Мавлоно Бадриддин Ҳилолӣ: Вассофи ишқу муҳаббат
Агар мо ба сарнавишти мардони илму адаби халқамон дар зарфи ҳеҷ набошад 1000 соли охир нигоҳе афканем, хоҳем дид, ки тақдири аксари бузургони нобиға пуропур аз фоҷиаҳо ва шикастҳои орзую маром ва ормонҳои он шахсиятҳои таърихӣ будааст. Ин ҷиҳати рўзгори фарзандони бузурги халқи заҳматдидаи тоҷик дар манбаъҳои хаттӣ-тазкираҳо, китобҳои таърих, манзумаҳо ва дар ёди мардум ба сурати осори бадеӣ сабт шудааст.
Хонандаи имрўза аз рўи «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926), «Намунаи адабиёти тоҷик» (1940), «Антологияи назми тоҷик» (М.1951, М.1957) ва китобҳои таърихи халқи тоҷик, таърихи адабиёти халқи тоҷик, таърихи адабиёти форс-тоҷик, тадқиқоти илмии дигар ва таърихи гузаштаи мо хуб медонанд, ки тақдир ва сарнавиштҳо, рўзгор ва зиндагӣ, ҳаёт ва фаъолияти шахсиятҳои бузурги мо чӣ гуна фоҷиавӣ будааст. Чунончи, дар манбаъҳо ва китобҳои мазкура омадааст: Соҳибқирони шоирон устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ кўр карда аз дарбори шоҳони замон ронда шуда буд: Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ аз бими нобуд гардидани зери пойҳои филони султон Маҳмуди Ғазнавӣ фирор кард ва дар нотавонию бечорагӣ ва муҳтоҷӣ зиндагиро падруд гуфт: Шайхурраис Абўали ибни Сино аз дасти золимони даврон дар ба дар ва саргардон гардида аз чанголи гумоштагони Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ҳамеша дар биму ҳарос буд.
Ҳаким Носири Хисрави Қубодиёнӣ маркази тамаддуни сарзаминаш-шаҳри Балхро дар натиҷаи таадӣ ва таассуби салҷуқиён тарк гуфт ва охири умрашро дар Юмгондара ба поён расонд: Масъуди Саъди Салмон дар зарфи 20 сол ҳабси зиндони ҳокими замон буда, дар он ҷо «Ҳабсиёт»-ашро эҷод кард; Адиб Соҳиби Тирмизӣ қурбонии мубориза ва рақобати шоҳони маҳал гардида, бо фармони Отсизи Хоразмшоҳи дар Ому-дарё ваҳшиёна ғарқ карда шуд. Шайх Камоли Хуҷандӣ умри худро дар ҳиҷрат гузаронида, солҳои дароз дар қалъаи Сарои-марказӣ ҳокими чингизӣ Тўхтамаш ба сифати асир ва маҳбус қарор дошт; Мавлоно Зайниддин Маҳмуди Восифӣ зиндагии нооромона, дарбадарӣ ва таҳқиру хориҳои дарбори ҳокимонро аз сар гузаронид; Мавлоно Камолиддини Биноӣ, ки вассофи ахлоқи ҳамида ва дўстӣ ва як истеъдоди нобиғаи замон буд, бо забони бадхоҳон бисёр хориҳоро аз сар гузаронид ва охири охирон қурбонии муборизаи ҷоҳталабони давронро гардид. Аҳмад Маҳмуди Дониш ва Шамсиддини Шоҳин аз муҳити разилонаи аморат, буҳтонҳо ва тўҳматҳои иғвогарони дарборӣ тамоми умр аз азоби руҳи ранҷ мебурд.
