Меҳмонони Конфронс аз Китобхонаи миллӣ дидан намуданд

Китобхонаи милии Тоҷикистон мизбони меҳмонони зиёди дохиливу хориҷӣ дар конфронси байналмиллалӣ бахшида ба 815-солагии бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ буд. Пас аз фарҷоми конфронс меҳмонон аз Қазоқистону Ўзбекистон ба сайёҳати Китобхонаи мииллӣ пардохтанд ва аз хидматрасониву шароити хуб, толорҳои барҳавову босафо ва зебову имконоти муосир хушҳол гардиданд.

Ҳангоми вуруд ба толорҳои хониш онҳо бо хонандагон низ ҳамсуҳбат шудаву дар бораи шароити китобхона ва сатҳи хидматрасониҳо пурсон шуданд.

Бахусус нақошии бузурги Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзалӣ Шарифӣ бо номи «Аз давра ба давра…», ки бозгўкунандаи таърихи чандҳазорсолаи миллати мост, меҳмононро ҳайратзада намуд.

Меҳмонон инчунин аз намоиши китоб бахшида ба гиромидошти Рӯзи Мавлоно ташкил шуда буд, дидан намуданд ва бо китобҳое ошно шуданд, ки дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он аз Мавлоно ва дар бораи Мавлоно бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, туркӣ чоп шуда буданд. Як бахши муҳими ин намоишро китобҳои нодири фонди дастхатҳо ташкил медод.

Онҳо ҳамчунин бо дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхона, Осорхонаи китоб, толорҳои хониш ва шуъбаҳои дигари он шинос шуданд.

Иттифоқан дар ин рӯз бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ дар ошёнаи дуюми Китобхона намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуда буд, ки бо истифода аз фурсати муносиб меҳмонон аз он низ дидан намуданд.

Маврид ба ёдоварист, ки дирӯз, сешанбе, 27-уми август дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон  бахшида ба 815 – солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо ширкати ҷамъе аз донишмандони ватаниву хориҷӣ Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ багрузор шуда буд.

Раҳима Бобоева, шуъбаи тарѓиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.

 

ДАР БОРАИ ИН КОНФРОНС ИН МАТОЛИБРО НИЗ МЕТАВОНЕД БИХОНЕД:

·МАВЗЎИ ИШҚ ВА ВОҚЕИЯТИ ОН ДАР АШЪОРИ МАВЛОНО ҶАЛОЛУДДИНИ БАЛХӢ.

·Хуршед Зиёӣ. Мақоми ақл ва илму дониш дар таълимоти Мавлоно

·Муҳаммаддовуд Саломиён. Вижагиҳои маъноии воҳидҳои фразеологӣ дар ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

· Аламхон Кӯчарзода. Дар шинохти шахсияти Мавлонои Балхӣ