Медали “30-солагии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон” ба директори Китобхонаи миллӣ
Имрӯз дар Китобхонаи миллӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Конференсияи илмӣ – адабӣ “Душанбе – корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи ваҳдати миллӣ” баргузор гардид, ки дар он арбобони илм, сиёсат ва фаъолони ҳизб иштирок доштанд.
Дар фарҷоми Конференсия як қатор фаъолон ва аъзоёни ҳизб бо медали ҷашнии “30-солагии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуданд, ки миёни онҳо директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Файзализода Ҷумахон Хол буданд.
Намунаи барҷастаи фаъолияти сиёсии профессор Ҷумахон Файзализодаро метавон дар мисоли фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Китобдор” бараъло дид.
Бо гузашти ҳамагӣ чанд соли роҳбарӣ сарвари Китобхона тавонист ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Китобдор”- ро ба Кумитаи ибтидоии ҳизбии “Китобдор” табдил диҳад ва бидуни шак он ҳоло дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт яке аз фаъолтарин Кумитаҳои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Кумитаи “Китобдор” на танҳо як бахши фаъол дар Ҳизби халқии деморатии Тоҷикистон аст, балки мактаби таҷрибаи пешқадами ҳизбӣ низ мебошад.
Аксари аъзои ин Кумита ҷавононанд, ки ҳамагӣ зери ҳидоятҳои профессор Ҷумахон Файзализода ба тарғибу ташвиқи барномаҳои фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабл аз ҳама Пешвои муаззами миллат машғуланд.
Мавзуна Орумбекова,
сардори шуъбаи менеҷмент ва
маркетинги Китобхонаи миллӣ