Матлубахон Сатториён: Ҳафтсад сол бо Ҳофиз

Ғазали Ҳофиз ошнотарин ашъор барои хоссу ом аст ва ин мавқеият барои камтар шоироне, ҳатто дар саросари ҷаҳон, даст додааст. Мардуми тоҷик аз замони тадвини аввалин девони Лисонулғайб  то ҳол ба шеъри ӯ дилбастагии бепоён доранд. Агар китоби шеъре дар як хонаи тоҷике пайдо шавад, ба эҳтимоли зиёд, бояд девони Ҳофиз бошад. Бузургию азамати Ҳофизро аз зовияҳои  гуногун метавон ба мушоҳида гирифт.

         Ғазалҳои Ҳофиз оинаест аз руҳи жарф ва андешаи волои шоир, ки бо фасоҳату балоғати беназири худ дилҳоро рабурда ва ҷаҳони маънавии ҷаҳониёнро равшан сохтааст.

Ҳофизи Шерозӣ бо забоне ширин ва баёне ошиқона марзи  миёни ишқи заминӣ ва илоҳиро тай намуда, равзанаи тозаеро аз ҷаҳони маънӣ пешорӯи  алоқамандони адабиёти форсӣ боз намудааст.

       Теъдоди зиёде аз абёташ ба ҳукми зарбулмасал миёни хоссу ом шуҳрат пайдо намудаанд. Дар кишвари мо, барҳақ, нафареро наметавон дарёфт, ки аз Ҳофиз шеъре байте надонад. Аксари муҳаққиқон бар ин назаранд,ки ҳеҷ шоири форсизабони дигар ба сони Ҳофиз мавриди таваҷҷуҳи умум, таҳлилу шарҳ ва тафсиру таъбири  бисёр қарор нагирифта ва ҳеҷ шоире ба андозаи ӯ таъсире дар шеъри форсии пас аз асри XIV надоштааст. Вуҷуди шарҳҳои фаровоне бар девони Ҳофиз дар қарнҳои мухталифи баъд аз зиндагии ӯ ва асри имрӯз шореҳи таваҷҷуҳи густардаи  мардум, шеъру андеша ва шинохти сурудаҳои  зебоиофарини вай мебошад. Нуктаи ҷолибе, ки дар шеваи эҷоди  шеъри Ҳофиз бисёр баҳсҳоро ба миён овардааст, ҳамоно камтар мавриди тақлиди шоирони дигар қарор гирифтани зеҳну забони Лисонулғайб аст.

        Сабаби  ин падидаро шарқшиноси машҳури англис Эдвард Браун дар тақлиднопазирии Ҳофиз медонад, на дар сабки ӯ. Яъне шеъраш дар сатҳе қарор дорад, ки дар зот ва моҳияти худ беназир  ва тақрибан дар тазмин ва қареҳаи  он шеър  гуфтан  ғайриимкон аст. Ҳарчанд шоирони зиёде пас аз рӯзгори вай тазминҳое фаровон, мухаммасоте зиёд  дар истиқбол аз шеъри Ҳофиз сурудаанд, вале  ҳамоно шеъри ӯ, бавежа ғазалиёташ, нодиру нотакрор ва пайравинопазир боқӣ мондааст.

        Шеърияти барҷастае, ки дар каломи Ҳофиз  мулоҳиза  мешавад, дар ҳеҷ бахш  аз девонҳои  шоирони дигар  мушоҳида  намешавад. Ҳофиз ғолибан дар шеър чизеро ба чизи дигар монанд ва аз «мушобеҳ ва мушобеҳ ба вай» истифода намекард, балки  ҳар чиро агар мехост, ба чизи дигар ҳамсон ҷилва диҳад, онро ба шайъи  бемонанди  мавриди назараш бадал мекард.

       Ҳофизи Шерозӣ дар таърихи  фарҳангу адаби халқи мо бо сурудани  навъи  маъруфтарини шеърӣ-ғазал шуҳрат дорад, ҳарчанд дар девони ӯ анвои дигари шеърӣ низ чун рубоӣ, қасида, қитъа ва маснавӣ дида мешаванд. Сабки нигориши Ҳофиз дар шеър орифонаву ошиқона ва гоҳ-гоҳ мадҳист ва ин на мадҳест, ки  дар қасида  маъруф аст, балки  ин ҷо дар каломи  Ҳофиз  сухан аз мадҳи инсон  чун  мавҷуди бузургу беназир, ситоиши  табиат ва аносири  зебоиофарини  он, назокату латофатҳои зиндагонӣ меравад. Бисёре аз муҳаққиқон ба ин назаранд, ки дар ҳар байти Ҳофиз мавзуъ тағйир мекунад ва истиқлол дорад ва ин шеваи баёнро навъе парешонӣ ҳам унвон кардаанд. Метавон  қудрати  хаёлпардозии  шоирро дар ҳар бахш ба хубӣ маърифат кард. Тафсири шеъри Ҳофизро имкон дорад, ки  ҳам душвор ва ҳам осон арзёбӣ намоем, зеро ҳар табақае метавонад шеъри ӯро мутобиқ ба ҷаҳонбинии худ тафсир кунад. То имрӯз афроди бисёре дар бораи навиштаҳои ӯ баҳс кардаанд ва ихтилофи назарҳои зиёд вуҷуд дорад, вале худаш дар байте ба маҷмуи ин мабоҳис посух гуфтаву сабки тақлиднопазирашро чунин шарҳу маънигузорӣ кардааст:      

Кас чу Ҳофиз  нагушод аз руҳи андеша ниқоб

То сари зулфи суханро ба қалам шона заданд.

