Меҳмонхонаи “Серена” базмгоҳи кӯдакон буд…

Меҳмонхонаи “Серена” Шӯъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдаконро дар меҳмонхонаи “Серена” таҷлил кард. Дар он муовини директори Китобхонаи миллӣ Ҷалолуддин Нурзода ҳузур дошт ва кӯдаконро ба ин рӯзашон табрик намуда, барояшон тансиҳатӣ, иқболи баланд, хониши хуб ва кулли хушиҳои рузгорро таманно намуд.

Сарпарасти маҳфил ширкати  Rukh agansy буда, Субҳон Ҷалилов ровии соҳибистеъдод ва маъруф гардонандаи ин ҷашн буд. Аҳли ҳунару мусиқӣ бо барномаҳои зебои ҳунарӣ маҳфили кӯдаконро гарм намуданд. Дар ин ҷашн барои наврасону кӯдакон тӯҳфаҳои ҷолибу арзанда ва шириниҳову нӯшокиҳои сарду ташнагишикан ва анвои ғизоҳо пешкаш гардид.

Кӯдакон имкон ёфтанд дар  рӯзи идашон ҳамчунин бо қаҳрамонҳои филмҳои тасвирии дӯстдоштаашон аз наздик вохӯрданд ва бо онҳо рақсу бозӣ намоянд.

Меҳмонхонаи СеренаДар ин рӯзи ҷашни чанде аз фаъолон барои саҳми арзандаашон бо сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Хурдтаракон дар васфи модару сулҳи пойдор шеърҳо қироат намуданд.

Маҳфилро аксбардорону шабакаҳои телевизионӣ инъикос намуданд.

Раҳима Аъзам, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.