Меҳмонони эронӣ: Тоҷикистон Ватани дуввуми мост

Китобхонаи миллӣ ҳама рӯз пурмеҳмон аст. Ин навбат бо меҳмононамон, ки ҳамзабону ҳамфарҳангу ҳамкешамон ҳастанд, пас аз анҷоми сайёҳат дар бахши адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари китобхона сӯҳбат оростем. Нахуст аз ҳамсӯҳбатонам пурсидам қасдашон аз сайёҳати Китобхонаи миллӣ чист?

Саиди Толибӣ ҳастам, 70 сол синнам ҳаст. Аз Эрон омадам. Чун ба осори таърихии кишварам алоқа дорам ва ин ҷо мебинам тақрибан як чизи баробар бо ҳам аст. Дар ҷавонӣ шуғлам аккосӣ дар осорхонаи Эрони бостон буд. Дар он ҷо кори ҳирфаии ман дар ҳаффориҳое, ки дар манотиқи бостонӣ анҷом мешуданд, ба унвони аккос бозёфтҳои бостоншиносиро ҳамон лаҳзае, ки аз хок чиз берун мешуданд, аккосӣ менамудам. Аз ин лиҳоз ба фарҳанги тоҷикон алоқаманд шудам.

 Чӣ бардоште аз сафаратон ба Тоҷикистон доред?

– 32 кишвари дунёро дар зиндагӣ дидам. Масалан Маскав хеле шаҳри хубест, вале 1000 сол таърих дорад. Мо ва шумо бештар аз ин таърих дорем. Ба ин хотир Тоҷикистон, ки меоям, лаззат мебарам, мисли Эрон аст, фарқе намекунад.

Шумо, ки миёни мардуми тоҷик гаштед, чӣ чизе таваҷуҳатонро бештар ҷалб намуд?

– Яке аз чизҳои олие, ки дар фарҳанги мардуми Тоҷикистон мушоҳида кардам, ҳамин аст, ки суҳбатҳояшон бо шеър аст. Шумо низ аз номи Ҳофиз моро хушомадед гуфтед Аз ин хеле лаззат мебарам. Умедворам сиёсатҳо хуб бишаванд ва аз он чизҳое, ки мо дорем, шумо доред, ҳама бо ҳам истифода кунем.

То ҳол куҷои Тоҷикистонро дидед?

– Чун дар ҷавонӣ кӯҳнавардӣ ҳам мерафтам, кӯҳҳои Варзоб, дараи Ғузғарф ва Хуҷандро дидам. Дар осоишгоҳи “Баҳористон” каме зиндагӣ кардем. Мардумаш хеле фарҳангӣ аст. Бо дӯсти тоҷикам оқои Қосим, қариб ҳама шаҳрҳоро гаштем. Ноҳияи Ҳисор, шаҳри Кӯлоб, мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадониро низ зиёрат кардем. Қаратоғ ва шаҳри Душанберо ҳам тамошо кардем.

Дар бораи китобхонаҳои Эрон бигӯед. 

– Дар мо ҳам китобхонаҳо ҳаст, хеле ҳам зиёд ҳаст. Вале зиндагии мошинӣ дар кишвари мо ба иллати ҷамъияти зиёд (80 миллион аҳолӣ дорад Эрон) боис шуд, ки миёнгини китобхонӣ барои ҳар эронӣ аз ин 80 миллион 15 дақиқа дар рӯз аст. Ин хеле кам аст. Бинобар ин шумо нисбат ба ҷамъиятатон, ки 10 миллион аст, китобхон бештар аз мо доред. Бо ин ки бештари китобҳои шумо бо забони форсист, ҳарчанд алифбояш иваз шудааст.

Мусоҳиби дигарам Маҳдии Биҳиштист, ки 58 сол дорад ва дар риштаи пизишки ҳайвонот дарс хондааст.Сокини шаҳри Теҳрон аст. Ба гуфти худаш ҳоло дар Эрон дорухона дорад ва корҳои дорусозӣ анҷом медиҳад.

Ӯ назарашро дар робита ба Тоҷикистон чунин баён намуд:

– Ман дар як ҷумла мегӯям мо ориёӣ ҳастем ва Тоҷикистон Ватани дуввуми мост. Аслан Тоҷикистону Эрону Афғонистон як ватан аст. Худо кунад, ки як рӯз ҳама дубора баргардем ва ориёӣ бишавем.  Чун фарҳангамон, таърихамон, хусусиёти ахлоқиямон шабеҳи ҳаманд.

Мо дар Тоҷикистон меҳру муҳаббату сафо бисёр зиёд дидем. Дӯст дорем ин пайванди мардум ҷовидона бимонад. Ба форсӣ бигӯему бихонему бишнавему бихандем ва ин маҳдудиятҳо бардошта шаванд. Кишвари шумо заҳамоти зиёд дар ҳифзи забону таъриху фарҳанги форсӣ кашидааст. Ман дар берун гуфтам, ки воқеан арзишманд аст кори эшон. Оқои сарвазир ин ҷо буд, гуфтем биревем аз ӯ қадрдонӣ кунем. Аммо намешуд биравем сӯҳбат бикунем. Мо ба масоили сиёсӣ, рафторҳои сиёсӣ кор надорем.

Заҳмат кашиданд, ганҷинаҳои куҳану гаронбаҳоро инҷо нигаҳдорӣ кардаанд барои ояндагон. Ба ҳар ҳол инҳо як рӯзе ҳама бармегарданд ба асли худашон. Иншоаллоҳ он рӯз дур нест ва мо аз юғи баъзе масоил озод бишавем.

Ҳамзабононамон аз тамошои ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои суннатии занонаву мардонаи тоҷикӣ, ки аз китобҳои акси ҳунарпешаҳои тоҷик, ки дар роҳрави бахши ҳунару фарҳанг гузошта шудааст, ба ваҷд омада, доир ба паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти мардуми тоҷик суолҳо медоданд ва умумиятҳоямонро ёдрас мешуданд.

Раҳима БОБОЕВА,
шӯъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.