Мавлоно Абулкаломи Озод: “Куруши Кабир – Зулқарнайн”
«Куруши Кабир яке аз бузургтарин шахсиятҳои таърихи аҳди қадим ва бунёдгузори тамаддуни давлатдории комилан нав буда, ҳазорсолаҳо чун шоҳаншоҳи одил, сиёсатмадори зираку тезҳуш, пуштибони адолату ростӣ, кафили ҳуқуқу озодиҳо ва ҳомии сокинони қаламраваш шуҳрат ёфтааст.»
Эмомалӣ Раҳмон
«Куруши Кабир – Зулқарнайн» нахустин асари тадқиқотӣ-тафсириест, ки бар асоси иттилооти қуръонӣ, таърихӣ-бостоншиносӣ ва манҳаҷи илмии мантиқу қиёс шахсияти таърихӣ ва сираи маънавии Зулқарнайни мазкур дар Қуръони каримро ҳамаҷониба тафсир ва таҳлилу баррасӣ намуда, бо далелу бурҳонҳои қотеъ Зулқарнайни аслиро ба хонанда муаррифӣ менамояд. Китоб дарбаргирандаи пажӯҳишҳои илмии мутарҷими он Бостонии Поризӣ ва бахши тафсири сураи «Қаҳф» аз тафсири Мавлоно Абулкаломи Озод бар Қуръони маҷид аст.
Китоб дар таҳрири нав барои муҳаққиқон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод шуда, соли 2023 аз ҷониби Сарредаксияи илмии “Энсиклопедияи Миллии Тоҷик” интишор ёфтааст.
Чаро зарарат пеш омад, ки китоб дубора нашр шавад? Таҳиякунандаи китоб Раҳмоналӣ Мирализода дар пешгуфтори нашри дуюм сабаби онро чунин шарҳ додааст:
Нашри аввали китоби «Куруши Кабир – Зулқарнайн», ки аз тарафи нигорандаи ин сатрҳо аз расмулхатти форсӣ ба дабираи кириллии тоҷикӣ хатгардонӣ, таҳия ва омодаи нашр гардида буд, соли 2019 аз тарафи нашриёти «Адиб» бо теъдоди 2000 нусха ба табъ расид ва то кунун аз нашри нахустин он дар мағозаву дуконҳои фурӯши китоб нусхае боқӣ намондааст. Китоби мазкур, ки дар шинохти Зулқарнайни қуръонӣ ва мутобиқати комили авсоф ва атвори ӯ бо шаҳаншоҳи Ҳахоманишӣ Куруши Кабир дар ҳавзаи пажӯҳишҳои бостоншиносӣ ва тафсирӣ сураи «Каҳф» – и Қуръони карим боби тозаеро боз мекард, аз тарафи хонандагон ба зудӣ мавриди мутолиа қарор гирифт. Вале инро низ бояд таъкид кард, ки вокуниш ба муҳтавои он аз тарафи аҳли назар ва алоқамандони таъриху тафсир яксон набуд. Хелеҳо пажӯҳишҳои қуръонӣ, таърихӣ ва бостоншиносии Мавлоно Абулкаломи Озодро, ки воқеан бидуни ҳар гуна таассуботи қавмию нажодию ақидатӣ ва дар камоли инсофу амонатдории илмӣ анҷом гирифтаанд, ба ҳайси як кашфиёти илмӣ дар боби тафсири Қуръони карим ва таҳқиқи як давраи муҳимми таърихи Эрони бостон арзёбӣ ва истиқбол намуданд. Аммо теъдоде низ бо андешаҳо ва назариёти илмии Мавлоно Абулкалом ба мухолифат бархостанд. Роҷеъ ба ин масъала тайи 2-3 соли охир дар маҳофили илмӣ ва фазои маҷозӣ баҳсҳои доғ сурат гирифт.