       Шеъри Ҳофиз ба ҷуғрофиён ва фарҳанги форсизабонон маҳдуд намешавад, балки дар ин муддат кӯтоҳ ба фаросӯйи марзҳои фарҳангии забону адабиёти форсӣ  роҳ ёфтааст.

         Дар асарҳои ҳаждаҳу нуздаҳ ашъори Ҳофиз ба забонҳои аврупоӣ тарҷума шуд ва ба ин восита номаш ба доира ва маҳфилҳои  адабии аврупоӣ роҳ ёфт. Маслаки Ҳофиз ва танаввуи мавзуию  баландии мазмун, салосату равонӣ ва назокати каломаш сабаб шудааст, ки мардум  одӣ, олимон ва фарҳехтагон дар тули  ҳафсад  сол  бо ин ашъор унс гиранд. Мутафаккирони бузурги дунёи Ғарб, аз Гёте, Нитше ва дигарон Ҳофизро намуна қарор дода, худро шогирди ӯ донистаанд. Зеро Лисонулғайб  ғазалро бо забони форсии тоҷикӣ дар беҳтарин ва олитарин сабк суруда, ки баъзан худ аз ин шукӯҳу ширинӣ ва зебоии шеъраш ифтихор дорад.

Зи шеъри дилкаши Ҳофиз касе бувад огоҳ

Ки лутфи  табъу сухан гуфтани дарӣ донад.

Ё ҷойи дигар:

Шаккаршикан шаванд ҳам тутиёни Ҳинд,

З-ин қанди порсӣ, ки ба Бангола меравад.

          Боиси ифтихор аст, ки ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангии миллӣ дар меҳвари барномаҳои бузурги фардосози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Далел бар гуфтаҳои фавқ ҳамоно дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифтани солгарди бузургони миллат, ба монанди Имоми Аъзам,Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ,Абуалӣ ибни Сино, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва даҳҳо тан аз чеҳраҳои намоёни таъриху фарҳанги миллат мебошад. Имсол низ бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Анҷумани «Рӯдакӣ» дар Фаронса дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО  ба муносибати бузургдошти 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ конфронси байналмиллалии илмӣ дар шаҳри Пориси Фаронса баргузор мегардад. Ба ин муносибат маҷмуаи «Гулчини ғазалиёти» -и Ҳофизи Шерозӣ бо ду забон –форсии тоҷикӣ (бо хатти  сириллик ва форсӣ) ва англисӣ чун ҳадяи маънавӣ бар ин ҷашнвораи  шукӯҳманд таҳия шудааст.

        Ин маҷмуа мунтахабе аз ашъори ноб ва пурбори ӯст, ки аз ҳар байти он роиҳае аз маърифат, шукӯҳи забони порсӣ ва ҳақиқатҷӯӣ  ба машом  мерасад. Хонанда аз ин маҷмуа, на танҳо шоҳиди ҷилваҳои ошиқона аст, балки  дар ҳар ғазал, шевае аз ҳикмат, маърифат, ахлоқ ва иҷтимоъро дармеёбад. Дар ҷараёни таҳияи матни тоҷикӣ аз нусхаҳои мухталифи хаттии маҳфуз дар китобхонаҳои Тоҷикистон  низ  истифода шудааст. Бо ин мақсад, дар ҳошияи бархе аз ғазалҳо гунаҳои дигари мавҷуд аз ин ашъор ё фарқияти вожагону таркиб ва таъбирҳо бо ҳадафи  ошноии  бештари  хонандаи  арҷманд ба асли  ин офаридаҳои безаволи Ҳофизи лисонулғайб ва шинохти ҷавҳари сухан ва андешаи шоир зикр шудаанд, ки бегумон, аз аҳаммияти матншиносӣ холӣ  нестанд.

   Умед аст, ғазалиёти гаронмояи Хоҷа Ҳофиз, ҳамчунон ки дар қарнҳои  гузашта  чароғи  ҳидояти андешаварзон буда, дар асри мо низ илҳомбахши ҷонҳои ташнаи ҳақиқат ва зебоӣ хоҳад буд.

     

Сатториён М.А.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАНБАЪ: “Ҳофизи Шерозӣ. Гулчини ғазалиёт”. Душанбе, “Ирфон”, 2025.

   Хоҳишмандон ин китобро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд. 

Таҳияи Адиба МАРДОНЗОДА,

мутахассиси пешбари

шуъбаи мукаммалгардонии фонд.