Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Медиатека-(2)

Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли 2012, бо ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани фонди алоҳидаи ҳуҷҷатҳои расмии давлатӣ ва асноди марбут ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис гардидааст.

Вазифаи асосии Медиатека:

– бунёди фонди алоҳидаи ҳуҷҷатҳои расмии давлатии дар воситаҳои ахбори омма интишорёфта: анъанавӣ (нашрияҳои чопӣ), электронӣ, гӯё, маҷозӣ, таъмини амният ва истифодабарии дарозмуддати фонди эҳтиётии ҳуҷҷатҳои электронӣ (микрофилмҳо, микрофишаҳо, микрочиптаҳо, дискҳои оптикии гуногунҳаҷм, маъхазҳои компютерӣ, саҳифаи интернетӣ ва дигар навъҳои воситаҳои электронӣ) мавҷудбуда;

– гирдоварӣ, мураттабсозӣ, феҳристнигорӣ, ҳифз, коркарди илмӣ ва нигаҳдории маҷмӯи пурраи ҳуҷҷатҳои расмии давлатӣ ва асноди марбут ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– гирдоварӣ ва феҳристнигории мақолаву асарҳо, суҳбату вохӯриҳо ва паёму суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– омода, таҳия ва нашри дастурҳои мавзӯӣ ва соҳавӣ дар бораи фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– иштирок ҷиҳати баҳисобгирии библиографияи давлатии ҳуҷҷатҳои ватанӣ, созмон додани манбаъҳои библиографӣ, рефератӣ, иттилооти таҳлилию тафсирӣ;

– коркарди илмӣ ва дастёбӣ ба фондҳои китобхонаҳо тавассути низоми феҳристҳо (каталогҳо) дар навъҳои гуногуни воситаҳои муосири сабти иттилоот (маъхазҳои барномаҳои компютерӣ, микрочиптаҳо, дискҳои оптикӣ, саҳифаи интернет).

Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ҳашт воҳиди корӣ буда, аз сардор, муовини сардор, 3 сармутахассис ва 3 мутахассиси пешбар иборат аст. Кормандони Медиатека аз саҳифаҳои нашрияҳои даврӣ, ғайридаврӣ ва давомдор, аз сомонаҳои иҷтимоӣ маълумот доир ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, ӯзбекӣ ва арабӣ ҷамъоварӣ менамоянд. Ҳамзамон, ташкил ва таъсиси фонди аудио-видеоии Медиатека, таҳияи наворҳои видеоӣ ва китобҳои гўёи Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз вазифаҳои калидии Медиатека мебошад.

Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.08.2022, №423 Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯйхати гирандагони нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо дохил гардидааст. Дар асоси қарори мазкур Медиатека бо нашрияҳои вилоятҳо, ноҳияҳо ва ноҳияҳои тобеи марказ ҳамкорӣ намуда, ба махзани Медиатека ҳамчун гирандаи нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо аз тамоми нашрияҳои ҷумҳурӣ китоб, рӯзнома ва маҷалла ворид мегардад.

Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон китобҳои “Ормони миллат: Роғун – бузургтарин сарбанди асри нав” (Феҳристи адабиёт) ва силсилаи китоби “Инъикоси фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” (2019-2021), (Феҳристи адабиёт) таҳия ва нашр намудааст. Инчунин, силсилаи китобҳои “Инъикоси фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзномаи “Народная газета” (1992-1997), “Инъикоси фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзномаи “Садои мардум” (1992-1997), “Феҳристи маҷаллаи Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (1993-2003) таҳия намудааст. Иқдоми мазкур дар оянда ба нақшаи фаъолияти Медиатека ворид гардидааст.

Инчунин, дар оянда Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст ҳамкории зич бо “Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон”, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, “Анҷумани форсизабонон “Пайванд” роҳандозӣ намуда, баҳри фаъолияти пурсамар саҳми арзандаи худро гузорад.

Сардори Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манонзода А.

Тел.: 221-32-91
Соати корӣ: 800-1700
Рӯзҳои истироҳат: шанбе ва якшанбе