Албатта, Зулқарнайни қуръонӣ шинохта шудан ва пазируфта шудани Куруши Кабир наметавонист бидуни баҳсу мунозира дар ҷомеа матраҳ шавад. Зеро ҷомеае, ки насл андар насл номи Искандари Макдунӣ дар зеҳнаш ҳамчун муродифи Зулқарнайн нақш бастааст, ҳақ дорад шакку шубҳа матраҳ кунад ва мавзӯъро ба чолиш бикашад. Аммо ин баҳсу мунозираҳо боястӣ дар чаҳорчӯби талаботи меъёрҳои илмию мантиқӣ ва ахлоқию маънавӣ сурат бигиранд. Тарафҳои баҳс бояд далелҳои қонеъкунанда арза намоянд ва далоил ҳам дур аз ҳар гуна таассуб мавриди таҳлилу баррасӣ қарор бигиранд. Афроде низ ба ин баҳсҳо ҳамроҳ мешуданд, ки бидуни мутолиаи китоби мазкур ва дар заминаи тасаввуроту донишҳои пешину пешфарзии хеш ба баҳс мепардохтанд, ки дар аксари маворид ин баҳсҳо ба ҷидолҳои лафзӣ кашида мешуд. Бинобар ин, ба онҳое, ки нуқтаи назари мухолиф доранд, лозим аст, ки нахуст ин китобро бо диққати тамом мутолиа кунанд, далелҳои онро бо ояҳои марбутаи Қуръони карим муқоиса кунанд, сарчашмаҳои зикршударо дар сурати ниёз бозбинӣ намоянд, бо ақлу идроки хеш бидуни таассуб ва эҳсосот таҳлил кунанд ва масъаларо холисонаву мунсифона қазоват намоянд. Зеро китоберо нахонда, дар бораи он қазоват кардан кори комилан нодуруст аст. Адолат он гоҳ ҷорӣ ва ҳақиқат он гоҳ падидор мегардад, ки сараввал далелҳои овардаи муаллиф ҳамаҷониба баррасӣ шаванд ва агар қабул нашуд, бо далелу бурҳони қотеъ рад карда шаванд. Ин равиш маъқул ва аз рӯи адлу инсоф аст.
Хушбахтона, дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳамватанони мо, аз оммӣ то олим ба масоили шинохти решаҳои таърихию фарҳангии миллӣ ба таври рӯзафзун бештар мегардад. Дар ҳавои ҳамин алоқамандӣ гурӯҳе аз дӯстон ва иштиёқмандони мавзӯъ дар суҳбатҳои хосса ва низ тариқи иртибот дар фазои маҷозӣ зимни таъкид бар аҳаммияти масъала аз ман хостанд, ки китоби «Куруши Кабир – Зулқарнайн»-ро такроран дар таҳрири нав омодаи нашр намоям. Зеро дар нашри якуми китоби мазкур ҳанӯз калимаҳо ва истилоҳоти барои хонандаи тоҷик номафҳум зиёданд ва зарурат пеш омадааст, ки матни китоб мутобиқ ба фаҳми ҷомеаи мо нисбатан сода карда шавад. Аз тарафи дигар, нашри навбатии китоб бинобар камёб шудани он ниёзи рӯз аст. Албатта, банда даъвати дӯстонро бо ҷону дил пазируфта, даст ба кор шудам.
Мавриди таъкид аст, ки дар нашри якуми китоб матнҳои арабӣ, ки бештарашон иқтибосҳо аз китобҳои таърихии исломӣ буданд, ба забони тоҷикӣ тарҷума ва ҷойгузини матнҳои арабӣ гардида буданд. Ҳамчунин, вожаҳо ва истилоҳоти мушкилфаҳм дар қавсайн тавзеҳ дода шуда, бо ҳуруфи «Р. М.» ишора гардида буданд, то барои хонанда маълум гардад, ки матнҳои мазкур мутаалиқ ба таҳиякунандаи китоб Раҳмоналӣ Мирализода мебошанд. Дар нашри дуюм аз ин шева корбурд гардида, дар хотимаи китоб боби «Тақризҳо» изофа карда шуд. Азбаски тақризнависон ҷанбаҳои муҳимми мавзӯоти китобро аз нигоҳи илмӣ холисона таҳлилу баррасӣ намудаанд, зарур шуморидем, ки мақолаҳои эшон низ дар нашри нав мавриди таваҷҷуҳи хонандагони китоб қарор бигиранд ва ин кор низ навъе кумак ба хонандагони китоб қарор бигиранд ва ин кор низ навъе кумак ба хонанда дар тафҳиму таҳлили масъала хоҳад буд.
Итминон дорем, ки китоби Мавлоно Абулкаломи Озод «Куруши Кабир – Зулқарнайн» дар шинохти Зулқарнайни қуръонӣ – Куруши Кабир ва аҳди сулолаи шоҳони Ҳахоманишӣ кумак ва мусоидат намуда, мавриди қабули хотири хонандаи арҷманд қарор хоҳад гирифт.
Китоби Мавлоно Абулкаломи Озод «Куруши Кабир – Зулқарнайн»-ро хонандаҳои азиз метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Фарҳоди Салим, мутахассиси пешбари шуъбаи мукаммалгардонии фонд.