Бадриддин Ҳилолӣ яке аз бузургтарин шоирони ғазалсарои ширинкаломи мо, ки дар замони зиндагиаш чун «умдаи шуарои замон ва афсаҳи булағо»-и даврон шинохта шуда буд, ба фатвои иртиҷоён ва фармони Шайбонихони ғоратгари кишвар ба дасти ҷаллоди ў ба тариқи ваҳшиёна сар аз танаш ҷудо карда шуд ва ба қатл расид. Ин аст чанде аз силсилаи номҳои бузургони гузаштаи мо ки тақдири ҳар яки онҳо саҳифаи пурдаҳшати фоҷиавии таърихи халқи тоҷик мебошад.
Мавлоно Бадриддини Ҳилолӣ – шоири маъруфи тоҷик солҳои 70 асри ХV дар Астаробод таваллуд ёфта, соли 1529 аз тарафи Шайбониҳон ба қатл расонида шудаст. Бадриддин Ҳилолӣ дар зодгоҳаш парвариш гардида таҳсил кардааст.
Пеш аз соли 1491 вай ба маркази илму ҳунари замонаш шаҳри Ҳирот барои такмили дониш омадааст. Дар он ҷо Бадриддин Ҳилолӣ ба ҷиҳати истеъдоди беназири адабӣ ба доираи адабии кишвар роҳ пайдо кард, ки он таҳти нуфузи Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ фаъолият дошт. Он гоҳ Мир Алишери Навоӣ дар тазкираи «Маҷолис-ун-нафоис» (1491) дар бораи Бадриддин Ҳилолӣ навишта буд, ки «…қувваи ҳофизааш хеле хуб аст, табъаш ҳам монанди қувваи ҳофизааш мебошад, майли хондан дорад, умед аст, ки тавфиқ ёбад». Баъди чанде Бадриддин Ҳилолӣ дар улуми замонавӣ дониши комиле фаро гирифта ҳамзамононашро ба ҳайрат оварда тавонист. Солҳои бистуми асри ХV1 ў дар байни ому хос ҳамчун адиб ва суханвари мумтози замонаш маъруф гардида буд.
Бадриддин Ҳилолӣ, ки табъи равону ҳофизаи қавӣ дошта, ба қавли Заҳириддин Бобур сӣ-чиҳил ҳазор байтро аз ёд медонистааст, дар як фурсати кўтоҳ илова ба илмҳои расмии мадраса арўз, қофия, санъатҳои шеърӣ ва ғайраро аз худ карда, дар қатори беҳтарин шоирони давр ҷой мегирад. Аз Бадриддин Ҳилолӣ як девон ва се маснавӣ- «Шоҳу Дарвеш», «Сифот-ул-ошиқин» ва «Лайлӣ ва Маҷнун» боқӣ мондааст. «Рисолаи қофия» ном асареро низ ба ў нисбат медиҳанд. Девони ашъори Бадриддин Ҳилолӣ (2700 байт), ки соли 1521 худ мураттиб сохтааст, асосан аз ғазалу рубоӣ, 8 қитъа, шеъри ҷавобия ба «Қасидаи шутур ҳуҷра»-и Мавлоно Котибӣ ва «Чистони шамъу фонус»-ро дар бар мегирад. Дар эҷодиёти Бадриддин Ҳилолӣ ғазал мақоми калон дорад. Дар асри 16 дар жанри ғазал аз Бадриддин Ҳилолӣ муқадамтар шоире нест. Мавзуи асосии ғазалиёти Бадриддин Ҳилолӣ ишқу муҳаббат мебошад. Мавзуи ишқу муҳаббати Бадриддин Ҳилолӣ ишқи инсонӣ, ишқи ҳақиқӣ буда, аз он ишқи илоҳие, ки шоирони мутасаввифи мутаассиб тараннум кардаанд, ба кулли фарқ дорад.
Шоир ғазалро навъи асосии маҳсули адабии худ шуморида, дар сарсухани достони «Шоҳу дарвеш» гуфтааст:
Нақди ганҷинаи сухан ғазал аст.
Шукри беҳад, ки шеъри ман ғазал аст.
Мирзоева Шарофат – шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