Матни катибаи Сурхкӯтал. Нидое аз умқи таърихи ниёгон

СурхкӯталКатибаи Сурхкӯтал, осори хаттии аҳди Кушониён, ки дар ҷараёни ҳафриёти маъбади Сурхкӯтал аз ҷониби бостоншиносони фаронсавӣ бо роҳбарии Д. Шлюмберже ёфт шуд (1953-1957). Матни катиба дар тахтасанги росткунҷаи дастисохт бо алифбои юнонӣ ва забони бохтарӣ навишта шуда, аз 25 сатр иборат аст.

Дар таҳқиқи катиба ва муайян кардани забони он олимон В.Ҳеннинг ва И.Гершевич саҳм гузоштаанд. Дар катибаи Сурхкӯтал дар бораи таъмири маъбади Канишкаи пирӯзманд сухан меравад. Аксари донишмандон бунёди ин маъбадро ба Канишка ва В.А.Лившитс ба писар ва вориси Канишка – Ҳувишка нисбат медиҳад, ки онро ба ифтихори падараш сохта буд.

Мувофиқи навиштаҷоти катибаи Сурхкӯтал маъбад дар натиҷаи гармои сахт ва хушк шудани ҳавзи дохили он хароб шуда, муҷассамаи худоҳо ба ҷои дигар интиқол ёфтанд. Соли 31 фармонбадори шоҳ – Ноконзок зимни бозсозии маъбад атрофи иншоотро девор гирифта, чоҳ ва ҷӯи онро таъмир кард. Дар бозсозии маъбад фармонбадорони шоҳ – Хиргоман, Бузрмиҳр писари Кузгашка, Астилгантсик ва Ноконзок саҳм гузоштаанд.

Матни катибаро Евман ҳамроҳи Миҳраман, Бурзмиҳр ва Амиҳраман навиштаанд. Ба қавли баъзе олимон маъбади тавсифшудаи катиба ҳамон маъбади зардуштии Сурхкӯтал аст, ки оташгоҳи калон ва оташгоҳи хурд дорад. Эҳтимоли аз дигар мавзеъ ба маъбади Сурхкӯтал интиқол ёфтани катиба низ имконпазир аст. Аммо дар ҳафриёти бостоншиносии Сурхкӯтал чоҳи обе пайдо шуд, ки болояш бо тахтасанг рӯкаш шуда ва 27 зинапоя дорад; шояд ин ҳамон чоҳи тавсифшуда дар катиба бошад.

Катибаи Сурхкӯтал аввалин матни калони осори забони бохтарӣ аст, ки баръакси навиштаҷоти кӯтоҳи бохтарии сиккаҳои кушонӣ барои омӯзиши грамматика ва лексикаи ин забон аҳаммияти илмӣ дорад. В. М. Массон ва В. А. Ромодин таърихи китобати катибаро ба соли 109 нисбат медиҳанд. Катиба ҳоло дар Осорхонаи миллии Афғонистон (Ш.Кобул) маҳфуз аст.

Тарҷумаи матни катиба: “Ин маъбади Канишкаи пирӯзманд аст, ки ҷаноби шоҳ бо он эҳтироми Канишкаро ба ҷо овард. Инак баъди сохта шудани маъбад, ҳавзҳои дохили он хушк шуданд ва маъбад бе об монд. Ва он гоҳ аз гармои сахт хушксолӣ шуд ва тасвир ва ҳайкали худоҳоро аз ҷояшон гирифта, ба ҷои дигар бурданд. Ва маъбадро ҳама тарк карданд, то он даме, ки дар соли 31 ҳукмронии шоҳ, дар моҳи Нисан, фармонбардор Ноконзок ба маъбад омад. Ӯро шоҳ дӯст медошт, ӯ дӯсти содиқи шоҳ буд, олиҷаноб, ғайратманд, одил, некукор, покандеш нисбат ба ҳама. Баъд ӯ гирди маъбадро девор кашид, чоҳ канд, ҷӯй канд, даруни чоҳро сангдевор кард, то ки мардумони дар маъбад буда аз оби нӯшиданӣ душворӣ накашанд ва дар сурати аз гармои сахт рух додани хушксолӣ, худоҳоро ба ҷои дигар накӯчонанд ва маъбад холӣ нашавад. Дар болои чоҳ барои обро боло кашидан таҷҳизот гузоштанд, обанбор низ сохтанд. Бо шарофати ин чоҳ ва асбоби обкашӣ маъбад обод шуд. Ин чоҳ ва оббардорро фармонбардорони шоҳ Хиргоман, Бурзмиҳр писари Кузгашка, Астилгантсик ва Ноконзок сохтанд. Катибаро Евман ҳамроҳи Миҳраман, Бурзмиҳр-пухр ва Амиҳраман  навиштанд”.

Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2020. – Ҷ.9. – С. 625.
Муаллиф: Д. Довудӣ

Таҳияи Мухаббат Киром
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ.