Мавлоно Назирии Нишобуриро бишносем
Исми шарифаш Муҳаммадҳусайн аст. Хоқони ақолими суханварию султони мамолики маънипарварӣ буда. Хомаи дузабон агар бо ҳазор забон дар тавсифи ҷалолати шаъни вай якзабон шавад, шаммае аз он баён натвонад намуд. Ва пояи суханро ба ҷое расонида ки шаҳбози хаёлро бо ҳазор пару бол дар он арса маҷоли парвоз нест. Алҳақ, аз наводири замону аҷоиби даврон аст. Мирзо Соиби марҳуми Табрезӣ, бо он ки Сулаймони олами балоғатгустарист, дар ситоиши вай фармуда:
Соиб, чӣ хаёл аст, шавӣ ҳамчу Назирӣ,
Урфӣ ба Назирӣ нарасонид суханро.
Ба сабаби тавассулу эътиқод ба хидмати дарвешону орифони замон суханонаш аксар ба мазоқи ин тоифа воқеъ шуда. Дар пухтагию шикастагию узубату назокату латофату равонӣ ва бағолату фасоҳати ашъораш ҳеҷ касро маҷоли сухан нест. Девонаш дар ҳама ҷо машҳуру маъруф аст. Ғазалиёташ ба сойири ашъораш имтиёз дорад. Дар авоили умр Мавлоно аз Хуросон ба Ироқ омада, бо шуарои он ҷо муошират намуда, муддатҳо суҳбат бо эшон дошта, аз он ҷо ба Ҳиндустон омад. Дар ҳидмати Акбарподшоҳу Ҷаҳонгирподшоҳ тараққиёт намуда, ба вуфури молу ҳашмат мустасно гардида, абвоби файз бар рўйи мардум гушуда медошт. Дар Гуҷароти Аҳмадобод дар сарои милкии худ мадфун шуд. Таърихи вафоташ ин аст:
Зи дунё рафт Ҳассонулаҷам, оҳ! / 1021// 1612-13.
Ва ин мисроъ низ таърих аст:
Маркази доираи базм куҷост? / 1020 // 1311-12.
Ва ин абёт ӯрост:
Зи шаҳри дўст меоям, паёми ишқ бар лабҳо,
Ба талқине кунам озод тифлонро зи мактабҳо.
Бигў, Мансур аз зиндон «Ана-л-Ҳақ»-гў бурун ояд,
Ки дини ишқ зоҳир гашту ботил сохт мазҳабҳо.
Саҳаргаҳ хаставу ранҷур аз хилват бурун оям,
Чу парвона, ки аз маҷлис барояд охири шабҳо.
Ба маҳзи илтифоте зинда дорад офаринишро,
Агар нозе кунад, аз ҳам фурў резанд қолабҳо.
Зи бедоде, ки бар дил шуд, накардам забти худ аввал,
Кунун, к-оташ ҳаме борад, пушаймонам зи «ё Раб»-ҳо.
***
На раҳм монд, на шафқат, на дўстӣ, на вафо,
Дар ин диёр, Назирӣ, дигар чи кор маро?
***
Ба бадӣ дар ҳама ҷо ном барорам, ки мабод
Хуни ман резию гўянд сазовор набуд.
Аз рубоиёт
Селоби сиришкам обрў мерезад,
Шўридагиям зи гуфтугў мерезад.
Ку зуҳду кадом тавба, савдои касе?
Май бар сари ман сабў-сабў мерезад.
***
Меомаду сад сипоҳи ноз аз дунбол,
Ҷавлон ба замину осмонаш помол
Як дидану кишвар аз чунун шўрангез,
Як ҷилваву олам аз парӣ моломол.
***
Ҳарчанд, ки рўзи бенавоӣ дорам,
Шаб бо саги дўст ошноӣ дорам,
Дар базмаш агар ҷой надорам, ғам нест,
Дар кўчаи ў роҳи гадоӣ дорам.
Аз китоби Волаи Доғистонӣ “Риёз-уш-шуаро”. Қисми 4. Душанбе, “Паёми ошно”, соли 2019
Таҳияи Уғул Бобораҳимова,
мутахассиси шуъбаи кўдакон ва наврасон.