Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2012 бо мақсади фароҳам овардани фонди лоҳидаи ҳуҷҷатҳои расмии давлатӣ ва асноди марбут ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис гардидааст.

Вазифаи асосии Медиатека:

– бунёди фонди алоҳидаи ҳуҷҷатҳои расмии давлатии дар воситаҳои ахбори омма интишорёфта: анъанавӣ (нашрияҳои чопӣ), электронӣ, гӯё, маҷозӣ, таъмини амният ва истифодабарии дарозмуддати фонди эҳтиётии ҳуҷҷатҳои дар ҳомили электронӣ (микрофилмҳо, микрофишаҳо, микрочиптаҳо, дискҳои оптикии гуногунҳаҷм, маъхазҳои компютерӣ, саҳифаи интернетӣ ва дигар навъҳои воситаҳои электронӣ) мавҷудбуда;

– гирдоварӣ, мураттабсозӣ, феҳристнигорӣ, ҳифз, коркарди илмӣ ва нигаҳдории маҷмӯи пурраи ҳуҷҷатҳои расмии давлатӣ ва асноди марбут ба фаъолияти Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– гирдоварӣ ва феҳристнигории мақолаву асарҳо, суҳбату вохӯриҳо ва паёму суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– омода, таҳия ва нашри дастурҳои мавзӯӣ ва соҳавӣ дар бораи фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

–  иштирок ҷиҳати баҳисобгирии библиографияи давлатии ҳуҷҷатҳои ватанӣ, созмон додани манбаъҳои библиографӣ, рефератӣ, иттилоотӣ-таҳлилию тафсирӣ;

– коркарди илмӣ ва дастёбӣ ба фондҳои китобхонаҳо тавассути низоми феҳристҳо (каталогҳо) дар навъҳои гуногуни воситаҳои муосири сабти иттилоот (маъхазҳои барномаҳои компютерӣ, микрочиптаҳо, дискҳои оптикӣ, саҳифаи интернет).

 

Реҷаи корӣ:                                                                               аз 800 то 1700

Рӯзҳои корӣ:                                                                             аз душанбе то ҷумъа

Сардори Медиатека:                                                              Аҳмадова Нуқра Турақуловна

Tелефон:                                                                                    221-32-91