешниҳодҳои худро вобаста ба илова намудани тағйир ба баъзе бандҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ироа намуданд. Ҳамчунин дар анҷом миёни ширкаткунандагон табодули афкор сурат гирифта, онҳо ба суолҳои худ посух гирифтанд.

Наргис НАЗАРЗОДА