Меҳмонони хориҷӣ дар Китобхонаи миллӣ. Кистанд онҳо?

Меҳмонони хориҷӣДар шумори онҳое, ки бори аввал ба  Китобхонаи миллӣ меоянд ва бо сайру саёҳат аз он дидан мекунанд, гардишгарони хориҷӣ низ кам нестанд.  Тибқи омори шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангии Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи октябри соли ҷорӣ 216-нафар сайёҳон вориди Китобхона шуда, бо шароити он аз наздик ошно шудаанд.

Бештари онҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Эрон буданд, ки табиатан ба китобу китобдорӣ алоқамандии қавӣ доранд. Бино ба ҳамин омор шумори хориҷиёне, ки моҳи октябр аз Китобхонаи миллӣ дидан карданд, дар қиёс ба моҳи октябри соли гузашта (83 нафар) 113 нафар зиёд буд.

Гардишгарони хориҷӣ бештар ба толорҳои хониш ва осорхонаи китоб таваҷҷуҳ мекунанд. Барояшон мароқангез аст бидонанд, ки хидматрасониҳо дар Китобхона дар кадом сатҳ аст. Хонандагон дар кадом шароит аз имкониятҳои Китобхона истифода мекунанд. Толори хониши электронӣ чӣ шароите дорад ва оё хонанда имкон дорад кулли маводи зарурӣ ва мавриди ниёзашро пайдо кунанд.

Китобхона дорои чӣ миқдор китоб аст ва аз кадом сарчашмаҳо ғанӣ мешавад?

Сайёҳон аз таърихи бунёди бинои нави Китобхона суол мекунанд, аз гузаштаи он мепурсанд, дар мавриди китобу китобдорӣ ва собиқаи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дархост мекунанд.

Кунҷкобии сайёҳон боис мешавад, ки масъулини сайру сайёҳат дар Китобхона пайваста омӯзанд, сатҳи дониши худро боло баранд, то ба суолҳои онҳо тавонанд посухҳои равшану дақиқ диҳанд.

Абдуғаюр Саломов, сардори шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.